Равишҳо барои коҳиши резиши муйи сар
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i32406-Равишҳо_барои_коҳиши_резиши_муйи_сар
Муҳаққиқон равишҳоеро барои коҳиши резиши муйи сар пешниҳод мекунанд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Апрел 09, 2018 09:48 Asia/Dushanbe
  • Равишҳо барои коҳиши резиши муйи сар

Муҳаққиқон равишҳоеро барои коҳиши резиши муйи сар пешниҳод мекунанд.

Мутолеот нишон дода аст афрод ба таври табиӣ рӯзона беш аз 100 тори муйро аз даст медиҳанд, аммо резиши беш аз андозаи он ба далели режими ғизоии носолим, стресс ва ё ҳатто ба далели генетикӣ аст.

Ба гузориши пойгоҳи итилорасонии шабакаи Хабар муҳаққиқони ҳиндӣ изҳор карданд: Афрод ба ҷои дармонҳои кимиёӣ метавонанд аз равишҳои табиии зайл барои дармони ин мушкил истифода кунанд:

-Сир(чиснок) ва пиёз дар коҳиши резиши муй асарбахш ҳастанд.

-Массаж кардани пусти сар ба муддати чанд дақиқа дар рӯз дар коҳиши ин мушкид таъсиргузор аст. Ин амал боиси таҳрики гардиши хун мешавад ва ба фаъол ва солим нигаҳ доштани фоликол кумак мекунад.

- Пусти сари худро бо истифода аз чанд қатра аз равғанҳои кунҷид, хардал (горчитса) ва ё бодом массаж кунед.

-Шустшуи сар бо чизҳое  оби сир, пиёз ва ё қаламфур( занҷабил) ва мондани он бар руи сар барои чанд соъат ва ё ба муддати як шаб ва сипас  шустшу бо об дар коҳиши резиши муи сар бисёр асарбахш аст.

-Шустшуи сар бо оби ширгарм низ монеъ аз резиши муи сар мешавад.

-Ҳамчунин стрессро дар худ коҳиш диҳед.