Декабр 06, 2022 15:54 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон бар зарурати ҳифозат аз марзҳои Афғонистон бо Осиёи Миёна таъкид кард

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон дар нишасти муштараки Шӯрои маҷмаъи порлумонии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ва понздаҳумини иҷлоси умумии ин созмон дар Маскав бар зарурату аҳамияти тақвияти ҳифозат аз марзи Тоҷикистону Афғонистон ба унвони марзи ҷанубии минтақаи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ва Осиёи Миёна таъкид кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Рустами Эмомалӣ дар ин нишаст бо ишора ба ҳамкории байни кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ( CSTO ) дар сатҳи сифатии ҷадид ба манзури муқобила бо чолишҳову таҳдидоти муосир гуфт : Бо тавваҷуҳ ба шароити сахти Афғонистон ниёзи зарурӣ ба тақвияти амнияти марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон ба унвони марзи ҷанубии минтақаи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ вуҷуд дорад .
Рустами Эмомалӣ хотирнишон кард : Ҳамкории кишварҳои узви ин созмони байниминтақаӣ дар сатҳи сифатии ҷадиде аз равобити байндавлатӣ, байниминтақаӣ, байналмиллалӣ ба манзури муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳои модерн эҷод шудааст .
Вай дар ҷамъбандии натоиҷи давраи раёсати Ҷумҳурии Арманистон бар ин созмон қадрдонӣ ва ҳамчунин омодагии тарафи тоҷикистониро барои кумак ба таҳаққуқи зарфиятҳои билқувва эълом кард .
Бо тавваҷуҳ ба интиқоли раёсати давраии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ба Ҷумҳурии Беларус барои соли 2023, Владимир Андреченко, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус дар мавриди авлавиятҳои ин Ҷумҳурӣ дар ин давра гузориш дод.
Маркази матбӯотии Думаи давлатии Русия мегуяд дар нишасти муштараки шӯрои маҷмаъи порлумонии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ва понздаҳумин иҷлоси умумии ин созмон, пешнависи тавсияҳо барои қавонини миллии кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар мавриди бастани масирҳои нуфӯзи тероризми байналмиллалӣ ва ҳифозат аз ҳокимияти кишварҳои узв ба тасвиб расед .
Ҳамчунин ба гуфтаи дабирхонаи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, Станислав Зас, дабири кулли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ аз пешрафт дар иҷрои тасмимоти шӯрои амнияти ҷамъии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ва вазъияти низомӣ-сиёсӣ дар минтақаи масъӯлияти Созмони паймони амнияти ҷамъӣ гузориш дод .
Созмони паймони амнияти ҷамъии шомили Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аст.

 

Барчасп