Ҷустуҷу
-
Apr 29, 2019
Раиси сСзмони фазоии Эрон эълом кард, Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷамъи 9 кишвари нахусти фазоии ҷаҳон қарор дорад.
-
Apr 28, 2019
Раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт: Агар нафти Эрон аз тангаи Ҳурмуз убур накунад, нафти дигар кишварҳо низ аз ин танга убур нахоҳад кард.
-
Apr 28, 2019
Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон гуфт, эрониён бо истодагӣ мақомоти Амрикоро пушаймон хоҳанд кард.
-
Apr 27, 2019
Коршиноси бособиқаи шабакаи «Фокс нюс», ки ба иллати интишори ёддоште дар бораи дидораш бо вазири хориҷаи Эрон ва низ эъдоми 37 шаҳрванди арабистонӣ ҳадафи эътироз қарор гирифта буд, таъкид кард, ки ҳамлакунандагон ба ӯ ба далели сукут дар баробари ҷанги Яман ва ҳамалоти 11 сентябр афроде риёкор ҳастанд.
-
Apr 27, 2019
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон иқдоми давлати Нигерия дар хусуси иҷозаи муоинаи тими пизишкӣ аз раҳбари ҷунбиши исломии ин кишварро мусбат арзёбӣ ва аз он истиқбол кард.
-
Apr 27, 2019
Тими валиболи шаҳрдории Варомини Эрон ба унвони қаҳрамонии мусобиқаҳои бошгоҳҳои Осиё расид.
-
Apr 27, 2019
Аъзои Шурои рӯҳоният, Ҳайъати фатво ва имомони ҷумъаҳои шаҳрҳо ва рӯстоҳои аҳли суннати устони Бушеҳр, ҷануби Эрон, иқдоми оли Сауд дар эъдоми 37 шаҳрванди арабистониро маҳкум карданд.
-
Apr 27, 2019
Талоши Амрико барои қатъи содироти нафти Эрон
-
Apr 25, 2019
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон мавзеи ҳукуматҳои Арабистон ва Баҳрайнро дар ҳимоят аз таҳрими содироти нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳкум кард ва онро нишонаи табаъияти кӯркӯрона аз Амрико ва нодонии онон нисбат ба авоқиби ин иқдом донист.
-
Apr 25, 2019
Вазири умури иқтисодӣ ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Эрон омодагӣ дорад беш аз 50 миллиард доллар тарҳ ва проектро дар бахшҳои мухталиф, ҷиҳати сармоягузорӣ ва таъмини молии он дар чорчӯби ибтикори «Як камарбанд-як роҳ» вогузор кунад.
-
Apr 25, 2019
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар паёме қаҳрамонии тими куштии озоди Эронро дар мусобиқоти қаҳрамонии куштии Осиё табрик гуфтанд.
-
Apr 25, 2019
Имрӯз, 25 апрели 2019 солрӯзи шикасти ҳамлаи низомии Амрико ба Эрон дар саҳрои Табас, шарқи Эрон аст.
-
Apr 24, 2019
Тими миллии куштии озоди Эрон бо касби 10 медали тило ва бронз бар сакуи нахусти мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин истод.
-
Apr 24, 2019
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, амрикоиҳо тайи 40 соли гузашта ҳар рӯз тавтеаи ҷадиде зидди миллати Эрон иҷро кардаанд, ки ҳамвора бо шикаст мувоҷеҳ шудааст.
-
Apr 23, 2019
Вазири хориҷаи Туркия пас аз дидор бо ҳамтои тоҷикистонии худ дар Анкара гуфт, пешниҳоди Амрико барои хариди нафт аз кишвари дигаре ба ҷойи Эрон, гундагӯиӣ (калонгапӣ, беҳудагӯӣ) аст.
-
Apr 23, 2019
Ҳайате аз Кореяи Ҷанубӣ барои музокира бо мақомоти Амрико дар бораи тасмими Сеул барои идомаи хариди нафт аз Эрон, ҳафтаи оянда ба Вашингтон сафар мекунад.
-
Apr 23, 2019
Вазири нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба таҳдидҳои Амрико ва фишор бар дигар кишварҳо барои ҷилавгирӣ аз хариди нафти Эрон таъкид кард, амрикоиҳо мутмаин бошанд, хоб ва руъёашон дар ба сифр расонидани содироти нафти Эрон ҳеҷ гоҳ таъбир нахоҳад шуд.
-
Apr 23, 2019
Маросими рӯзи фарҳангии Эрон дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии Роҳи Абрешим дар шаҳри Бишкек баргузор шуд.
-
Apr 23, 2019
Эрон фармондеҳони Ситоди фармондеҳии нерӯҳои амрикоии мустақар дар минтақаи ғарби Осиё ва шарқи Африқо, мавсум ба “СЕНТКОМ” ва созмон ё ниҳодҳои дар ихтиёри онҳоро таҳти таъқиби қазоӣ қарор медиҳад.
-
Apr 23, 2019
Муовини ҳуқуқии раиси ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Теҳрон бо тарҳи додхосте дар Девони байналмиллалии додгустарӣ, тахаллуфи Амрико дар пешгирӣ аз расидани кумакҳои нақдӣ ба осибдидагон аз сел дар Эронро пайгирӣ мекунад.