Ҷустуҷу
-
Jun 14, 2022
Филме аз суқӯти яке аз асбоббозиҳои як шаҳри бозӣ дар Туркияро мушоҳида мекунед.
-
Jun 14, 2022
Қонунгузори аршади ҷумҳурихоҳи Амрико аз бетафовутии раисиҷумҳури Иёлоти муттаҳида дар бораи таварруму афзоиши баҳои сӯхт дар ин кишвар интиқод кард.
-
Jun 14, 2022
Сафирони ҷадиди Индонезия ва Таиланд нусхаи эътимодномаи худро ба муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон тақдим карданд.
-
Jun 14, 2022
27-уми июн то севвуми июл (6 то 12 тирмоҳ) дар Эрон ба унвони ҳафтаи бозхони ва ифшои ҳуқуқи башари амрикоӣ номгузори шудааст, ҳафтаи ҳуқуқи башари амрикоӣ ёдовари ҷиноёти мустақим ё бо воситаи Амрико дар ҳаққи эрониён аст.
-
Jun 14, 2022
Фармондеҳи нерӯи падофанди ҳавоии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, сомонаҳои радарӣ, мушакӣ ва паҳподии падофанди ҳавоии артиш бо ишрофи комил ва ҳӯшмандона дар ақсонуқоти кишвар бавижа дар паҳнои Халиҷи Форс, тамомии таҳаррукоти душманонро расад мекунанд.
-
Jun 14, 2022
Миқдоре силоҳу муҳимот аз хонаи ду аъзои гурӯҳҳои ғайри қонунии Бадахшони Тоҷикистон кашфу забт шуд.
-
Jun 14, 2022
Дар ҳашрҳои Душанбе ва Хуҷанд, намоишгоҳи муаррифии зарфиятҳои донишгоҳҳои Русия барои пазириши донишҷӯёни тоҷик баргузор гардид.
-
Jun 14, 2022
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» эълом кард, ки барои интиқоли зоирони тоҷик ба сарзамини ваҳӣ, 23 парвоз анҷом хоҳад дод.
-
Jun 13, 2022
Мардуми Ҷопон бо баргузории тазоҳурот дар шаҳррҳои Токио ва Саппорои ин кишвар, мухолифати худро дар хусус тамоюли ин кишвар барои қабулии мизбонии Олампиадаи зимистонаи 2030 эълом карданд.
-
Jun 13, 2022
Суғангӯи Вазораи умури хориҷаи Эрон бо ибрози таасуф аз сафари мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержи атомӣ ба сарзаминҳои ишғоли гуфт: Ин сафар ба эътибори ожонс зарбаи бад ворид кард.
-
Jun 13, 2022
Як завҷи фаластинӣ маросими издивоҷи худро дар хонаи падариашон, ки ба дасти режими саҳюнистӣ тахрибу вайрон шуда буд, баргузор карданд.
-
Jun 13, 2022
Раиси ҷумҳурии Озарбойҷон бар тамоюли ин кишвар ба густариши равобит бо Русия таъкид кард.
-
Jun 13, 2022
Масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳоди Аврупо бар идомаи гуфтугӯҳо бо Русия таъкид кард.
-
Jun 13, 2022
Ҳазорон нафар дар иёлати Вашингтон ва соири шаҳрҳои муҳими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бо баргузории тазоҳуроти густарда хостори тадобири сахтгиронатар алайҳи озодии ҳамли силоҳи гарм шуданд.
-
Jun 13, 2022
Ду тан аз аъзои гуруҳҳои ғайрирасмӣ дар Бадахшони Тоҷикистон кушта шуданд.
-
Jun 13, 2022
Сафири Тоҷикистон дар Покистон гуфт, Афғонистон занҷираи иттисоли Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аст ва бидуни суботи Афғонистон тақвияти равобит байни Тоҷикистон ва Покистон мумкин нест.
-
Jun 13, 2022
Раиси кулли гумруки Эрон аз тавофуқ бо Русия барои эъломи муназзами арзиши пояи 25 қалам колои содиротӣ аз Эрон ба гумруки Русия хабар дод.
-
Jun 12, 2022
Як ҷавони фаластинӣ дар баробари ҳамлаи саҳюнистҳо дифои ҷононае аз худ кард .
-
Jun 12, 2022
Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар остонаи сафари маънавии Ҳаҷҷи таматтуъ ва эъзоми зоирони эронии Байтуллоҳил-ҳаром гуфт : Баргузории ҳаҷҷи эман, ором, ваҳдатбахш ва боиззат мавриди таъкиди Ҷумҳурии исломии Эрон аст .
-
Jun 12, 2022
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои вазирони хориҷаи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ширкат кард .