Ҷустуҷу
-
Mar 05, 2017
Раиси Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон аз ифтитоҳи нахустин дафтари ин донишгоҳ дар Донишгоҳи Сулаймонияи Ироқ хабар дод.
-
Mar 05, 2017
Раисҷумҳури исломии Эрон равобит бо ҷумҳурии Озарбойҷонро бародарона ва роҳбурдӣ тавсиф кард ва гуфт: Пешрафти равобити дуҷонибаи Теҳрон-Боку аз лиҳози иртибототи сиёсӣ, масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ ва фарҳангӣ бо аҳаммият аст.
-
Mar 05, 2017
Вазири дохилии Эрон номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳуриро аз ҳар гуна фаъолияти таблиғотӣ пеш аз замони таъйин шуда, барҳазар дошт.
-
Mar 04, 2017
Сафири Эрон дар Душанбе, бо ишора ба кӯмакҳои Эрон дар заминаҳои мухталиф ба Тоҷикистон гуфт, ширкатҳои давлатӣ ва хусусии Эрон дар тавсеаи зерсохтҳо ва таъсисоти асосии ин кишвар, нақши басазое доранд.
-
Mar 04, 2017
Сомонаи падофанди қудратманди «С-300» дар кавири марказии Эрон, бо муваффақият озмоиш шуд ва дар канори сомонаҳои падофнадии дигар қарор гирифт.
-
Mar 04, 2017
Шомгоҳи ҷумъа, қатори ҷумҳурии Озарбойҷон ба сурати озмоишӣ вориди шаҳристони Осторои Эрон шуд.
-
Mar 04, 2017
Арабистони Саудӣ бори дигар дар иддаое такрорӣ ва беасос, ҷумҳурии исломии Эронро ба дахолат дар умури дохилии кишварҳои минтақа муттаҳам кард.
-
Mar 04, 2017
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Русия дар иқдоме ғайримаъмул, беш аз 20 дақиқа аз вақти як соатаи нишасти ҳафтагии хабарии худро ба равобити самимии кишвараш бо Эрон ихтисос дод.
-
Mar 01, 2017
Вазири умури хориҷаи Туркия, равобити кишвараш ва Ҷумҳурии Исломии Эронро бародарона тавсиф кард ва гуфт: Анқара ҳаргиз ҳимояти Эрон аз давлат ва миллати Туркияро дар шаби кудатои нофарҷоми 15 июли 2016 фаромӯш нахоҳад кард.
-
Feb 27, 2017
Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт: Ҷадидтарин мушаки Крузи дарёии Эрон бо номи “Насир” дар размоиши нерӯи дарёии артиши ҷумҳурии исломии Эрон бо муваффақият партоб шуд.
-
Feb 27, 2017
Эътои дуввумин Оскари синамоии Эрон ба филми «Фурӯшанда»-и Асғари Фарҳодӣ, бо вокуниши мусбати мақомҳои эронӣ, рӯба рӯ шуд ва бозтоби густурдае дар расонаҳои байналмилалӣ дошт.
-
Feb 26, 2017
Марҳалаи ниҳоии размоиши неруи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо номи "Вилоияти 95" субҳи якшанбе бо ҳузури фармондеҳи неруи дарёии артиш дар обҳои ҷануби Эрон оғоз шуд.
-
Feb 26, 2017
Чаҳорумин давраи мусобиқоти “Афғонистоншиносӣ”, бо ҳузури 300 нафар аз донишомӯзон ва донишҷӯёни афғони муқими Хуросони Разавӣ- дар шаҳри Машҳад, маркази ин устон баргузор шуд.
-
Feb 24, 2017
Ҷумҳурии исломии Эрон раёсати кишварҳои гурӯҳи 77-и Созмони милалро бар ӯҳда гирифт.
-
Feb 20, 2017
Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайи изҳороти ғайрисозандаи мақомоти Туркия зидди Эрон сафири он кишварро дар Теҳрон фаро хонд.
-
Feb 20, 2017
Вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар ҳошияи Конфронси амниятии Мюнхен гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон аз таҳдидҳо намеҳаросад, аммо эҳтироми мутақобилро бо арзиш медонад.
-
Feb 19, 2017
Сафири Эрон дар Мадрид гуфт, Испания яке аз кишварҳои пештози аврупоӣ дар шурӯи таомулоти бонкӣ бо Эрон будааст.
-
Feb 18, 2017
Вазири умури хориҷаи Эрон, ки барои ширкат дар Конфронси амниятии Мюнхен ба Олмон сафар кардааст, дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии CNN, дар таҳлиле дар бораи таҳдидҳои Амрико гуфт, ҳар касе, ки дар гузашта Эронро озмуда медонад, эрониён ҳечгоҳ ба забони таҳдид аҳаммияте надода ва танҳо ба эҳтироми мутақобил ва манофеи муштарак посух медиҳанд.