Ҷустуҷу
-
Mar 26, 2018
Муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон гуфт, агар ҳар гуна ихтилоле дар тавофуқи ҳастаӣ ё БарҶом пеш ояд, паёмадҳои он барои ҳамаи ҷомеаи байналмилал сангин хоҳад буд.
-
Mar 25, 2018
Қадимитарин меҳмонхона (ҳотел)-и Эрон пас аз бозсозӣ ва сомондеҳӣ барои пазириши мусофирон ва гардишгарони наврӯзӣ омода шуд.
-
Mar 25, 2018
Раисҷумҳури Афғонистон шанбе дар дидори ҳайъати Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии ҷумҳурии исломии Эрон бо арзанда донистани сафари ин ҳайъат ба Кобул, бар густариши равобити ду кишвар таъкид кард.
-
Mar 24, 2018
Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, бо барпоии ғурфаи гардишгарӣ дар Намоишгоҳи гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумии Наврӯз дар шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон ширкат кард.
-
Mar 24, 2018
Бонуи тими тирандозии маълулони Эрон дар бахши инфиродӣ ва тими маълулони занони Эрон дар бахши гурӯҳӣ қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии тирандозии маълулон шуданд.
-
Mar 23, 2018
Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баёнияе, дар ҳимоят аз колои эронӣ ва тавлиди миллӣ, аз омодагии ин вазоратхона барои пуштибонӣ аз фаъолони иқтисодӣ ва осонсозии густариши пайвандҳо ва иртибототи иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар сатҳи густурда дар ҷаҳон хабар дод.
-
Mar 22, 2018
Муовини Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон гуфт, Эрон мунтазири тақозои расмии Чин ва Муғулистон барои пайвастан ба парвандаи сабти ҷаҳонии Наврӯз аст.
-
Mar 21, 2018
Соати расмии Эрон имшаб (чаҳоршанбешаб) як соат ба пеш кашида мешавад.
-
Mar 21, 2018
Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи ҳаштумин Иҷлоси ҷаҳонии об дар Бразилия бар таҳкими равобити дӯстона байни ду кишвар таъкид карданд.
-
Mar 21, 2018
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме ба муносибати оғози соли 1397-и ҳиҷрии шамсӣ, соли 1396-ро бо вуҷуди хост ва талошҳои бадхоҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон, соли муваффақият ва пирӯзии миллати бузурги Эрон дар арсаҳои мухталиф баршумурд.
-
Mar 20, 2018
Раиси ҷумҳурии Амрико ин бор фаро расидани Наврӯз ва табрики онро фурсате муносиб барои тавҳин ва беэҳтиромӣ ба Эрон қарор дод.
-
Mar 19, 2018
Ин видео шомили тасовир ва саҳнаҳоест аз Эрони ором, зебо ва бузург.
-
Mar 18, 2018
Намояндаи вижаи Русия дар Афғонистон гуфт: Ҳузури низомии Амрико дар ин кишвар барои нуфуз бар кишварҳои Русия, Эрон ва Чин аст.
-
Mar 18, 2018
Вазири неруи Эрон барои ширкат дар ҳаштумин иҷлоси Шӯрои Ҷаҳонии Об, имрӯз (якшанбе) озими Бразилия шуд.
-
Mar 17, 2018
Як рӯзномаи амрикоӣ гузориш дода, раисиҷумҳури ин кишвар барои пешбурди аҳдофи ин кишвар дар Сурия ва костан аз нуфузи Эрон, дархости 4 миллиард доллар пул аз Арабистон кардааст.
-
Mar 17, 2018
“Такам-гардонӣ” - ойини деринаи наврӯзӣ дар шаҳрҳои Ардабил ва Осторо (шимоли ғарби Эрон) аст.
-
Mar 17, 2018
Саъидризо Кайхо- ситораи жимностики кишвари Эрон дар дуввумин рӯзи баргузории рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии Боку бо ҳунарнамоӣ, ибтикоре дигарро бо унвонҳои Кайхо3 ва Кайхо4 ба номи худ сабт кард.
-
Mar 16, 2018
Вазирони умури хориҷии Эрон, Русия ва Туркия, се кишвари зомини оташбас дар Сурия имрӯз дар баёнияи поёнии иҷлоси Остона, пойтахти Қазоқистон бар идомаи талошҳо барои ҳалли буҳрони Сурия таъкид карданд.
-
Mar 15, 2018
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, истодагӣ ва тавфиқоти Эрон дар муқобила бо ҳуҷуми ҷабҳаи азими сиёсӣ, молӣ, низомӣ, амниятӣ ва фарҳангии Амрико ва саҳюнизмро аз баракати вуҷуди имон ва тақво дар қишри азими мардум ва ҷавонони Эрон донистанд.