Ҷустуҷу
-
Dec 21, 2017
Раисиҷумҳури Туркия дар вокуниши шадид ба иқдоми вазири хориҷаи Иморот гуфт, душмании бархе аъроб бо Туркия барои сарпӯш гузоштан бар нотавонӣ ва хиёнати худашон аст, Туркия дар замони муносиб ҷавоби ононро хоҳад дод.
-
Dec 21, 2017
Нахуствазири режими саҳюнистӣ аз баргузории ҷаласаи Созмони Милали Муттаҳид барои баррасии тасмими Трамп дар бораи Қудс ба шиддат, интиқод кард.
-
Dec 21, 2017
Ба иллати масоили амниятӣ, баргузории таҷаммуот ва ҷашнҳои марбут ба шаби соли нави масеҳӣ дар майдони “Тақсим”-и Истанбул мамнуъ эълом шуд.
-
Dec 21, 2017
Моҷарои хариди гаронтарин хонаи дунё тавассути валиаҳди саудиро дар ин видео бубинед.
-
Dec 21, 2017
Вазири энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон аз афзоиши 10 дарсадии тавлиди барқ дар нерӯгоҳи барқӣ - обии “Норак” дар сурати бозсозии таҷҳизоти ин нерӯгоҳ хабар дод.
-
Dec 21, 2017
Қасд дорем дар барномаҳои "Арзиши варзиш" ба таъсири варзиш дар саломатии инсон бипардозем. Ҳамчунин хабарҳои варзиширо аз Тоҷикистон, Эрон ва ҷаҳон аз ин барнома бишнавед.
-
Dec 21, 2017
Додгоҳи вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон як сокини ин минтақаро ба иттиҳоми таблиғи афкори гурӯҳи террористии ДИИШ ва даъват ба барандозии низоми сиёсии ин кишвар дар Русия, ба шаш сол зиндон маҳкум кард.
-
Dec 20, 2017
Масъулони маҳаллӣ дар вилояти Қундуз аз масдуд шудани марз дар минтақаи Шерхон бандар ба рӯи тоҷирону мардуми Афғонистон тавассути давлати Тоҷикистон хабар медиҳанд ва меафзоянд, ки ин иқдомро чаҳор рӯз қабл он кишвар рӯи даст гирифтааст.
-
Dec 20, 2017
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз эҳтимоли содироти барқи ин кишвар дар тобистони соли оянда ба Узбакистон хабар дод.
-
Dec 20, 2017
Созмони гузоришгарони бидуни марз, Афғонистонро сеюмин кишвари хатарноку ноамни ҷаҳон барои хабарнигорон муаррифӣ кард.
-
Dec 20, 2017
Кевин Коверт, корманди муваққати Сафорат Амрико дар Тоҷикистон бо Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кард.
-
Dec 20, 2017
Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони баргузории маросими бузургдошти сиюмин Солгарди Истиқлоли ин кишварро содир кард.
-
Dec 20, 2017
Нишасти давраии чаҳорҷонибаи масъулони назоратҳои молии Эрон, Русия, Сурия ва Ироқ дар заминаи мубориза бо таъмини молии терроризм дар Теҳрон баргузор шуд.
-
Dec 20, 2017
Сухангӯи дафтари намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия эълом кард, 50 дарсад аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар бахши сохтусози ин кишвар фаъолият мекунанд.
-
Dec 19, 2017
Сафири Эрон дар Англия гуфт, намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид дар намоиши таблиғотӣ натавонист собит кунад, ки мушаки ямании шилликшуда ба Риёз эронӣ аст.
-
Dec 19, 2017
Кишварҳои исломӣ ҳамчунон ба ройзаниҳои худ барои наҷоти Қудс аз дасисаи ҷадиди Амрико алайҳи мусалмонон идома медиҳанд.
-
Dec 19, 2017
Як додгоҳи маҳаллӣ дар шимолу шарқи Чин яке аз сокинони ин минтақаро ба ҷурми тавҳин ба дини Ислом ва мусалмонон ба дуюним соли ҳабс маҳкум кард.
-
Dec 19, 2017
Узбакистон то соли 2021 810 тарҳ барои истифода аз энержии хуршедӣ дар тавлиди барқ ба арзиши беш аз панҷ миллиарду 300 миллион доллар иҷро мекунад.
-
Dec 19, 2017
Дуюмин нишасти Комиссияи муштараки байнидавлатии Тоҷикистону Кувейт дар заминаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмию фаннӣ баргузор шуд.