Ҷустуҷу
-
Aug 16, 2017
Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш ба гузориши Вазорати хориҷаи Амрико дар хусуси озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон гуфт: Эрон ин гузоришро ғайри воқеъбинона ва муғризона медонад, ки танҳо бо ҳадафи баҳрабардориҳои сиёсӣ таҳия шудааст.
-
Aug 15, 2017
Раиси Комиссияи иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз равобити тиҷории Эрон бо ин иттиҳод истиқбол кард.
-
Aug 15, 2017
Дабири ситоди вижаи тавсеаи фанноварии нано дар Эрон гуфт, маҳсулоти нанофанноварии Эрон ба беш аз 20 кишвари ҷаҳон содир мешавад.
-
Aug 15, 2017
Раисҷумҳури исломии Эрон таъкид кард: Дар сурате, ки Амрико ба вазъи таҳримҳои зидди эронӣ идома диҳад, Теҳрон метавонад дар муддат замони кӯтоҳе аз тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ) хориҷ шавад.
-
Aug 15, 2017
Ҷаласаи алании Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон субҳи имрӯз барои баррасии салоҳияти вазирони пешниҳодии давлати давоздаҳум оғоз шудааст.
-
Aug 14, 2017
Дар рӯзҳои ахир, бурузи таҳаррукоте дар Тоҷикистон алайҳи ҷумҳурии исломии Эрон равобити ду кишварро таҳти таъсир қарор додааст. Коршиносон муътақиданд, дастҳое дар Тоҷикистон даркоранд, то бо бурузи тафриқа дар байни ду миллат, иттиҳод ва дӯстии деринаи ду кишвари форсизабонро аз байн бубаранд.
-
Aug 13, 2017
Коршиноси рус гуфт: Фаъолияти сиёсӣ ва дипломатии Эрон дар Осиёи Марказӣ ба таври чашмгире коҳиш ёфта ва дар бархе маворид танҳо ба мубориза бо қочоқ, терроризм ва ифротгароӣ маҳдуд шудааст.
-
Aug 13, 2017
Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) ба нафъи Эрон, минтақа ва кулли ҷаҳон буда ва ҳаркас бихоҳад, ба БАРҶОМ садама бизанад, ба худаш ва кишвараш садама задааст.
-
Aug 13, 2017
Намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон рӯзи якшанбе бо куллиёти тарҳи муқобила бо иқдомоти моҷароҷӯёна ва террористии Амрико дар минтақа мувофиқат карданд.
-
Aug 13, 2017
Намояндаи Маҷлиси Эрон гуфт, ҳадафи мақомҳои Тоҷикистон аз иттиҳомзанӣ ба Эрон, тавҷеҳи рафтори худ дар баробари афкори умумии ин кишвар аст.
-
Aug 13, 2017
Вазири умури хориҷаи Эрон ва намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Яман, бар зарурати поён додан ба фоҷиаи инсонӣ дар Яман ва ёфтани роҳи ҳалҳои сиёсии ҷомеъ таъкид карданд.
-
Aug 12, 2017
Филми ҷанҷолие, ки ахиран аз яке аз шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон пахш шуд, ба манзури афзоиши таниш миёни Эрон ва Тоҷикистон ва бо дархости Арабистони Саудӣ сохта шудааст.
-
Aug 12, 2017
Ҳукумати Қазоқистон ба поси иқдомот ва талошҳои дипломатии Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомӣ ва муовини раиси ҷумҳурии Эрон, ба вай Нишони Ифтихор эҳдо кард.
-
Aug 12, 2017
Раиси Созмони мудирияти буҳрони Эрон аз ҷон бохтани 13 нафар бар асари ҷорӣ шудани сел дар устонҳои Гулистон, Хуросони Разавӣ ва Хуросони Шимолӣ хабар дод.
-
Aug 11, 2017
Муовини вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати нақзи БАРҶОМ Эрон барои ҳар эҳтимоле омодагӣ дорад.
-
Aug 11, 2017
Сел дар устонҳои шимолу шарқи Эрон хисоратҳои ҷонию молӣ бар ҷой гузошт.
-
Aug 11, 2017
Барномаи ба истилоҳ мустанаде, ки аз телевизиони Тоҷикистон пахш шуд ва иттиҳомоти воҳӣ алайҳи Теҳронро матраҳ кард, сабаби судури баёнияи матбуотии сафорати Эрон дар Тоҷикистон шуд.
-
Aug 10, 2017
Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси тоҷик мӯътақид аст, ки нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар барқарории сулҳ дар Тоҷикистон ва сармоягузории Теҳрон дар тарҳҳои иқтисодии ин ҷумҳурӣ ғайри қобили инкор аст.
-
Aug 10, 2017
Содироти ҳавопаймои мусофирбарии русӣ ба Эрон, ба хотири тӯлонӣ шудани ташрифоти ҳуқуқӣ дар Вазорати хазонадории Амрико бо монеъ рӯбарӯ шудааст.