Сентябр 03, 2017 09:13 Asia/Dushanbe
  • Чанд  моддаи ғизоӣ, ки набояд дар режими ғизоии кудак бошад

Пизишкон тавсия мекунанд ки баъд аз 6-моҳагӣ бояд додани хуроки такмилӣ барои навзодон оғоз шавад; ба тавре, ки кудак то як солагӣ битавонад мисли дигар аъзои хонавода аз ғизоҳои руи дастархон истифода кунад. Аммо хурокхурии нодурусти навзодон мушкилоти бисёреро ҳам дар кудакӣ ва ҳам дар калонсолӣ барои онҳо эҷод хоҳад кард .

Аъзои ҳозимаи  навзоди ширхор   ба андозаи кофӣ  калон нест ва тағйири режими ғизоии кудак баъд аз 6 моҳагӣ    бояд оҳиста-оҳиста  ва бо як раванди кунд сурат бигирад.  

 То пеш аз 6  моҳагӣ шири модар посухгуи   ниёзи  ширхори дарҳоли  рушд аст ва аз ҳеч  моддаи ғизоӣ ба унвони ғизои   кумакӣ  набояд истифода шавад.  

 Шири гов, клубника , фундук, боқилаҷон,  памидор,  асал, донагиҳо ба ғайр аз адас   ва сафедии   тухм набояд дар режими ғизоии навзод то пеш аз як солагӣ  истифода шавад.  

 Ҳассосиятҳои пустии густарда, хунрезии аъзои ҳозима , камбуди оҳан, камхунӣ ва дамиш ё дилпечии   навзод аз чумлаи зарарҳои  хурокхурии  нодурусти ширхорон аст .

Албатта  баъзе аз бемориҳо дар калонсолӣ   масалан диабети навъи як ва MS ё склероз   низ мумкин аст ба тарзи   хурокхурии шахс дар даврони кудакӣ марбут бошад.  

Барчасп