Меваи биҳиштии ангур
Ангур мевае аст, ки дар саросари нуқоти ҷаҳон дида мешавад ва афроди бисёреро маҷзӯби таъми ширин ва лазизи худ карда аст.
79 дарсади ангурро об ташкил медиҳад ва дорои қандҳои мухталиф, имлоҳи маъданӣ, аносур ва таркибот судманд аст.
Имом Муҳаммади Боқир (ъ) фармудаанд: " Чаҳор мева аз меваҳои биҳишт ҳастанд: Ангур, хуро, анор ва себ. " Дар солҳои ахир муҳаққиқон дар ангури қирмиз модаии шимиёӣ кашф кардаанд, ки асароти хориқулъодае бар саломати қалб мегузорад ва боиси афзоиши тӯли умр ва кунд шудани фароянди пирӣ дар бадан мешавад.
Дар ангур витаминҳои муфид аз ҷумла A, B, C ва флезоте чуни Калий, магний, оҳан, ёд ва фасфор вуҷуд дорад. Қанди мавҷуд дар ангур ба роҳатӣ ва бидуни ҳеч гуна тағйире вориди хун шуда ва ҷазб мешавад ва аз қандҳои муфид аст.
Дар 11 оят аз Қуръон ба ангӯр ишора шуда аст. Худованд бо васфи меваҳои биҳиштӣ барои парҳезгорон аз ангур ба унвони ризқи некӯ ёд мекунад. Дар оёти 31 ва 32 сӯраи Наба мефармояд: " Мусаламан барои парҳезгорон наҷот ва пирӯзии бузурге аст: "Боғҳои сарсабз ва анвоъи ангур".
Паёмбари Ислом ва имомон аз аҳлбайти он ҳазрат, дар хусӯси тағзия ва саломатӣ нукоти арзишмандеро матраҳ кардаанд ва мардумро ба хурдани ғазо ва меваҳои хосс ташвиқ намудаанд. Ба унвони мисол, имоми Алӣ (ъ) дар бораи ангур мефармояд: "Ангур ҳам мева аст ва ҳам ғазо, ҳамчунин ҳалвои ширин ва хушмазае аст." Дар ин гуфта, эшон ангурро на фақат ба унвони меваи судманд, балки онро як ғазои комил муаррифӣ мекунанд.
Имом Ризо (ъ) аз падарони бузургвораш нақл мефармоянд, ки Расули Худо (с) фармуданд: "Ангурро дона-дона бихуред, ки гуворо ва ҳазмкунанда аст". Имом Ризо (ъ) ҳамчунин дар ин дар бора аз ҳазрати Алӣ (ъ) нақл мефармояд, ки эшони нонро бо ангӯр мехурданд.
Пизишкон ва мутахассисони тағзия хурмо, ангӯр ва ҳатто кишмишро як ғазои комил медонанд, ки ниёзҳои зарурии баданро таъмин мекунад.Ин гурӯҳ аз меваҳо пас аз масраф ба суръат ҷазби хун мешаванд, қанд ва энержии мавриди ниёзро ба бадан мерасонанд. Бинобар ин инсон бо хурдани ҳаҷми каме аз ангӯр, энержии фаровонеро барои фаъолиятҳои ҷисмӣ ва руҳӣ ба даст меоварад.
Фавоиди ангур бе шумор аст, ки дар инҷо бархе аз онҳоро барои шумо зикр мекунем. Ангур таъсироти равонии хориқулъодае дорад ва зидди афсурдагӣ аст. Ин мева дар зудудани ғам ва андӯҳ ва рафъи стресс ва изтироб массир аст. Дар ривоёти исломӣ омада аст, ки пас аз воқеаи тӯфони Нуҳ (ъ) ҳангоме, ки об фурӯнишаст ва устухонҳои мурдагон падидор шуд, ҳазрати Нуҳ (ъ) бисёр андуҳгин ва ғамгин шуд. Худованд ба ӯ ваҳӣ фиристод, ки ангури сиёҳ бихур то ғам ва андӯҳаш бартараф шавад.
Ҳар қадар муддатзамони хушк шудани ангур тӯлонитар бошад, маводи муғазии он бештар хоҳад буд ва арзиши ғазоии кишмише, ки ба сурати табии хушк шуда аст бештар аз шакли санъатии он аст. Барои кишмиш фавоиди бешуморе зикр шуда аст. Кишмиш беш аз ангур дар бадан энержӣ тавлид мекунад.
Имом Ризо (ъ) мефармояд, ки ҳазрати Алӣ (ъ) фармӯданд : "Рӯзи якшанбе, рӯзи сохтан ва коштан аст, ҳар кас мехоҳад ба ҳофизааш афзуда шавад субҳгоҳон дар ҳолати ношто ҳафт мисқол мавиз бихурад".
Ангур фаровардаи дигаре низ дорад, ки дар Ислом хурдани он гуноҳи бузург шумурда мешавад. Ин фароварда шароб аст, ки илова бар эҷоди беморҳои ҷисмӣ, фардро дучори ихтилолоти фикрӣ, равонӣ ва шахсиятӣ мекунад. Аз назари дини Ислом, фарди шаробхор ба анҷоми рафтори ғайри ахлоқӣ ва ҷиноятгароиши фаровон дорад. Лизо хурдани он ба шиддат наҳй шуда аст.