Ҷустуҷу
-
Nov 18, 2017
Рӯзи 16 ноябр боз як судяи суди ноҳияи Панҷ – Саидаҳмад Зайдуллозода – ҳадафи ҳамла аз ҷониби як сокини ин ноҳия қарор гирифта, аз қисмати чапи гардан ва пешониаш ҷароҳат бардоштааст.
-
Oct 21, 2017
Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ панҷ корманди идороти иҷроии ин минтақаро ба иттиҳоми заминфурӯшӣ ба панҷ то 25 соли зиндон маҳкум кард.
-
Oct 16, 2017
Гурӯҳи Толибон аз тасарруфи мақарри фармондорӣ ва фармондеҳии полиси ноҳияи Маъруф дар вилояти Қандаҳор, ҷануби Афғонистон хабар дод.
-
Oct 11, 2017
Масъулони ноҳияи Рӯдакӣ аз Шокирҷон Холдоров, масъули умури дин ва танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҷамоати Чаҳоряккорон, ки ба масҷиди рустои Меҳробод ва намозгузорони он таҳқир карда буд, ҳимоят карданд.
-
Oct 10, 2017
Ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, қазияи Шокирҷон Холдоров, масъули ҷамоати Чоряккорон, ки видеои мардумро дар масҷид таҳқир карданаш нашр шуд, мавриди омӯзиш қарор дорад.
-
Oct 10, 2017
Ду нафар аз ҳунармандони театри ноҳияи Конибодом дар вилояти Суғд ба иттиҳоми доштани риш боздошт ва барои ироаи тавзеҳ дар ин маврид ба идораи полиси ин ноҳия мунтақил шудаанд.
-
Oct 03, 2017
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз афзоиши ҷурму ҷиноят, гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва идомаи фурӯши ғайрқонунии замин дар ноҳияи Рӯдакӣ ибрози нигаронӣ кард.
-
Oct 01, 2017
Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, якшанбе, аввали моҳи октябр барои дидор бо мардум ва ошноӣ бо раванди бардошти мева аз боғоти ноҳияи Хуросон ба ин ноҳия сафар кард.
-
Sep 21, 2017
Мақомоти амниятии вилояти Суғд се сокини ноҳияи Аштро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнӯаи Салафия боздошт карданд.
-
Sep 13, 2017
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ноҳияи марзии ин кишвар бо Афғонистон сафар кард. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин сафар зимни баҳрабардорӣ аз чандин тарҳи саноатӣ ва тавлидӣ бо мардуму мақомоти маҳаллӣ дидор хоҳад кард.
-
Sep 06, 2017
40 адад мағоза бар асари оташсӯзӣ дар бозори ноҳияи марзии Панҷ дар вилояти Хатлон, комилан тахриб шуд.
-
Sep 03, 2017
Додситони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон иллати бо табар ҳамла кардани Диловар Олимов, сокини 39 солаи ин ноҳия ба раиси додгоҳро тавзеҳ додааст.
-
Aug 27, 2017
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз муҷтамаи кишоварзии Канаск дар ноҳияи Ваҳдат боздид кард ва бо фаъолияти ин марказ аз наздик ошно шуд.
-
Aug 17, 2017
Интишори аксе бо эъломи мамнуияти вуруди бонувон бо пӯшиши исломӣ ба яке аз идороти давлатӣ дар идораи ҷамоати Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат, дар 20 километрии шарқи Душанбе, бо вокуниши тунди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шудааст.
-
Aug 16, 2017
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Бохтар гуфт, таи панҷ сол 95 сокини ин ноҳия ба ҷангҳо дар хориҷи кишвар рафтаанд.
-
Aug 10, 2017
Ноҳияи Ҷонихел дар вилояти Пактиё дар ҷануби шарқи Афғонистон бори дигар ба дасти Толибон афтод.
-
Aug 09, 2017
Мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ тасмим гирифтаанд, ки дар идомаи такмили қонуни танзими маросим дар Тоҷикистон аз додани таом дар маросими чиҳилу соли афроди фавтшуда худдорӣ кунанд.
-
Aug 03, 2017
Марзбонони Қирғизистон дар пайи эътирози шадиди сокинон рустои Овчиқалъачии ноҳия Бобоҷон Ғафуров роҳи иртиботии ин минтақаро бозкушоӣ карданд.
-
Jul 10, 2017
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз зери об мондани 19 хона дар деҳаи Хостави ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон хабар додааст.
-
Май 14, 2017
Шаҳрдории Душанбе аз қатъи об ба муддати чаҳор рӯз, ба таври муваққат дар се ноҳияи ин шаҳр ба далели бозсозии шабакаи обрасонӣ хабар додааст.