Таъкиди ҷамъӣ аз намояндагони Маҷлиси миллии Афғонистон бар бознигарӣ дар паймони амниятии Кобул-Вашингтон
(last modified Sun, 19 Mar 2017 15:36:20 GMT )
Март 19, 2017 20:36 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди ҷамъӣ аз намояндагони Маҷлиси миллии Афғонистон бар бознигарӣ дар паймони амниятии Кобул-Вашингтон

Ҷамъе аз намояндагони Маҷлиси миллии Афғонистони бори дигар бознигарӣ дар паймони амниятии Кобул-Вашингтонро хостор шуданд.

Ба гузориши рӯзи шанбеи хабаргузории тасним, Убайдуллоҳ Боракзай, намояндаи вилояти Урузгон дар Маҷлиси миллии Афғонистон таъкид кард, ҳузури низомии Амрико сабаби густариши ноамнӣ ва куштори бештар дар Афғонистон шудааст.

Ваӣ бо ибрози нигаронӣ аз афзоиши ноамниҳо дар ин кишвар гуфт, ҳузури низомиёни Амрико дар Афғонистон боиси ташдиди ҳамалоти Толибон дар ин кишвар мешавад ва танҳо роҳи таъмини амният дар Афғонистон хуруҷи ишғолгарон аз ин кишвари ҷангзада аст .

Убайдуллоҳ Боракзай, намояндаи вилояти Урузгон ҳамчунин афзуд, паймони амниятии Кобул-Вашингтон, фоидае барои Афғонистон надоштааст .

Ҳумоюн Ҳумоюн, муовини аввали Маҷлиси миллии Афғонистон низ гуфт, давлати ин кишвар токунун аз имзои паймони амниятӣ бо Амрико нафъе набурдааст ва аъзои маҷлиси миллӣ масъулият доранд, ин паймонро бознигарӣ кунанд .

Бо гузашти беш аз ду сол аз имзои паймони амниятии Кобул-Вашингтон, дархост барои бознигарӣ ё лағви ин паймон аз сӯи намояндагони Маҷлиси миллии Афғонистон, баёнгари ташдиди беэътимодӣ ба Амрико дар анҷоми тааҳҳудоти худ дар қиболи ин кишвар аст. Дар чорчуби ин паймон, Амрико ҳудуди даҳ пойгоҳи низомӣ дар Афғонистон дар ихтиёр дорад ва яке аз масъулиятҳои нерӯҳои Амрико дар ин паймон, муқобила бо ҳаргуна таҳдиди давлати Афғонистон аст. Аммо нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО худ ба омили ноамнӣ ва куштори мардуми Афғонистон табдил шудаанд  .

 

Барчасп