Ҷустуҷу
-
Feb 16, 2017
Раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон, ахиран, бо баёни ин ки Тоҷикистон барои қабули муаллимони эъзомии забони русӣ аз Русия ба ин кишвар омода аст, афзуд, пешниҳоди қабули муаллимони забони русӣ дар Тоҷикистон борҳо аз сӯйи раисҷумҳур матраҳ шудааст ва интизор меравад, мавзӯи мазкур дар ҷараёни сафари Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Душанбе низ дубора матраҳ шавад.
-
Feb 16, 2017
Сироҷиддин Аслов 16 феврал дар як нишасти матбуотии муштарак бо Салоҳуддин Рабонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон дар Душанбе гуфт, Тоҷикистон аз узвияти Афғонистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай пуштибонӣ мекунад ва ҳамкориҳоро бо ин кишвар дар чорчӯби дигар созмонҳои минтақаӣ тақвият мебахшад.
-
Feb 16, 2017
Тоҷикистон барои қабули муаллимони эъзомии забони русӣ аз Русия ба ин кишвар омода аст.
-
Feb 16, 2017
Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ муътақид аст, ки Тоҷикистон ба далели мавқеияти ҷуғрофиёии хеш дар меҳвари рақобати 3 қудрати таъсиргузор бар авзоъи минтақаи Русия, Амрико ва Чин воқеъ шуда, ки ҳар як аз ин ҷонибҳо аҳдофи роҳбурдии худро думбол мекунанд.
-
Feb 15, 2017
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидори фаъолон ва масъулони бахшҳои гуногун ва дастгоҳҳои иҷроии давлатии шаҳри Душанбе аз фасоди молии густарда дар иҷрои тарҳҳои сохтмонии ин шаҳр интиқод кард.
-
Feb 15, 2017
Қимати арзҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ин ҳафта афзоиш ёфтааст.
-
Feb 15, 2017
Зилзилаи шаби гузашта манотиқе аз шимоли Тоҷикистонро ларзонд.
-
Feb 15, 2017
Нахустин сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Италия, дар маросиме устуворномаи худро ба раиси ҷумҳурии ин кишвар тақдим кард.
-
Feb 14, 2017
Аҳолии шаҳри Душанбе аз афзоиши дуздӣ дар манозили маскунӣ ба шиддат ибрози нигаронӣ мекунанд.
-
Feb 13, 2017
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ҳадафи коҳиши хатар ва хисороти ношӣ аз заминларза, тарҳи қонун дар бораи “Бехатарии сейсмикӣ”- ро баррасӣ кард.
-
Feb 13, 2017
Ҷамъияти Тоҷикистон, дар ҳоли афзоиш аст ва дар соли 2030 ҷамъияти ин кишвар ба 11.5 миллион нафар хоҳад расид.
-
Feb 13, 2017
Дар Туркия дар ҳамкории сафорати Тоҷикистон бо Шӯрои робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркия (DEIK) ва рӯзномаи иқтисодӣ-сиёсии “Дунё” санаи 9 феврали соли 2017 маҷаллаи "Тоҷикистон" бахшида ба “25-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия” ба теъдоди 67 ҳазор нусха аз чоп баромад.
-
Feb 13, 2017
Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон аз пои будани кайфияти омӯзиш дар ин кишвар интиқод кард.
-
Feb 12, 2017
Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи “Миллат” гуфт, равобити Душанбе ва Теҳрон тира нест ва уфуқи равшане дорад.
-
Feb 12, 2017
Бар асоси бароварди донишмандони муҳити зист, тайи даҳаҳои ахир аз се як ҳиса аз масоҳати яхчолҳои Тоҷикистон бар асари гарм шудани ҳаво ва партоби газҳои гклхонаӣ об шудаанд ва хатар, коҳиши 30 дарсадии ин манобеъи табииро дар ояндаи наздик таҳдид мекунад.
-
Feb 11, 2017
Ширкати “Газпром”-и Русия аз идомаи иктишофи газ дар майдони гази “Сариқамиш”, воқеъ дар 36-километрии ғарби Душанбе даст кашид.
-
Feb 11, 2017
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз кушта шудани 13 тан аз шаҳрвандони ин кишвар бар асари фаромадани тарма дар рӯзҳои ахир ибрози нигаронӣ кард.
-
Feb 10, 2017
Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амрико дар паёмҳои мутақобил, 25- умин солгарди равобити дипломатӣ байни ду кишварро табрик гуфтанд.
-
Feb 09, 2017
Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ахиран, дар додгоҳҳои ин кишвар ба ҷурми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ ба муддати тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шудаанд.