Ҷустуҷу
-
Nov 24, 2022
Ба муносибати фаро расидани ҳафтаи Басиҷ, басиҷиёни саросари Эрони исломӣ бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор мекунанд .
-
Nov 24, 2022
Намояндаи расмии вазорати умури хориҷаи Қазоқистон аз омода будани ин кишвар ва Узбекистон барои имзои тавофуқномаи марзӣ хабар дод.
-
Nov 24, 2022
Афзоиши ноамни ва ҷанг дар манотиқи мухталифи ҷаҳон ба бижа кишварҳои ғарбӣ Осиё, Африқо ва шароити Украина сабаб шуда то мавҷи ҷадиде аз паноҳҷуён роҳии Аврупо шаванд ин дар ҳоле аст, ки кишварҳои аврупоӣ марзҳоро баста ва садҳо паноҳҷӯ бо шароити дарднок дар марзҳо ва кампҳо рӯ ба рӯ ҳастанд.
-
Nov 24, 2022
Зафарон аз арзишмадтарин маҳсулоти кишоварзӣ дар Эрон аст, ки имрӯз кишти он умдатан дар манотиқи марказ ва ҷанубӣ Хуросон ва шарқӣ Гулистон мутамаркиз шудааст. Эрон беш аз 95 дарсад зафарони мавриди истифода дар дунёро таъмин мекунад ва ба унвони қутби тавлиди зафарон дар дунё ба шумор меравад.
-
Nov 23, 2022
Тоҷикистон, Узбакистону Қазоқистон барои интиқоли об аз тариқи обанбори Қайроққум ба тавофуқ расиданд.
-
Nov 23, 2022
Бисту дуюмин давраи Ҷоми Ҷаҳонии футбол 2022 дар Қатар идома пайдо кард ва тими мудофеи қаҳрамонӣ як намояндаи дигари Осиёро бо шикасти сангин мувоҷеҳ кард.
-
Nov 23, 2022
Сандӯқи кӯдакони Созмони милал (ЮНИСЕФ) дар Фаронса нисбат ба шароити «нигаронкунанда»-и ҳуқуқи кӯдакон дар ин кишвар ҳушдор дода ва гузориши «нигаронкунанда» -е аз вазъияти кӯдакон дар мувоҷиҳа бо фақр, маҳрӯмият аз таҳсил,мушкилоти муртабит ба саломати равон ва хушунат мунташир кардааст. Бар пояи ин гузориш беш аз як кӯдак аз ҳар 5 кӯдак зери хати фақр зиндагӣ мекунад ва 42 ҳазор кӯдак низ бехонумон ҳастанд.
-
Nov 23, 2022
Эмомалӣ Раҳмон,раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти навбатии Шӯрои амнияти ҷамъии СПАД ба Арманистон сафар кард.
-
Nov 23, 2022
Дар таърихи 22 ноябр Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Екатерина Насика-сафири нави Юнон дар ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард .
-
Nov 23, 2022
Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон гуфт мубориза бо террооризм ва ҳимоят аз ҳуқуи башар дар дидгоҳи ғарбиҳо асолат надорад.
-
Nov 23, 2022
Муовини сухангуи Созмони Миллали Муттаҳид таъкид кард, ки ин ниҳод ҳамчунон хостори коҳиши танишҳо дар минтақаи ғарбӣ Осиё аст.
-
Nov 23, 2022
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Туркманистон дар ҳоли баргузори аст.
-
Nov 23, 2022
Мақомоти Тоҷикистон ва Чин мувофиқатномаеро имзо карданд, ки бар асоси он дукишвар бояд ҳаддиақал соле як маротиба тамриноти муштараки зиддӣ террористӣ баргузор кунанд.
-
Nov 22, 2022
Дар таърихи 18 то 19 ноябр ҳайати Тоҷикистон ба раёсати Абдураҳмон Аламшозода, муъовини аввали вазири корҳои дохила дар конфронси вазирон барои мубориза бо таъмини молии террозим дар шаҳри Деҳли Нав ширкат кард.
-
Nov 22, 2022
Роман Главченко-нахуствазири Беларус вориди Теҳрон шуд ва мавриди истиқболи вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон қарор гирифт.
-
Nov 22, 2022
Дар дуюмин бозии гуруҳи A-и мусобиқот тими миллии Ҳоланд(Голландия) муқобили Сенегал-қаҳрамони Африқо ба бартарии 2 бар сифр расид.
-
Nov 21, 2022
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон касби рутбаи аввали минтақа ва понздаҳуми ҷаҳон дар бахши беҳдошт ва дармонро нишонаи пешрафт ва боландагии кишвар донист.
-
Nov 21, 2022
Дастёр ва мушовири фармондеҳи муаззами кулли қувво таъкид кард: Дар бахши сохт ва тавлиди паҳпод ба қудрати болоӣ расидаем ва мушаксозиро ҳам оғоз кардаем.
-
Nov 21, 2022
Манобеъи фаластинӣ аз даргирии пароканда байни ҷавонони фаластинӣ ва низомиёни саҳюнистӣ дар чанд минтақа дар Қудси ишғолӣ ва Каронаи Бохтарӣ хабар доданд.
-
Nov 21, 2022
Сафири Қирғизистон ва муовини вазири фарҳанги Арабистони Саъудӣ дар мавриди ҳамкори дар ҳавзаи умури фарҳангӣ ва башардӯстона гуфтугӯ карданд.