Июл 19, 2017 10:09 Asia/Dushanbe
  • Исфиноҷ ё тиллои

Ду навъи исфиноҷ вуҷуд дорад ки ба номи тирамоҳӣ ва баҳорӣ номида мешаванд.

Исфиноҷи баҳорӣ   дар фасли баҳор кошта мешавад ва ба исфиноҷи англисӣ маъруф аст. Навъи тирамоҳии он, ки ба хоки бисёр ғанӣ эҳтиёҷ дорад  дар тирамоҳ кошта мешавад ва чун дорои  маводи ғизоии фаровоне аст имрӯза дар тамоми нуқоти дунё кишти он маъмулӣ аст.

Ҳамчунин миқдори зиёди оҳан, калсий, натрий, калий, йод, мис, магний, лецитин, хлорофилл, каротин, кислота дорад ва ба иллати доштани магний пеши рушди  саратонро мегирад.

Исфиноҷ дар бемориҳои мисли варами рудаи  майда ва варами шушҳо, хунук кардан ва поин оварандаи сатҳи  таб, рафъи ташнагӣ, ҳамчунин пешгирӣ аз саратони рудаи  бузург, меъда, ҳанҷара, раҳим ва поин оварандаи халестрини   хун  асаргузор   аст. Исфиноҷ теъдоди глобенҳои  сурхи хунро афзоиш медиҳад ва беҳтарин дору барои касоне, ки мубтало ба камхунӣ ҳастанд  монанди ҷоруб  рудаи  бузургро тоза  мекунад,  тарашуҳоти халтаи зери меъдаро афзоиш медиҳад.

Ревматизм ва нақрис(падагра)- ро дармон мекунад ва  баданро солим  ва юбусатро бартараф мекунад. Ҳамчунин ба далели доштани модае ба номи аспинасин  ҳазми ғизоро зудтар мекунад. Ин мода боъиси  таҳрики меъда ва афзоиши  тарашуҳоти он мешавад ва барои лоғар  шудан ва кам кардани вазн муфид буда ва ҳамчунин сабзии муфиде барои тақвияти асаб аст.

Барчасп