Ҷустуҷу
-
Jan 21, 2017
Сафири Туркаманстан дар Душанбе аз баргузории иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ин кишвар ва Тоҷикистон дар авохири моҳи январи ҷорӣ, дар Ашқобод хабар дод.
-
Jan 19, 2017
Дар соли 2016 204 шаҳрванди хориҷӣ ба далели нақзи муқаррароти қонуни иқомат дар Тоҷикистон аз ин кишвар ихроҷ шудаанд.
-
Jan 18, 2017
Масъули Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон аз тарҳи бозсозии шаҳри Душанбе ва эҳдоси сохтмони парлумони ин кишвар дар маркази пойтахти ин кишвар хабар дод.
-
Jan 18, 2017
Намояндаи Бонки рушди Осиё бар аҳаммияти кумак ба бахши хусусии Тоҷикистон ба манзури афзоиши саҳми ин бахш дар иқтисоди ин кишвар бо тасҳили шароит барои фаъолони ин гурӯҳ таъкид кард.
-
Jan 18, 2017
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид ба 54 кишвари дунё сафар кунанд.
-
Jan 18, 2017
Муовини аввали нахуствазири Русия барои ҳалли ихтилофи ин кишвар бо Тоҷикистон бар сари парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ, 26 январ ба Душанбе сафар мекунад.
-
Jan 18, 2017
Як узви гурӯҳи сиёсии мамнуъ дар Тоҷикистон аз Русия ба Душанбе истирдод шудааст.
-
Jan 17, 2017
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои қароре шеваи савганди аъзои ҳукумати Тоҷикистонро таъйид кард.
-
Jan 17, 2017
Раиси Кумитаи давлатии замин ва нақшабардории Тоҷикистон эълом кард, ки миёни ин ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳамсоя ҳеҷ ихтилофе бар сари манотиқи марзӣ вуҷуд надорад.
-
Jan 16, 2017
Шермуҳаммади Шоҳиён рӯзи 16 январ дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе, иддао дар бораи нақзи пайвастаи ҳуқуқҳои сиёсӣ дар Тоҷикистонро беасос донист.
-
Jan 15, 2017
Комиссияи омодагӣ ба таҷлили 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон ба раёсати нахуствазири ин кишвар баргузор гардид.
-
Jan 14, 2017
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва гардишгарии Тоҷикистон бо ишора ба тавсеаи зерсохтҳои гардишгарии ин кишвар гуфт, тибқи барнома «Душанбе» дар соли 2020 пазирои як миллион турист хоҳад буд.
-
Jan 14, 2017
Тоҷикистон қасд дорад, дар чорчӯби қарордоди лизингӣ аз Белорусия автобус ворид кунад.
-
Jan 12, 2017
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанберо аз мақомаш барканор ва Рустами Эмомалӣ, писари бузурги худро раиси ҷадиди пойтахти ин кишвар таъйин кард.
-
Jan 12, 2017
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон бо ишора ба рушди зерсохторҳои сайёҳии ин кишвар гуфт, тибқи барнома, Душанбе дар соли 2020 як миллион сайёҳро хоҳад пазируфт.
-
Jan 12, 2017
Теъдоде аз фаъолони ҳуқуқи башар аз гуруснанишинии Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи ба 26 сол зиндон маҳкум шудаи Ҳизб мамнӯъ шудаи наҳзати исломии ин кишвар ва фирори вакили мудофеи вай аз Тоҷикистон хабар додаанд.
-
Jan 12, 2017
Мақомоти ҳамлу нақли Тоҷикистон ва Узбакистон ҳанӯз ҳам бар сари аз саргирии ҳаракати қаторҳои роҳи оҳани ҷануб, ки вилоятҳои Хатлон ва Сурхондарёро ба ҳам муттасил мекунад, ба тавофуқ нарасидаанд.
-
Jan 11, 2017
Сулаймон Абдулвоҳидов ноиби раиси шӯрои Федератсияи байналамилалии варзишҳои зӯрхонаӣ ва паҳлавонӣ ва раиси Федератсияи миллии ин навъи варзиши Тоҷикистон тасалияти худ ва ҷомеаи варзишии ин кишварро ба муносибати даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси фақиди Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон иброз кард.
-
Jan 11, 2017
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва масъулону намояндагони аҳзоби сиёсии ин кишвар ва сафирони кишварҳои хориҷии муқими Душанбе бо ҳузур дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамдардӣ ва таслиятӣ худро ба муносибатӣ даргузаштӣ оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси фақиди Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон, ба давлат, миллат ва хонаводаи эшон иброз карданд.