Май 03, 2017 11:45 Asia/Dushanbe
  • Сафари Имом Ризо (а) аз Аҳвоз то Язд ва Машҳад

Гузоришҳои мустанаде, ки аз ҳаракати Имом Ризо (а) дар ихтиёр аст, тавассути ровиёни мувассақе чун Абусалти Ҳиравӣ сабт шуда аст.

Соли 200 ҳиҷрии қамарӣ буд, ки Имом Ризо (а)маҷбур шуд ба Марв азимат кунад. Замоне ки МаъмунИмомро ба ин сафар маҷбур кард, тасаввур намекард, ки Имом пас аз тайи масире сахт бо истиқболи густарда мувоҷеҳ шуда ва маҳали азимати эшон ба қутби маънавӣ ва маърифатӣ табдил шавад. Сафари Имом Ризо (а)аз Мадина то Марв ба 5 бахш тақсим мешавад: Аз мадина то Басра, аз Басра то Форс, аз Форс то Язд, аз Язд то Хуросон ва дар ниҳоят Хуросон.

Оғози сафар

Ду тан аз маъмурониМаъмунба номҳои Раҷоъ ибни Заҳҳок ва Ёсир Ходим ба ҳамроҳи номае дастур доштанд Имомро барои интиқол аз Мадина ба мақари ҳукуматӣ ҳамроҳӣ кунанд. Он ду ба манзили Имом рафтанд ва номаиМаъмунро ба ҳазрат таслим карданд. Имом бо фиристодагони Маъмун сухане нагуфт, бо нороҳатӣ номаро хонд ва бино ба масолеҳи он рӯз, пешниҳодиМаъмунро пазируфт ва омодаи сафар шуд. Эшон пеш аз рафтан, дар чанд навбат, канори марқади Паёмбар (с) рафтанд ва бо гиряе баланд, нигаронӣ ва норизоятии худро аз ин сафар нишон доданд. Иқдоми дигаре, ки қабл аз азимат анҷом доданд, эъломи имомати Имом Ҷавод (а)ва видоъ бо хонавода буд.

Дар ғурбат мемирам

Шайх Садуқ дар китоби "Уюну ахбор-ур-Ризо" ба санади худ аз Муҳаввали Сиистонӣ нақл карда аст, ки гуфт: Чун пайк барои ҳаракат додани Имом Ризо(а)ба Хуросон, вориди Мадина шуд, ман дар он шаҳр будам. Пас Имом Ризо(а)ба масҷиди Расулуллоҳ (с) омад, то бо он ҳазрат худоҳофизӣ кунад. Дар ҳар бор он ҳазрат ба сӯи қабр бозмегаштва садояш ба гиря баланд мешуд. Ба он ҳазрат наздик шудам ва бар ӯ салом гуфтам. Ӯ низ саломамро посух гуфт. Ба вай табрик гуфтам. Вай фармуд: Маро раҳо кун. Ман аз ҷавори ҷаддам, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, берун мешавам ва дар ғурбат мемирам.

Манобеи таърихӣ ва аввалия, оғози ҳаракати Имом Ризоро аз Мадина ба Басра зикр кардаанд. Аммо баъзе манобеъ низ навиштаанд: Ҳазрат ибтидо ба Макка рафта ва дар ин сафар Имом Ҷавод (а) низ ҳамроҳи эшон буда аст. Имом бо Хонаи Худо видоъ карда ва сипас аз Макка ба сафар идома додаанд.

Аз Басра то Аҳвоз

Маъмунон Ҳазратро аз омадан аз роҳи Куфа ва Қум манъ карда буд, чун медонист шумори ҳаводоронаш дар онҷо бисёр аст ва бим дошт, ки мардуми ин ду шаҳр ба сӯион ҳазрат оянд ва ба гирдаш ҷамъ шаванд. Аз он ҳазрат хост, ки аз роҳи Басра ва Аҳвоз ва Форс, яъне Шероз ва ҳудуди он шаҳр озими Хуросон шавад. Аз Диёри араб (Ироқ) то Хузистон ду роҳ вуҷуд дорад. Яке аз Бағдод ба Восит ва аз Восит ба Хузистон ва роҳи дигар аз Басра ба Хузистон, ки кӯтоҳтаринроҳ ва фосилаи миёни Эрон ва Ироқи он рӯз маҳсуб мешуд.

Се буқъа ба номи Имом Ризо дар Шуштар, ду буқъа ба номи Шохуросон (Шоҳи Хуросон) дар Дизфул ва Шуштар ва ду буқъаи дигар ба номҳои Имоми зомин вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад, маҳали убури Имом Ризо (а)ин шаҳрҳо буда аст.

