Ду омили муҳим барои коҳиши шамолхурдагӣ
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i22863-Ду_омили_муҳим_барои_коҳиши_шамолхурдагӣ
Хуроки муносиб ба вижа хурдани меваҳо, кабудиҳо ва ҳамчунин варзиши муназзами рӯзона хатари шамолхурдагиро то 50 дарсад коҳиш медиҳад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 11, 2017 12:13 Asia/Dushanbe
  • Ду омили муҳим барои коҳиши шамолхурдагӣ

Хуроки муносиб ба вижа хурдани меваҳо, кабудиҳо ва ҳамчунин варзиши муназзами рӯзона хатари шамолхурдагиро то 50 дарсад коҳиш медиҳад.

 Шамолхурдагӣ (сармохурдагӣ ё зуком) як бемории бисёр  паҳншаванда дар байни афроди ҷомеъа аст, ки дар тамоми фаслҳои сол ба вижа тирамоҳ  ва зимистон бештар ривоҷ пайдо мекунад.

 Ашхоси  болиғ дар тайи сол ба таври миёна  ҳудуди  2 то 5 бор дучори шамолхурдагӣ ва албатта кудакон ба мизони бештар дучори ин беморӣ мешаванд.

 Хуроки  муносиб ба вижа хурдани меваҳо, кабудиҳо ва ҳамчунин варзиши муназзами рузона, ду роҳкори муасире аст, ки хатари шамолхурдагиро то 50 дарсад коҳиш медиҳад .

 Бар асоси натиҷаи пажуҳишҳо, варзиш ва анҷоми фаъолиятҳои баданӣ  муҷиби тақвияти системаи эминии бадан шуда ва аз ин тариқ ба муқовимати бадан дар муқобили вирусҳо кумак мекунад.  Дар маҷмуъ  афроде ки ба таври муназзам варзиш мекунанд, камтар аз дигарон сармо мехуранд ва дар сурати дучор шудан ба беморӣ  шиддат ва тули давраи беморӣ дар онҳо камтар хоҳад буд.