Ҷустуҷу
-
Feb 12, 2019
Маросими чиҳилумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ бо ҳузури мақомот ва шахсиятҳои сиёсӣ, парлумонӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии Тоҷикистон, сафирон, дипломатҳо, намояндагони сиёсӣ ва низомии кишварҳои муқими Тоҷикистон дар толори “Саъд”-и сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
-
Feb 12, 2019
Роҳпаймои миллионии миллати Эрон ба муносиби чиҳилумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон дар расонаҳои Афғонистон бозтоби густурдае дошт.
-
Feb 11, 2019
Мардуми Машҳад дар шимоли шарқи Эрон низ имрӯз ҳампои соири ҳамватанони худ дар роҳпаймоии 22 баҳман шукӯҳе ҳамосиро офариданд.
-
Feb 11, 2019
Миллати Эрон дар қатъномаи поёнии роҳпаймоии 22 баҳман эълом карданд: Амрикоро ҳамчунон тоғут ва таҷассуми айнии шарорат, хушунат, ризолат, буҳронсозӣ ва ҷангофаринӣ дар дунё медонанд.
-
Feb 11, 2019
Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Эрон барои сохти анвои мушакҳои зиддизиреҳ ва таҷҳизоти дифоӣ аз касе иҷоза намегирд ва нахоҳад гирифт ва роҳи худро бо қудрат идома хоҳад дод.
-
Feb 11, 2019
Ҳамзамон бо 22 баҳман (11феврал) ва чиҳилумин солрӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ, миллионҳо эронӣ имрӯз ба хиёбонҳо омаданд, то бо ҳузур дар роҳпаймоӣ, солгарди пирӯзии инқилобро гиромӣ бидоранд.
-
Feb 10, 2019
Вазири иттилооти ҷумҳурии исломии Эрон аз шиносоӣ ва дастгирии ҳафт тан аз вобастагон ба гурӯҳи террористии ДИИШ дар Эрон хабар дод.
-
Feb 10, 2019
Оятуллоҳ Лутфуллоҳи Софии Гулпойгонӣ, аз мароҷеи узоми тақлид бо ибрози таассуф ва таассур аз шаҳодати кӯдаки шиа дар шаҳр Мадинаи Арабистон ба дасти як ваҳҳобӣ, сукути маҷомеи байналмилалӣ дар баробари ин ҷинояти ваҳшиёнаро маҳкум кард.
-
Feb 10, 2019
Муовини умури байналмилали Созмони энержии атомии Эрон гуфт: Бино бар фармоиши мақоми муаззами раҳбарӣ, барои афзоиши ғанисозии уран ба 190 ҳазор су, дар Эрон омодагии комил вуҷуд дорад.
-
Feb 10, 2019
Раиси собиқи Маркази таҳқиқоти роҳбурдии Тоҷикистон гуфт: Тоҷикистон барои беҳбуди робита бо Эрон ҳамаи талошҳояшро кардааст ва масъулони давлати Эрон низ бояд барои беҳбуди равобити ду ҷониба қадам бардоранд.
-
Feb 10, 2019
Сар буридани Закариё Алҷобирии 6-солаи аҳли Арабистони Саудӣ ба дасти як ваҳҳобии ҷинояткор ин рӯзҳо дар бисёре аз расонаҳо ва шабакаҳои маҷозӣ эҳсосоти инсониро барангехтааст.
-
Feb 10, 2019
Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар инки Амрико аз мавозеъ ва аҳдофи зиддиэронии худ дар нишасти Варшава ақибнишинӣ кардааст, гуфт: Ин нишаст пеш аз шурӯъ маҳкум ба шикаст шуд.
-
Feb 10, 2019
Вазири хориҷа ва охирин сафири режими шоҳашоҳии Эрон, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад, дар мусоҳибае ба муносибати чиҳилсолагии инқилоби исломӣ, амалкарди Ҷумҳурии исломиро қобили тамҷид тавсиф кард ва гуфт, тасаввури тағйири низом дар Эрон «хушхаёлӣ» аст.
-
Feb 10, 2019
“Бар боли андеша” маҷмуъа барномае аст, ки бо ҳадафи ташвиқи мардум ба мутолиаи китоб ба муъаррифии бузургтарин нависандагони дунё ва осори онҳо мепардозад. Ин барнома рӯзҳои ҷумъа аз радиои тоҷикии Садои Хуросон пахш мешавад.
-
Feb 10, 2019
Маҳдӣ Тақӣ узви комиссияи амният ва дифои парлумони Ироқ рӯзи шанбе эълом кард, то кунун 70 намояндаи ироқӣ номаи ба ҷараён андохтани пешнависи тарҳи қонуни ихроҷи неруҳои бегона ба вижа низомиёни Амрико аз хоки Ироқро имзо кардаанд.
-
Feb 09, 2019
Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар баёнияе зимни гиромидошти 40-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ, 22 баҳманро ҷашни шигифтангези ваҳдати миллии эрониён ва сароғози фасли навини хидмат ба мардум донист.
-
Feb 09, 2019
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири ҷумҳури Қирғизистон дар ҷумҳури Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кард.
-
Feb 09, 2019
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав аз тасвиби тавофуқномаи эҷоди минтақаи озоди тиҷорӣ байни Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Эрон дар ояндаи наздик хабар дод.
-
Feb 09, 2019
Вазорати умури хориҷаи Эрон дар баёнияе ба муносибати 40-умин солгарди пирӯзии инқилоби шукӯҳманди исломӣ таъкид кард, таомул ва барқарории равобити иззатманд, мусолиматомез ва чандҷониба бо ҷаҳон бидуни ҳеҷ гуна султаҷӯӣ ва султапазирӣ, аз ҷумлаи роҳбурдҳои Эрон аст.