Ҷустуҷу
-
Mar 19, 2017
Ҷамъе аз намояндагони Маҷлиси миллии Афғонистони бори дигар бознигарӣ дар паймони амниятии Кобул-Вашингтонро хостор шуданд.
-
Mar 16, 2017
Дар идомаи талошҳои мармузона ва пинҳонии Арабистон барои нуфузи ваҳобият дар Афғонистон, Риёз эълом кардааст, ки тамоми дарсҳои динӣ дар донишгоҳи Нангарҳор бояд ба забони арабӣ ироа шавад.
-
Mar 13, 2017
Вобастаи тиҷории сафорати Афғонистон дар Русия гуфт: Кобул ба Маскав пешниҳод додааст, дар бозсозии 124 марказ ва таъсисоти муҳими Афғонистон мушорикат кунад.
-
Mar 11, 2017
Созмони Милал дар тозатарин гузориши худ дар мавриди Афғонистон, авзои ин кишварро рӯ ба вахомат донист ва пешбинӣ кард, ҷанг миёни нерӯҳои амниятии Афғонистон ва гурӯҳи Толибон, ки дар соли 2016 ба авҷ расида буд, дар соли 2017 ҳамчунон идома ёбад.
-
Mar 07, 2017
Дар ҳоле, ки занон дар ҷомеаи бисёр қавмии Афғонистон ҳамчунон қишри фаромӯш шуда маҳсуб мешванд, Абдуллоҳ Абдуллоҳ -раиси Шӯрои иҷроии давлати Ваҳдати миллии ин кишвар, бар эҷоди муҳити амн барои занон бахусус дар марокизи давлатӣ таъкид кард.
-
Mar 07, 2017
Манобеи хабарӣ аз вуқуи инфиҷори террористӣ дар Кобул хабар доданд.
-
Mar 04, 2017
Раиси Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Сенати Амрико ҳушдор дод, ки агар Доналд Трамп раисҷумҳури ин кишвар таваҷҷуҳи вижае ба Афғонистон накунад, нокомии стратегӣ интизори ин кишвар ва Амрикоро мекашад.
-
Mar 02, 2017
Шӯрои амнияти Созмони милал ҳамалоти террористии Афғонистонро маҳкум кард.
-
Feb 20, 2017
29нафар аз шаҳрвандони вилоятҳои Фориёб ва Бодғиси Афғонистон бар асари сармои шадид ва арезиши барф дар рӯзҳои ахир ҷони худро аз даст доданд.
-
Feb 19, 2017
Маводи мухаддир солҳост, ки дар Афғонистон тавлид ва транзит мешавад ва талошҳои давлати Кобул барои коҳиш ва ё мубориза бо ин падида ба ҷое нарасидааст.
-
Feb 17, 2017
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар дидор бо вазири умури хориҷаи Афғонистон, барқарории сулҳ дар ин кишварро калиди аслии барқарории субот дар минтақа унвон кард.
-
Feb 16, 2017
Сироҷиддин Аслов 16 феврал дар як нишасти матбуотии муштарак бо Салоҳуддин Рабонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон дар Душанбе гуфт, Тоҷикистон аз узвияти Афғонистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай пуштибонӣ мекунад ва ҳамкориҳоро бо ин кишвар дар чорчӯби дигар созмонҳои минтақаӣ тақвият мебахшад.
-
Feb 09, 2017
Дафтари Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ фаъолияти худро дар Афғонистон ба таври муваққат мутаваққиф кард.
-
Feb 09, 2017
Гурӯҳи террористӣ-такфирии ДИИШ масъулияти инфиҷори террористӣ дар муқобили Додгоҳи олии Афғонистон, дар шаҳри Кобулро ба ӯҳда гирифт. Дар ин инфиҷор дастикам 25 нафар кушта ва беш аз 40 нафари дигар низ захмӣ шуданд.
-
Feb 01, 2017
Масъулони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон муътақиданд, ки ба далели ноамн будани авзоъ дар шимоли Афғонистон сармоягузорон аз ширкат дар тарҳҳои ироашуда дар минтақаи озоди иқтисодии Панҷ, дар марзи муштараки ин ду кишвар, худдорӣ мекунанд.
-
Jan 28, 2017
Вазорати дифои Афғонистон аз афзоиши теъдоди занон дар артиши ин кишвар хабар дод.
-
Jan 26, 2017
Дар беш аз 1100 мактаби Афғонистон ба иллати ноамнӣ таътил эълом шудааст.
-
Jan 21, 2017
Мақомоти маҳаллӣ дар устони Нангарҳор дар шарқи Афғонистон аз кушта шудани ду шаҳрванди Тоҷикистон ва ду покистонии узви гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар ин минтақа хабар доданд.
-
Jan 19, 2017
Барак Обама дар ҳоле бо Кохи Сафед худоҳофизӣ кард, ки корномаи амалкарди низомияш аз ҳама раисҷумҳурҳои қаблии Амрико сиёҳтар буд.
-
Jan 15, 2017
Террористҳои такфирии ДИИШ бо ҳамла ба як мадрасаи улуми динӣ дар вилояти шарқии Нангарҳори Афғонистон, 12 нафарро рабуданд.