Ҷустуҷу
-
Sep 13, 2018
Мақомоти расмии Тоҷикистон дар бораи эҳтимоли озодии 183 зиндонии сиёсии мухолифи ҳукумат дар ноябри имсол ҳарфҳои зидду нақизе мезананд, ки муҷиби эҷоди тардид дар амалӣ шудани ин ваъда мешавад.
-
Sep 12, 2018
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз пазириши китобҳои дарсии мунташиршуда дар Русия худдорӣ кардааст.
-
Sep 12, 2018
Манобеи хабарӣ аз даргирии физикӣ миёни ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифони он дар ҳошияи нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшава - пойтахти Полша гузориш доданд.
-
Sep 12, 2018
Мақомоти ҳукумати маҳаллӣ дар ноҳияи Турсунзода (70 километрии ғарби Душанбе) худро барои истиқбол аз раисони ҷумҳурии Беларус ва Ӯзбакистон омода мекунанд.
-
Sep 11, 2018
4 узви Паймони миллии Тоҷикистон дар нишасти САҲА суханронӣ карданд.
-
Sep 10, 2018
Чаҳор созмон ва ҳизби сиёсии мухолифи ҳукумати Тоҷикистон бо баргузории маросиме дар пойтахти Полша, таъсиси эътилофи Паймони миллиро эълом карданд.
-
Sep 10, 2018
Маросими аслии ойини таҷлил аз рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон рӯзи 9 сентябр бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии ин кишвар баргузор шуд.
-
Sep 08, 2018
Бахшида ба фаро расидани рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон дар сафорати ин кишвар дар Теҳрон бо ҳузури тоҷикони муқими Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҷашни истиқлолият таҷлил шуд.
-
Sep 08, 2018
Посгоҳи нави неруи марзбонии Тоҷикистон дар иртифоъи чаҳор ҳазор метрӣ дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон дар марз бо Афғонистон бо ҳузури Дабири Шурои амнияти Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.
-
Sep 06, 2018
Ҳамкорамон Ғафурӣ дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Узбакистон дар заминаи об ва энержиро дар гузориши вижа баррасӣ кардааст.
-
Sep 06, 2018
Спутник аксҳоеро аз рӯзи Дониш дар Тоҷикистон (аввали сентябр) мунташир кардааст.
-
Sep 06, 2018
Журналисти Радиои Озодӣ нахустин зан дар ҷумҳурист, ки барои таҳқир дар кӯча аз ҷониби мардон ба суд шикоят бурд.
-
Sep 06, 2018
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо тасдиқи як қарор барои таҳияи сарулибоси нави хидматии милисаҳои кишвар озмун эълон кардааст.
-
Sep 05, 2018
Бо монеътарошии Туркманистон бар сари роҳи убури коло аз Эрон ба Тоҷикистон тавассути қаламрави он кишвар, Эрон дар андешаи фароҳам кардани роҳи ҷойгузин барои убури мошинҳои боркаши Тоҷикистон аст.
-
Sep 05, 2018
Бостоншиносони тоҷик мегӯянд, муваффақ ба кашфи шаҳри қадимӣ шудаанд, ки 2000 сол пешина дорад.
-
Sep 05, 2018
Муовини Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз поёни таҳқиқ дар бораи ҳодисаи ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони ин кишвар хабар дод.
-
Sep 04, 2018
Автобусҳое, ки Тоҷикистон аз Туркия харидорӣ кардааст, чандин рӯз аст дар марзи Эрон ва Туркманистон маътал монда ва давлати Туркманистон иҷозаи убур ба ин маҳмуларо низ намедиҳад.
-
Sep 04, 2018
Мақомоти Кумитаи давлатии умури занон ва хонавода ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба интишор ва таблиғи дастуруламали он чӣ "либоси миллии бонувон" номидаанд, иқдом кардаанд.
-
Sep 03, 2018
Як ҳафта мешавад, ки Туркманистон марзашро барои мошинҳои боркаше, ки аз Эрон ба Тоҷикистон мераванд бастааст.