Феврал 16, 2017 10:51 Asia/Dushanbe
  • Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар рақобатҳои геополитикии қудратҳои бузург

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ муътақид аст, ки Тоҷикистон ба далели мавқеияти ҷуғрофиёии хеш дар меҳвари рақобати 3 қудрати таъсиргузор бар авзоъи минтақаи Русия, Амрико ва Чин воқеъ шуда, ки ҳар як аз ин ҷонибҳо аҳдофи роҳбурдии худро думбол мекунанд.

     Ба гузориши сойти Cabar.Asia, Михаил Петрушков гуфтааст, ки акнун дар Осиёи Марказӣ ба шиддат тарҳҳои чинии роҳи Абрешим, русии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва амрикоии CASA 1000 думбол мешавад, ки Тоҷикистон низ наметавонд аз ин рақобатҳо канор бимонад.

  Чин бо ихтисоси миллиардҳо доллар қарзҳо ва эътибороти молӣ барои тарҳҳои ҳамлу нақл ва энержии Тоҷикистон амалан ин кишварро таҳти нуфузи иқтисодии худ қарор медиҳад.

  Русия низ бо тақвияти ҳамкориҳои низомӣ ва амниятӣ бо Тоҷикистон дар пайи ташаннуҷи авзоъ дар марзи ин кишвар бо Афғонистон, талош мекунад, ҳузури низомии худ дар қаламрави ин ҷумҳуриро тасбит кунад. Аммо Амрико, ки дар даврони раёсатҷумҳурии Барак Обама муваффақ ба оғози ҳамкории вазорати умури хориҷаи хеш бо 5 кишвари Осиёи Марказӣ дар қолаби “5+1” шуда буд, дар замони зимомдории Доналд Трамп сиёсати муқобила бо нуфузи Русия ва Чин дар минтақа, аз ҷумла дар Тоҷикистонро идома хоҳад дод. Зеро Амрико бо ироаи тарҳи эҷоди масирҳои ҷадиди транзитӣ ва роҳҳои интиқоли энержӣ дар Осиёи Марказӣ талош хоҳад кард, ки бар авзоъи кишварҳои минтақа тасаллути комил дошта бошад.

 

Барчасп