Ҷустуҷу
-
Dec 15, 2020
Шаҳрдории Душанбе вуруди васоили нақлияи мусофиркаш аз ҷануб ва шарқи Тоҷикистон ба пойтахти ин кишварро маҳдуд кард.
-
Dec 15, 2020
Сухангӯи ширкати давлатии Барқи тоҷик бори дигар аз мардуми ин кишвар дархост кард, то бо пардохти бамавқеи ҳазинаи барқ, сарфаҷӯиро ҳам дар дастури кори худ қарор диҳанд.
-
Dec 14, 2020
Созмони ғизо ва доруи Амрико ҳушдор дод, ки чор ширкаткунанда дар озмоиши ваксинаи Ковид-19 ширкати амрикоии Pfizer ба фалаҷи рӯй мубтало шудаанд.
-
Dec 13, 2020
Роҳбари Маркази вирусшиносии Гамелияи Вазорати тандурустии Русия эълом дошт, ки ваксинаи Спутник V баданро то ду сол аз вируси Ковид-19 муҳофизат мекунад.
-
Dec 13, 2020
Дар серӣ барномаҳои “диданиҳои Эронзамин” (ҷозибаҳои Эронзамин) қасд дорем ҷозибаҳои гардишгарии Эронро аз минтақаҳои таърихӣ, саноъатӣ, сайёҳӣ ва мазҳабӣ муъаррифӣ кунем. Ин барнома ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе тақдими ҳузуратон мешавад.
-
Ҳазинаи бахшҳои ҳунар ва варзиш, панҷ баробар бештар аз саноат ва сохтмонсозӣ дар будҷети Тоҷикистон
Dec 12, 2020Дар будҷети соли 2021 ҳукумати Тоҷикистон барои бахшҳои ҳунар ва варзиш 5 баробар бештар аз саноат ва сохтмонсозии манобеи молӣ пешбинӣ шудааст.
-
Dec 12, 2020
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба изҳороти мудохилаҷӯёнаи Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия дар Бокӯ вокуниш нишон Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки рӯзи панҷшанбе барои ширкат дар маросими режаи низомии нерӯҳои ҷумҳурии Озарбойҷон ба муносибати озодии манотиқи ишғолшудаи ин кишвар ба Бокӯ сафар карда буд, дар ҳузури Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон байте аз як шеъри ҷудоиталабона дар бораи рӯди Арас дар марзи Эрону ҷумҳурии Озарбойҷонро хонд.
-
Dec 12, 2020
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мардуми кишвараш хост бо ҳадафи сарфаҷӯӣ дар масрафи барқ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти худсохту сермасраф ҷилавгир кунанд.
-
Dec 12, 2020
Вазорати хориҷаи Туркия ба ҷои узрхоҳӣ аз изҳороти насанҷидаи раисиҷумҳури ин кишвар дар сафар ба Бокӯ, дар вокуниш ба посухи мақомоти эронӣ ба ин изҳорот, сафири Эрон дар Анкараро фарохонд.
-
Dec 11, 2020
Кохи “Ваҳдат”, ки бинои аввалияи он дар соли 1974 мелодӣ сохта шуда ва ба тозагӣ мароҳили бозсозии он поён ёфтааст, бо ҳузури раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе бозкушоӣ шуд.
-
Dec 11, 2020
Нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба раёсати Ӯзбакистон, ки ба сурати видеоӣ баргузор шуд, бо имзои 12 санад ба кори худ поён дод.
-
Dec 10, 2020
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як муллои тоҷик дар ноҳияи Ваҳдат ба иттиҳоми таъсиси мадрисаи ғайримуҷози исломӣ хабар дод.
-
Dec 10, 2020
Марде, ки сигор(сигарет)-и худро ҷилави як харчанг андохта буд бо камоли таъаҷҷуб дид, харчанг сигорро бардошта ва мекашад!
-
Dec 09, 2020
Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон гузориши ахири Вазорати хориҷаи Амрико дар бораи нақзи ҳуқуқи динӣ ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистонро ғайривоқеӣ, такрорӣ ва беасос хонд.
-
Dec 07, 2020
Давлати Швейтсария ва сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 50 ҳазор доллар таҷҳизоти пизишкӣ барои муқобила бо корона ирсол карданд.
-
Dec 07, 2020
Дар идомаи раванди коҳишии маргумирҳои коронаӣ дар Эрон дар шабонарӯзи гузашта 284 нафар дар ин кишвар ҷони худро дар пайи ибтило ба ин беморӣ аз даст доданд.
-
Dec 07, 2020
Раиси сотсиал-демократии Тоҷикистон аз гирифтани як вакили мудофеи ҳуқуқии ботаҷриба барои дифоъ аз муовини боздоштшудаи ин ҳизб хабар дод.
-
Dec 07, 2020
Раиси Ҷумҳурии Амрико аз гирифтор шудани вакили шахсиаш Руди Ҷулиани ба вируси корона хабар дод.
-
Dec 07, 2020
Як мошини боркаш пиразани ҳиндиро зер гирифт, аммо дар камоли нобоварӣ ин зани куҳансол бидуни ҳеҷ гуна осебдидагӣ аз ҳодиса ҷони солим бадар бурд.
-
Dec 06, 2020
Сухангӯи ширкати давлатии Барқи тоҷик ваъда дод, ки бо поёни тармими хутути интиқоли барқ то як ҳафтаи дигар маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон бекор карда мешавад.