Коҳиши вазн бо истеъмоли алоэ
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i27377-Коҳиши_вазн_бо_истеъмоли_алоэ
Аз малҳами часпноки алоэ (сабр) барои дармони буридагӣ, сухтагӣ ва уфунати пустӣ истифода мешавад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Декабр 25, 2017 09:59 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши вазн бо истеъмоли алоэ

Аз малҳами часпноки алоэ (сабр) барои дармони буридагӣ, сухтагӣ ва уфунати пустӣ истифода мешавад.

Ҳамчунин истеъмоли ҳаррӯзаи оби алоэ боиси коҳиш ва ҳифзи вазн мешавад. Моддаи муфиди мавҷуди он зиччии равғанро дар бадан коҳиш медиҳад.

Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии шабакаи Хабар, оби ин гиёҳ дорои мавод ва витаминҳои муфид барои бадан аст. Ҳамчунин дорои антиоксидҳои фаровон аст, ки заҳрро аз бадан дур мекунад. Ин гиёҳ саршор аз аминокислота ва кислотаҳои равған аст, ки барои саломати бадан муфид аст. Моддаи муфиди мавҷуд дар он бофт ё ҳуҷайраҳои осебдидаи баданро тармим мекунад.

 Бо гузашти замон дар бадан заҳрҳо ҷамъ мешаванд, ки ба осебдидагии пуст ва амалкарди номуносиби системаҳои дохилӣ мунҷар мешавад. Олудагии ҳаво, хурдани ғизои носолим, шеваи зиндагии носолим, истеъмоли духониёт (нос,сигарет ва бангу нашша) ва хурдани шароб аз омилҳои аслии ҷамъшавии заҳрҳо дар бадан аст. Маводи менералӣ(маъданӣ), антиоксидҳо ва витаминҳоии мавҷуд дар алоэ ба дур кардани заҳрҳо аз бадан кумак мекунад.

Алоэ хосияти зиддимикробӣ дорад, ки ба пок шудани дандон ва ласа (десна) кумак мекунад,бинобар ин ба унвони даҳоншуй ҳам амал мекунад ва монеъ аз буи бади даҳон мешавад, захми даҳонро беҳбуд мебахшад ва мушкили хунрезии ласаро коҳиш медиҳад. Илова бар ин бо тармими ҳуҷайраҳои осебдидаи пуст боиси зебоӣ ва шодобии пуст мешавад.

 Истеъмоли муназзами оби алоэ аломатҳои пириро коҳиш медиҳад ва зоҳири пустро ҷавонтару шодобтар мекунад.