Октябр 21, 2017 09:46 Asia/Dushanbe
  • Хурокиҳо дар хонаводаҳои пурстресс

Стресс ва нигаронӣ метавонад таъсири фаровоне бар хулқу хуи волидайн бигзорад .

Ин таъсир ҳам ба лиҳози тарбиятӣ , ҳам ба лиҳози чигунагии парвариш ва хуроки  кудак  метавонад асари манфӣ дошта бошад.

Ҳамчунин кудаконе,ки падару  модари онҳо дучори стресси бештаре  будаанд,бештар  дучори фарбеҳӣ  дар синни кудакӣ мешаванд. Баррасиҳо нишон медиҳанд,ки изофавазнии кудакон агар дар синни хурдӣ  бо тағйири одати ғизоӣ ва назоратҳои  пизишкӣ бартараф  нашавад, метавонад сабабгори бемориҳои гуногуне  дар синни навҷавонӣ ва калонсолии шахс шавад.

 Пизишкон  муътақид ҳастанд,ки  волидайне, ки ба далилҳои  мухталиф  стресс доранд , маъмулан  замони муносибро сарфи омода кардани ғизои  муносиб барои хонаводаи худ  намекунанд.

 Ин хонаводаҳо ағлаб аз ғизоҳои консервӣ ва омода  истифода мекунанд, ки ба далели ҳаҷми зиёди калория  ва намаки мавҷуд дар онҳо метавонад сабаби афзоиши вазни кудак шавад.

Стресси волидайн  маъмулан ба кудакон  низ сироят мекунад ва боиси бетаҳаррукиву афсурдагӣ ва ба дунболи  он фарбеҳӣ дар кудакон мешавад .

Пизишкон дурӣ аз стресс ва додани ғизои  солим барои кудаконро ба волидайн  хеле тавсия мекунанд.

Барчасп