Ҷустуҷу
-
Sep 28, 2018
Сенатори демократи Амрико тарҳе ироа кард, ки дар сурати тасвиб, эъломи ҷанги ин кишвар бо Эрон, бидуни муҷаввизи конгресс мамнуъ мешавад.
-
Sep 23, 2018
Созмонҳои ғайридавлатии Эрон иқдоми хилофи урфи байналмилалии Амрико дар хуруҷ аз барномаи ҷомеи иқдоми муштарак БАРҶОМ-ро нақзи мусаллами ҳуқуқи башар донистанд.
-
Sep 21, 2018
Муовини вазири умури хориҷаи Русия бо ҳушдор дар бора таҳримҳои ҷадиди Амрико, ин рӯйкарди Вашингтонро таҳдиде барои суботи ҷаҳонӣ хонд.
-
Sep 17, 2018
Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон, Иҷлоси сеҷонибаи Эрон, Афғонистон ва Ҳиндро дар Кобул бо мавзуи густариши ҳамкориҳои минтақаӣ, мусбат арзёбӣ кард ва афзуд: Дар ин нишастҳо кишварҳои мустақил метавонанд дар муқобили сиёсатҳои қулдурмобонаи Амрико истодагӣ кунанд.
-
Sep 16, 2018
Як рӯзномаи амрикоӣ ба нақл аз мақомоти мухталифи ин кишвар гузориш дод, ки Трамп дар фикри барканории Ҷеймс Матис аз симмати раёсати Пентагон аст.
-
Sep 16, 2018
Намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон аз бемайлии Амрико ба поён ёфтани ҷанг дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард.
-
Sep 15, 2018
Намояндаи Эрон дар ҳайати Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) бо ишора ба нотавонии тавлидкунандагон дар рафъи камбуди нафт гуфт, Амрико ба ҳадафи худ дар хусуси ба сифр расонидани содироти нафти Эрон намерасад.
-
Sep 12, 2018
Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Имрӯз Амрико дар бадтарин шароити ҷаҳонӣ қарор гирифта ва ҷуз чанд кишвар ва режими маълумулҳол дар минтақа, ҳеҷ кас канори Амрико нест.
-
Sep 04, 2018
Натоиҷи як пажӯҳиши ҷадид дар Амрико нишон медиҳад, дар ҳар 15 дақиқа як навзоди муътод дар ин кишвар мутаваллид мешавад.
-
Aug 28, 2018
Тарҳи даъвоии Эрон зидди Амрико дар Девони Байналмилалии Додгустарӣ дар расонаҳои ҷанубу шарқи Осиё бозтоби густурдае дошт.
-
Aug 27, 2018
Девони Байналмилалии Додгустарӣ ба унвони яке аз аркони Созмони Милали Муттаҳид аз имрӯз - душанбе ( 27 – уми август ) ба муддати чаҳор рӯз ба шикояти Эрон аз Амрико расидагӣ мекунад. Қарор аст дар ин давр аз расидагӣ ба шикоят, салоҳияти девон барои судури қарори муваққат баррасӣ шавад.
-
Aug 26, 2018
Сиёсатмадори маъруфи мисрӣ, сукути мармузи кишварҳои арабиро дар қиболи қатъи кумакҳои Амрико ба фаластиниҳо маҳкум кард.
-
Aug 25, 2018
Таҳримҳои якҷонибаи Амрико бархилофи муқаррароти тиҷороти озоди ҷаҳонӣ аст.
-
Aug 24, 2018
Вазири умури хориҷаи Эрон мавзеи Теҳрон дар Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (Гаага) алайҳи Амрикоро бисёр қавӣ, унвон кард ва гуфт, амрикоиҳо ба думболи доман задан ба корҳои таблиғотӣ ҳастанд.
-
Aug 20, 2018
Бархе манобеи хабарӣ аз тарҳи Вазорати дифои Амрико барои эҷоди тағйироти густардаи биологӣ дар низомиёни ин кишвар хабар медиҳанд.
-
Aug 18, 2018
Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар, Амрико ва Британияро шарики ҷинояти ахири эътилофи мутаҷовизи Саудӣ дар Яман донист, ки тайи он автобуси ҳомили кӯдакони яманӣ ҳадаф қарор гирифт.
-
Aug 16, 2018
Ба вуҷуди талошҳои Амрико барои ҳамкориҳои наздик бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ихтилофафканӣ миён Русия ва ҷумҳуриҳои ин минтақа, ин тарҳ то кунун роҳ ба ҷое набурдааст.
-
Aug 14, 2018
Раисҷумҳури Туркия аз таҳрими колоҳои электронии тавлиди Амрико дар он кишвар хабар дод.
-
Aug 14, 2018
Қатъи ҳамкории Вашингтон бо Маскав дар муоҳидаи осмонҳои боз интиқоди муовини вазири хориҷаи Русияро дар пай дошт.
-
Aug 14, 2018
Давлати Амрико ба шаҳрвандони ин кишвар дар бораи сафар ба Тоҷикистон ҳушдор дода таъкид кардааст, дар сафар ба ин кишвар эҳтиёт дошта бошанд.