Май 28, 2017 11:24 Asia/Dushanbe
  • Моҳи Рамазон ва диабетиҳо

Яке аз пурсишҳои роиҷи бисёре аз беморони диабетӣ (касалии қанд) тавоноии онон барои рузадорӣ ва хатарҳои эҳтимолии рӯза бар бемории онон аст.

Аз тарафи  дигар ҳамзамон  шудани Рамазон ва тобистон муҷиби  тулонӣ шудани  замони рӯзадорӣ шудааст ва ин мавзӯъ метавонад  дар бархе беморон мушиклотеро эҷод кунад, ки дар ин баҳс ба онҳо пардохта мешавад.

Дар афроди диабетӣ ба далели камбуд ва ё камасар будани инсулин раванди захирасозии қандҳо дучори камбудӣ  аст.Ин камбудӣ бахусус дар диабетиҳои навъи як ва ду, ки муддатҳо тул кашида бошад ошкортар аст ва метавонад дар замони гуруснагӣ ба суръат боиси коҳиши   қанд ва осебпазирии ҳуҷайраҳои   мағзӣ шавад.

Дар бисёре аз диабетиҳо раванди  эҷоди   глюкагона и адреналина низ дучори халал аст. Ин гармонҳо омили аслии тавлиди глукоз ё ҳамон қанди хун дар ҳини гуруснагӣ аст ва ба ин тартиб эҳтимоли уфти  қанди хун дар ҳини рӯзадорӣ дар беморони диабетӣ бештар аз афроди  солим аст ва бемор баъд аз чанд соат гуруснагӣ мумкин аст дучори аз даст додани  ҳушёрӣ шавад.

Дар идомаи ин баҳс чанд маврид ба унвони тавсияҳои  корбурдӣ барои ҳифзи саломатӣ дар ҳини рӯзадорӣ зикр  мешавад:

1-Дар мавриди беморон бо диабети сабук  ва таҳти контрол(қанди хуни ношто камтар аз 130 ва баъд аз ғизо камтар аз 180); ҳатто агар ин гуруҳ  аз беморон доруҳое монанди метформин  бихуранд дар сурате, ки бемории сахти дигаре надошта бошанд ва ба шарти ин ки  дар тули  рӯз маҷбур ба  фаолияти баданӣ набошанд хатари рӯзадорӣ кам аст.

2- Дар мавриди  беморони диабетӣ, ки синни боло доранд бахусус агар танҳо зиндагӣ мекунанд  ва ононе, ки бемориҳои ҳамзамони дигаре монанди  фишори хун ё бемории дил ва шуш  доранд хатари рӯзадорӣ болост. Агар  қанди хуни бемор  ба ҳар далеле таҳти контрол набошад ва мутавассити қанди хун дар ҳадди 150 то 300 бошад низ хатари ин ки  бемор ҳини рӯзадорӣ бадҳол шавад зиёд аст.

3- Дар мавриди бемороне, ки  барои контроли  диабет аз инсулин ё глибенкламид истифода мекунанд дар ҳини рӯзадорӣ  хатари эҷоди  коҳиши   қанди хун зиёд аст. Ин беморон бахусус вақте аз доруҳои  оромбахш истифода мекунанд ё дучори норасоии гурда  шудаанд мумкин аст бидуни  ин ки мутаваҷҷеҳ шаванд дучори коҳиши  қанди хун шуда ва осебҳои  мағзии ҷуброннопазир пайдо кунанд.

4- Аз дигар беморони диабетӣ, ки рӯзадорӣ барои  онҳо бисёр хатарнок аст чанд мавридро метавон зикр кард:

Бемороне,ки дучори диабети  навъи як ҳастанд. Беморони диабетӣ, ки бордориро таҷруба мекунанд. Диабетиҳое, ки маҷбуранд кори сахти баданӣ анҷом диҳанд. Диабетиҳое, ки диализ мешаванд. Беморони диабетӣ, ки ҳамзамон дучори наъе бемории вазнин  ҳастанд ва бемороне, ки дар моҳҳои ахир ҳамлаи(приступ)  коҳиши  қанди хун доштаанд.

 

Барчасп