Ҷустуҷу
-
Jul 26, 2017
Муовини вазири умури хориҷаи Русия дар вокуниш ба таҳримҳои зидди русии ҷадиди Амрико гуфт, косаи сабри Маскав дар баробари рафторҳои Амрико дар ҳоли лабрез шудан аст.
-
Jul 26, 2017
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил бештарин шумори зиндониёнро дар Русия ташкил медиҳанд.
-
Jul 24, 2017
Намояндаи вижаи Русия дар Кобул аз эҳтимоли иқдоми низомии Маскав дар Афғонистон алайҳи гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.
-
Jul 24, 2017
Додгоҳи низомии шаҳри Екатеринбург дар минтақаи Урали Русия, муҳокимаи се шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми ҷазби афрод ба гурӯҳи террористии ДИИШ оғоз карда ва як ҷавони тоҷик, низ дар Русия ба иттиҳоми кӯмаки молӣ ба ДИИШ боздошт шудааст.
-
Jul 22, 2017
Ҳузури навҷавони нобиғаи эронии халлоқ дар намоишгоҳи ҳавоии “Макс- 2017”-и Русия нигоҳҳоро ба худ ҷалб кард.
-
Jul 21, 2017
"Макс" бузургтарин намоишгоҳи ҳаво-фазоии ҷаҳон дар Русия аст, ки ҳар ду сол як бор дар ин кишвар багузор мешавад.
-
Jul 12, 2017
Сергей Рябков муовини вазири хориҷаи Русия рӯзи сешанбе 11 июл дар нишасти хабарие дар Теҳрон бо таъкид бар лузуми риояти комили БАРҶОМ (Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак) аз сӯи ҳамаи тарафҳо гуфт: Роҳкори ҷойгузине барои БАРҶОМ вуҷуд надорад.
-
Jul 10, 2017
Раиси Ширкати давлатии РОСТЭК фош кард, Арабистон дар соли 2012 барои ҷилавгирӣ аз таҳвили С-300 ба Эрон, як қарордоди намоишии хариди ҷангафзор бо Русия имзо кард, вале аз иҷрои он сар боз зад.
-
Jul 05, 2017
Нишасти сеҷонибаи ҳайъатҳои олирутбаи Эрон, Русия ва Туркия пеш аз нишасти умумии Иҷлоси Остонаи Қазоқистон баргузор шуд.
-
Jun 26, 2017
Вазорати умури хориҷаи Русия эълом кард болгардҳое, ки ба сурати ношинос дар Афғонистон парвоз мекунанд ва ба гурӯҳи ДИИШ кумаки низомии таслеҳотӣ мекунанд, амрикоӣ ҳастанд ва ин масъала боиси нигаронии Русия аст.
-
Jun 25, 2017
Имрӯз якшанбе намози иди Саиди Фитр бо ҳузури даҳҳо ҳазор нафар аз мусулмонони Русия ва муҳоҷирони мусулмон, дар Маскав ва дигар шаҳрҳои ин кишвар иқома шуд.
-
Jun 24, 2017
Вазири умури хориҷаи Русия эълом кард, ибтикорҳои ин кишвар ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои Сурия, талошҳои оромишбахш ва сулҳҷӯёнаро дар ин кишвар тақвият кард.
-
Jun 23, 2017
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, мақомоти афғон ва фармондеҳони амрикоӣ бояд дар мавриди ҳимояти тадорукотӣ ва интиқоли ҷангҷӯёни ДИИШ тавассути чархболҳо дар шарқи Афғонистон ба Маскав тавзеҳ диҳанд.
-
Jun 18, 2017
Баҳром Муҳиддинов, бародари кӯчаки Диловар Муҳиддинов- сармоядори маъруфи тоҷики муқими Русия худкушӣ кард.
-
Jun 14, 2017
Чанде пеш дар Русия 5 нафар аз коргарони тоҷик боздошт шуданд, ҳарчанд 4 нафар аз онон билофосила озод шуданд, аммо маҳалли боздошти нафари панҷум ба тозагӣ мушаххас шудааст.
-
Jun 14, 2017
Шамшери Нодиршоҳи Афшор, мулаққаб ба Ҷаҳонкушо - аз подшоҳони қадими Эрон ба ҳамроҳи теъдоде аз ашёи гаронбаҳо аз музейе дар ҷумҳурии Доғистони Русия дуздида шуд.
-
Jun 13, 2017
Русия эълом кардааст, ки омодааст, ба тарҳи минтақаии интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ мавсум ба КАСА-100 бипайвандад. Зимнан Афғонистон аз ин иқдоми Русия истиқбол кард... Гузориши вижаи ҳамкормон Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ ба ин мавзӯъ ихтисос дорад:
-
Jun 13, 2017
Ҷашни рӯзи миллии Русия, ки яке аз ҷавонтарин ҷашнҳои ин кишвар ба шумор меравад, дар байни русҳо аз ҷойгоҳи вижае бархурдор аст.
-
Jun 12, 2017
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия, аз мамнуияти пӯшиши хабарии таҳаввулоти Қрим аз сӯи расонаҳои ғарбӣ интиқод кард.
-
Jun 04, 2017
Мавзӯи доштани гувоҳинома ё шаҳодатномаи русӣ барои ронандагони хориҷӣ дар Русия дубора ба миён омад, ки бисёре аз ронандагони хориҷӣ, ба вижа тоҷикистониёнро нигарон кардааст.