Мустаҳабботи рӯзи ҷумъа дар "Тибб-ур-Ризо"
(last modified Sun, 07 Oct 2018 07:01:33 GMT )
Октябр 07, 2018 12:01 Asia/Dushanbe
  • Мустаҳабботи рӯзи ҷумъа дар

Бар асоси "Тибб-ур-Ризо" рӯзи ҷумъа, рӯзи қиёми Соҳибзамон аст.

Шаш соат баъд аз рӯз, хилқати ҳазрати Одам (а) иттифоқ афтодааст, гирифтани нохун ва сибил (мӯйлаб) дар ин рӯз боис мешавад дар ҳамаи ҳафта аз ҷузом ва дарди ангуштон пешгирӣ шавад.

Кашидани  нура (доруи назофат) дар ин рӯз ба таври мудовим боиси барас мешавад. Субҳи он ҳаммом кардан ва ғусли ҷумъа ва асри он ҷиҳати хутбаи издивоҷ таъкид шуда аст. Рӯзи сафари Расули Худо (с) (баъд аз зуҳр) будааст.

Имом Содиқ (а) ҳиҷомат дар заволи (зуҳри) рӯзи ҷумъаро манъ фармудаанд. Агар ҳиҷомат дар ғайри ин соатҳо анҷом шавад, бояд ҳамроҳи хондани Ояталкурсӣ бошад. Ҳиҷомат дар ин рӯз табро аз байн мебарад.

Ин рӯз ҳазрати Одам (а) ба замин фиристода шуд ва қабзи рӯҳ шуд ва агар соатҳои иҷобати дуоро дарк кунанд, дуо ҳатман мустаҷоб мешавад ва ба таври куллӣ рӯзи ибодат аст ва ҳамаи коинот нигаронанд, ки дар ин рӯз, қиёмат барпо шавад.

Ҳазрати Саҷҷод (а) фармудаанд: Ҳар ки субҳи ҷумъа ношто анор бихӯрад, то чиҳил сабоҳ дили ӯ нуронӣ мешавад ва васвасаи шайтон аз ӯ дур мешавад ва гуноҳ намекунад.