Ҷустуҷу
-
Май 12, 2019
Бонуи будоӣ ба номи Урапан Руёмиял аз кишвари Тайланд дар маросиме дар ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) дар Машҳад мусалмон шуд ва номи Марямро барои худ баргузид.
-
Май 11, 2019
Гурӯҳи такфирии террористии ДИИШ дар фатвои аҷиб, ҷангҷӯёни ин гурӯҳро аз гирифтани рӯза наҳй кардааст.
-
Май 11, 2019
Фаъоли твиттерӣ ва ифшогари асрори хонадони саудӣ дар тозатарин паёми твиттерии худ ҷузъиёти боздошти бародари валиаҳди саудиро фош кард.
-
Май 11, 2019
Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар ростои сиёсати ҳимоятгароии иқтисодӣ, бо афзоиши таърафаҳо бар мавод ва колоҳои воридотӣ ба Амрико, амалан вориди ҷанги тиҷорӣ бо бисёре аз иқтисодҳои бузурги ҷаҳон шудааст. Давлати Трамп акнун на фақат бо Чин вориди ҷанги тиҷорӣ шуда, балки шарикони аврупоии Амрико низ акнун дар маърази муноқишаи тиҷорӣ бо Вашингтон қарор доранд.
-
Май 11, 2019
Вазорати беҳдошти Фаластин ҷумъашаб аз шаҳодати як фаластинӣ ва захмӣ шудани дастикам 30 нафари дигар дар панҷовуҳаштумин ҷумъаи роҳпаймоии бузурги Ҳаққи бозгашт бар борикаи Ғаза хабар дод.
-
Май 11, 2019
“Бар боли андеша” маҷмуъа барномае аст, ки бо ҳадафи ташвиқи мардум ба мутолиаи китоб ба муъаррифии бузургтарин нависандагони дунё ва осори онҳо мепардозад. Ин барнома рӯзҳои ҷумъа аз радиои тоҷикии Садои Хуросон пахш мешавад.
-
Май 10, 2019
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба далели коҳиши эътимоди мардум ба бонкҳо, аз низоми бонкии ин кишвар ба шиддат интиқод кард.
-
Май 09, 2019
Покистон тамоюли худ барои такмили хатти лӯлаи гази худ бо Эрон мавсум ба хатти "Лӯлаи сулҳ"-ро иброз доштааст.
-
Май 09, 2019
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, сиёсатҳои хасмонаи Амрико зидди Куба бавижа бардоштани таълиқи бахши се қонуни таҳримии " Helms - Burton"-ро маҳкум ва таъкид кард: Вашингтон бо ин иқдом бори дигар нишон дод барои фишор ба кишварҳои мустақил аз ҳар абзори ғайримашрӯе истифода мекунад.
-
Май 09, 2019
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ асри чаҳорашнбе дар дидори ҳудуди ду ҳазор нафар аз талабаҳои саросари Эрон, фозилон, устодон ва мудирони ҳавзаҳои илмия, вазифаи ҳавзаҳо ва олимони динро баёни маорифи ислом ва талош барои амалисозии онҳо дар ҷомеъа хонданд ва таъкид карданд, олимон дар мақоми варасаи паёмбарон бояд барои амалисозии тавҳид ва иқомаи қист, муҷоҳидат кунанд .
-
Май 08, 2019
Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба душманон ҳушдор дод, ҳар гуна таҳарруки эҳтимолии ононро бо посухи пушаймонкунанда мувоҷеҳ хоҳад кард.
-
Май 08, 2019
Сафирони кишварҳои узви БАРҶОМ шомили Олмон, Англия, Чин, Русия ва Фаронса имрӯз чоршанбе ба Вазорати умури хориҷаи Эрон даъват шуданд ва номаи раисҷумҳури Эрон ба онҳо таслим шуд.
-
Май 08, 2019
Бо гузашти 78 сол аз нобудии шерҳои эронӣ, як шери нари эронӣ, ки Комрон ном дорад, аз боғи ҳайвоноти Бристоли Англия ба боғи ҳайвоноти Ирами шаҳри Теҳрон фиристода шуд. Ҷуфти модаи ӯ низ ҳафтаи оянда аз боғи ҳайвоноти Дублини Ирландия ба Эрон хоҳад омад.
-
Май 07, 2019
Нахустин бор дар ҷаҳон пажуҳишгарони Бемористони Разавии Машҳад бо ҳамкории Донишгоҳи Сент-Ҷорҷи Англия гени ҷадиде кашф карданд, ки бо бемориҳои бофтҳои қалбӣ муртабит аст.
-
Май 07, 2019
Беш аз 500 додситони собиқи Амрико бо имзои номаи саркушодае эълом карданд, бино бар шавоҳиди мавҷуд дар гузориши бозраси вижаи парвандаи дахолати Русия дар интихоботи 2016, агар Трамп як шаҳрванди оддии Амрико мебуд, ба таври қатъӣ ба ҷурми мамонеат аз иҷрои адолат муҳокима мешуд.
-
Май 07, 2019
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва раиси парлумони ин кишвар дар паёмҳои ҷудогонае фаро расидани моҳи пурфайзу баракати Рамазонро ба ҳамтоёни худ дар кишварҳои исломӣ табрик гуфтанд.
-
Май 07, 2019
Раиси ҷумҳури Фаронса дар дидори Дабири кулли Шурои Аврупо таъкид кард, Русия бояд дар Шурои Аврупо боқӣ бимонад.
-
Май 07, 2019
Нахуствазири Тоҷикистон аз кунд будани раванди бозсозии масири Душанбе-Бохтар ибрози нигаронӣ кард.
-
Май 06, 2019
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ҷамъи толибони улуми динӣ тавсияҳоеро барои истифода аз фурсати моҳи мубораки Рамазон ва таваҷҷуҳи вижа ба ибодат дар саҳарҳои ин моҳ баён карданд.
-
Май 06, 2019
Бо вуҷуди таъкиди мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон бар ҳалли ихтилофоти марзии ин ду кишвари ҳамсоя, танишҳо дар манотиқи мавриди ихтилоф дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд идома дорад.