Аз Аҳвоз то Форс

Дар бораи хуруҷи Имом аз Аҳвоз хабари дақиқе вуҷуд дорад, ки Имом аз пули Арбақ ё Арбак убур кардаанд. Дар идомаи масири пули Арбак дар шаҳри Беҳбаҳон қадамгоҳемавсум ба қадамгоҳи Имом Ризо (а) аст, ки масири Имомро равшан мекунад. Қадамгоҳи баъдӣ, ки дар манобеи таърихии маҳаллӣ аз он ёд шуда, шаҳри Абарқу ё Абаркӯҳаст, ки дар поёни ҷодаи шимолии Шероз ба шаҳри Язд қарор дорад. Манобеи таърихӣ иттило медиҳанд, ки Имом Ризо(а) аз Аҳвоз ва аз тариқи Форс ва на шаҳри Шероз ба самти Хуросон рафтаанд.

Аз Форс то Язд

Язд дар қарни дувуми исломӣ на як шаҳр, балки як минтақаи биёбонӣ буд ва дар манобеи таърихӣ ба сароҳат номе аз Язд ба миён наомадааст. Танҳо убури Имом аз як кавир ва ё биёбон зикр шуда аст, ки баъзе муътақиданд, Имом Ризо (а) тайи масираш вориди шаҳри Қум шуда ва дар манзили яке аз аҳолии ин шаҳр манзил кардаанд, ки ин макон имрӯза ба мадрасаи Разавия ё Маъмурияшӯҳрат ёфтааст.

Аммо Маъмунгузари Имом аз шаҳрҳои маҳали таҷаммуъи шиъаёнро мамнӯъ карда буд. Бинобар ин, ҳузури Имом дар ин шаҳр санади муҳкаме надорад. Шайх Садуқ дар китоби "Уюну ахбор-ур-Ризо" ба санади худ азРаҷоъ ибни Абузаҳҳок нақл карда аст, ки гуфт: Маъмун маро маъмури овардани Алӣ ибни Мусо ар-Ризо (а)аз Мадина кард. Ва ба ман дастур дод ки вайро аз роҳи Басра ва Аҳвоз ва Форс биоварам, на аз роҳи Қум. Ва низ фармон дод, ки шабонарӯз аз вай муҳофизат кунам то ӯро назди Маъмун бибрам. Бинобар ин, ман аз Мадина то Марв, ҳамроҳи Алӣ ибни Мусо ар-Ризо (а) будам.

Аз Язд то Хуросон

Дар гузоришҳои Шайх Садуқ масири ҳаракати баъдии Имом Ризо (а)устони Хуросон ва шаҳри Найшобур қайд шуда аст. Муҳимтарин ва муътабартарин гузорише, ки аз таваққуфи он ҳазрат дар Найшобур забт шуда, ривояти Абдуссалом ибни Солеҳ Абусалти Ҳиравӣ аст, ки ҳадиси машҳур ва маъруфи "Силсилатуззаҳаб"-ро аз Имом Ризо дар Найшобур нақл мекунад. Чашмаи Каҳлон, ки Имом дар он ғусл карда ва дар канори ҳавзи он ба намоз истодаанд ва ҳамчунин қадамгоҳи Найшобур дар 24-километрии он шаҳр, ёдгорҳои мустанад ва далолаткунанда ба ҳузури Имом Ризо дар ин шаҳр аст. Имом Ризо пас аз Найшобур ба Тус, Деҳсурх ва Кӯҳсангӣ сафар кардаанд.

Корвони Имом Ризо(а)аз работи Саъд хориҷ шуд ва ба сӯи Деҳсурх ҳаракат кард. Дар онҷо ба ҳазрат арз карданд: Зуҳр шуда аст. Оё намоз нахонем? Имом Ризо пиёда шуд ва фармуд: Бароям об биёваред. Гуфтанд: Об надорем. Он ҳазрат бо даст хокҳои қисмате аз заминро канор зад ва чашмае падидор шуд. Сипас ҳазрат ва ҳамроҳон аз оби чашма вузу гирифтанд. Он чашма ва он маҳал акнун дар Деҳсурх ба номи "Чашмаи Ризо"маъруф аст, ки дар он ҷо намоз мехонанд ва оби онро барои табаррук мебаранд. Дар Кӯҳсангӣ, Имом баракати ин ноҳияро, ки аз он дегҳо ва зарфҳои сангӣ метарошиданд, талаб карданд.

Нақл шудааст, ки корвон аз Деҳсурх ҳаракат кард ва ба рустои Санообод расид. Дар онҷо куҳе буд, ки аз санги он дег месохтанд. Имом Ризо (а)ба он кӯҳ такя дод ва фармуд: Худовандо! Ин кӯҳ ва ончӣ аз он сохта мешавадро боиси манфиат қарор деҳ ва ба ҳар чӣ дар ин дегҳо пухта мешавад баракат деҳ".

Аз санги он кӯҳ барои ҳазрат деге сохтанд ва Имом Ризо(а)фармуд: Ғизои маро дар ғайри ин дег напазед.

Ҳоло беш аз ҳазору ва дувист сол аст ки аз санги он кӯҳ зарфҳои мухталиф месозанд.

 

 

Барчасп