Ҷустуҷу
-
Feb 28, 2019
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, бо таъкид бар лузуми афзоиши сатҳи ҳамкории иқтисодии Эрон ва Арманистон гуфтанд: Бархилофи майли амрикоиҳо, равобити Теҳрон ва Ереван бояд мустаҳкам, мустамар ва дӯстона бошад.
-
Feb 26, 2019
“Ҷумҳурии исломии Эрон кумак ба давлат ва миллати Сурияро кумак ба ҳаракат ва ҷараёни муқовимат медонад ва аз самими қалб ба он ифтихор мекунад”.
-
Feb 26, 2019
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидор бо раисиҷумҳури Сурия гуфтанд, ҳимоят аз Сурияро ҳимоят аз муқовимат медонем ва ба он ифтихор мекунем.
-
Feb 14, 2019
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ шаҳодати ҷамъе аз посдорони Инқилоби Исломӣ дар ҳодисаи террористии устони Сиистон ва Балучистонро таслият гуфтанд.
-
Feb 13, 2019
Баёнияи “Гоми дувуми инқилоб” хитоб ба миллати Эрон ба муносибати чиҳилумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ аз сӯи раҳбари муаззами инқилоб содир шуд.
-
Feb 07, 2019
Бо мувофиқати Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, ҷамъи зиёде аз маҳкумони додгоҳҳои умумӣ ва инқилоб, созмони қазоии нерӯҳои мусаллаҳ ва созмони таъзироти ҳукуматӣ, машмули афв ва тахфифи муҷозот қарор гирифта ва аз раъфати исломӣ баҳраманд мешаванд.
-
Dec 26, 2018
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) дар маросими ташйиъи пайкари оятуллоҳ Сайид Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрудӣ, раиси фақиди Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон дар Мусаллои Имом Хумайнӣ (раҳ), дар Теҳрон ҳузур ёфтанд.
-
Dec 26, 2018
Дар пайи вуқӯи ҳодиса барои автобуси ҳомили донишҷӯёни Донишгоҳи озоди исломии воҳиди улум ва таҳқиқоти Теҳрон, ки ба ҷон бохтан ва ҷароҳати теъдоде аз донишҷӯён анҷомид, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ин ҳодисаи мусибатбор ва дардоварро таслият гуфтанд.
-
Dec 12, 2018
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори ҷамъе аз хонаводаҳои шаҳидони дифои муқаддас ва мудофеи ҳарам ва дифоъ аз марзҳо ва амнияти кишвар, тасреҳ карданд: Душманони саршиноси Эрони исломӣ, ғарқ дар фасоди ахлоқӣ ва сиёсӣ ҳастанд, агар мехоҳед, Амрикоро дуруст бишиносед, ба давлатмардон ва раисҷумҳури Амрико нигоҳ кунед.
-
Dec 05, 2018
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба бисту ҳафтумин Иҷлоси саросарии намоз дар Эрон, ин иҷлосро нишонаи ҳақгузорӣ дар баробари фаризаи намоз донистанд.
-
Nov 25, 2018
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ваҳдату якдилӣ ва якзабониро танҳо роҳи ғалабаи дунёи Ислом бар тавтиаҳо донистанд.
-
Nov 24, 2018
Ба муносибати фаро расидани мелоди босаодати ҳазрати хатми мартабат Муҳаммади Мустафо, саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва валодати ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ алайҳиссалом, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо пешниҳоди афв ё тахфиф ва табдили муҷозоти як ҳазору ҳаштодушаш нафар аз маҳкумони маҳокимаи умумӣ ва инқилоб, созмони қазоии нерӯҳои мусаллаҳ ва созмони таъзироти ҳукуматӣ мувофиқат карданд.
-
Oct 30, 2018
Дар “Арбаин”-и ҳусайнӣ ҳусайнияи Имом Хумайнӣ мизбони ҳайатҳои донишҷӯӣ аз саросари кишвар буд ва донишҷӯёни дилдодаи ҳазрати Абиабдуллоҳ Алҳусейн ва асҳоби бовафои эшон дар ҳузури Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ба азодорӣ пардохтанд.
-
Oct 04, 2018
Расонаҳои арабӣ баёноти имрӯз (панҷшанбе)-и ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар ҳамоиши даҳҳо ҳазорнафарии басиҷиёнро бозтоб доданд ва ба нақл аз эшон навиштанд, мардуми Эрон бо шикастани таҳримҳо силии дигаре ба Амрико хоҳанд зад.
-
Sep 30, 2018
Ҳафтумин посдошти адабиёти ҷиҳод ва муқовимат бо мавзуи баррасии нақши бонувон дар даврони дифои муқаддас, ҳамроҳ бо интишори тақризи раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар китоби “Фарангис” дар муассисаи пажуҳишии фарҳангии инқилоби исломӣ баргузор шуд.
-
Sep 22, 2018
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар пайи ҳодисаи террористии рӯзи шанбе дар Аҳвоз (ҷануби ғарби Эрон), ки ба шаҳодат ва захмӣ шудани ҷамъе аз мардуми Эрон мунҷар шуд, дар паёме бо таслият ба хонаводаи шуҳадои ин ҳодисаи талх ва таассуфбор таъкид карданд, дастгоҳҳои масъули иттилоотӣ муваззафанд бо суръат ва диққат дунболаҳои ҷинояткоронро таъқиб ва ононро ба сарипанҷаи муқтадири қазоии кишвар бисупоранд.
-
Sep 08, 2018
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ асри ҷумъа дар дидори Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ва ҳайъати ҳамроҳ, муҳимтарин ниёзи имрӯзи дунёи исломро наздикии ҳарчи бештари кишварҳои исломӣ ва ҳамафзоии онҳо донистанд.
-
Sep 08, 2018
Раиси ҷумҳурии Русия, ки барои ширкат дар иҷлоси сеҷонибаи Теҳрон дар бораи Сурия ба Эрон омада буд, ҷумъашаб бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор кард.
-
Aug 13, 2018
Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон, бо ишора ба ҳарфҳои беадабонаи мақомоти Амрико дар бораи таҳрим, ҷанг ва музокира гуфтанд: Таъкид мекунем, ҷанг нахоҳад шуд ва музокира нахоҳем кард.
-
Aug 09, 2018
Маросими ғуборрубии марқади мутаҳҳари ҳазрати Алӣ ибни Мусалризо (а) аз наводагони гиронқадри расули акрам (с) бо ҳузури раҳбари муаззами инқилоби исломӣ баргузор шуд.