Нақши тағзия дар тарбият аз нигоҳи имом Ризо алайҳиссалом
Қуръон дар тавсияе куллӣ ба паёмбар (с) мефармояд:یَا أَیُّهَا الرُّسُلُ کُلُوا مِنَ الطَّیِّبَاتِ وَاعْمَلُوا صَالِحًا؛
Эй паёмбарон аз тайибот бихуред ва корҳои шоиста кунед. Ин оя амали солеҳро дар гарави тағзия аз тайибот медонад.
Дар ҷое дигар мефармояд:فلینظر الانسان الی طعامه؛
Эй инсон ба ғизои худ бингар, ки ин оя ҳам ҳикоят аз таъсиргузории тағзия бар рафторҳои инсон дорад.
Ва низ мефармояд:یا أَیّهَا النّاسُ کُلُوا مِمّا فِی اْلأَرْضِ حَلالاً طَیِّبًا وَ لا تَتّبِعُوا خُطُواتِ الشّیْطانِ؛
Эй мардум аз ончи дар замин аст, ҳалол ва покизаро бихуред ва аз гомҳои шайтонӣ пайравӣ накунед.
Тағзия ва хурок метавонад нақши басазоиро дар таквини нафаси инсон ва қувои идрокии ӯ ифо намояд. Дар ривоёти исломӣ ҳам ба сароҳат аз осори бархе аз ғизоҳо дар тақвияти ҳофиза ва издиёди ақл ё билъакс хабар додааст. Имом Ризо (алайҳиссалом) мефармояд:اِنَّ الخَلَّ یَشُدُّ الذِّهنَ وَ یَزیدُ فی العَقلِ؛
Сирка, зиҳни инсонро бештар ва ақлро зиёд мекунад.
Рафтор ва кирдори одамӣ ҳамвора аз тавони ҷисмии ӯ табаият мекунад ва фақр ва нодорӣ, ки худ омили сӯитағзия аст, метавонад коркардҳои баданро мухтал карда ва боиси бурузи рафторҳои ноҳанҷор шавад. Имом Ризо (а) дар мазаммати фақр мефармояд:المسکنة مفتاح البوس؛
Бенавоӣ калиди бадбахтӣ ва бечорагӣ аст.
Ҳамонтавр, ки ишора шуд, тағзия аз тайибот ва ғизоҳои ҳалол ҳамвора дар мутуни динӣ мавриди супориш қарор доштааст. Тағзия аз моле, ки тавассути касби ҳаром бадаст омада, осори бад ва ғайриқобили ҷуброне дар пай дорад. Имом Ризо (а) дар ҳадисе хурдани моли ятимро баробари куштани ӯ донистааст, чун ӯро ба гиребони туҳидастӣ ва бенавоӣ андохтааст.
Хурокҳои гуногун сӯхту сози баданро таҳти таъсир қарор медиҳад. Дар равоншиносии ҷадид низ тамаркуз ба мағз ва системаи асабӣ ниҳода шуда ва таъсироти зистӣ бар коркарди мағз мавриди тавваҷуҳ воқеъ шудааст. Аз ин рӯ тағзия, таъсироти таквинӣ бар нафс дорад, зеро нафс муртабит бо бадан аст ва қувои идрокии инсон таҳти таъсири он аст ва тағзияи ҳалол ва парҳез аз тағзия бо ончи ҳаром аст, низ бар тарбияти инсон муассир аст. Имом Ризо (а) мефармояд: Худои мутаол ҳеч хурданӣ ва нушиданиро ҷоиз накарда, магар ончи дар он суд ва салоҳе аст ва ҳеч чизеро мамнуъ накарда, магар ончи дар он зиён ва нобудӣ ва табоҳӣ будааст. Пас ҳарчи судманд ва тавонбахши ҷисм бошад ва ба бадани одамӣ нерӯ бидиҳад, ҳалол аст.
Яке аз мавориде, ки бар ахлоқи одамӣ ва рӯҳиёти равонии ӯ муассира аст, пурхурӣ ва зиёдаравӣ дар хурдан аст. Имом Ризо (а) дар ин замина мефармояд: Агар мардум дар хурдан ба кам басанда медоштанд, баданҳояшон солим буд.
Имом Ризо (а) ҳамчунин дар ин замина мефармояд: Бадан ҳамонанди замин пок ва омода барои зироат аст, ки агар дар ободонӣ ва обдиҳӣ ба он муроқибат шавад багунае, ки об на бештар аз ниёз ба он бирасад, то онро ғарқ кунад ва на аз андоза камтар бошад, то онро ба хушкӣ гирифтор созад, ободониаш истимрор меёбад ва хуррамиаш бештар мегардад ва кишти он баракат меёбад, аммо агар аз он ғифлат шавад, ба табоҳӣ мегарояд ва алафи ҳарз дар он мерӯяд. Бадан чунин ҳикояте дорад ва тадбири он дар хурок ва нушиданӣ чунин аст. Пас сомон ва саломат меёбад ва офият дар он реша мегустарад. Бингар, ки чи чиз бо ту ва бо меъдаат созгор аст ва тани ту бо чи чиз нерӯ мегирад ва чи хурданӣ ва нушидание барои баданат солимтар аст, ҳамонро барои хеш муқаррар бидор ва хуроки худ гир.
Дар сираи тарбиятӣ-беҳдоштии имом Ризо (а) илова бар тавваҷуҳ ба соири абъод, ба риояти беҳдошт, тағзияи солим ва низ авомили ғайримоддии муассир дар саломатӣ монанди садақа ва ақиқа тавваҷуҳи хос шудааст. Имом Ризо (а) ақиқа кардан барои писар ва духтар, номгузорӣ, тарошидани муйҳои сари навзод дар рӯзи ҳафтум ва муодили вазни муйҳо тилло ё нуқра садақа доданро лозим шумурда ва фармудаанд: Фарзандонатонро дар рӯзи ҳафтум хатна кунед, зеро хатна боиси покии бештар ва рушди сареътари онон мешавад. Он ҳазрат зимни тавваҷуҳ ба нукоти тарбиятӣ аз риояти нукоти тағзияӣ ғофил набуда ва ҳамвора ба тағзияи саҳеҳ супориш мекарданд. Яҳё Санъонӣ мегӯяд: Дар "Мино" бар ҳазрати Ризо (а) ворид шудам, дар ҳоле, ки Ҷавод (а) дар домони ҳазрат нишаста буд ва ҳазрат ба ӯ банан медод.
Ҳамонтавр, ки ишора шуд, дар ривоёт аз пурхурӣ наҳй шудааст, зеро касе, ки пурхурӣ мекунад, наметавонад ибодатро бо тавваҷуҳ ва ҳузур анҷом диҳад ва обиди ҳақиқӣ нест ва ғизои зиёд монеи ҳузур дар ибодат аст ва касе, ки обиди ҳақиқӣ аст ва муштоқи ибодат аст, ба камтарин миқдор ғизо иктифо мекунад, то дар ибодат муваффақ бошад. Аз ин рӯ, имом Ризо (а) мефармояд: Парҳез аз як чиз, вогузордани он нест. Парҳез аз як чиз танҳо кам хурдан аз он аст. Дар ҷое дигар мефармояд: Ҳеч чиз назди Худо манфуртар ва макруҳтар аз пурхурӣ нест.