Ҷустуҷу
-
Sep 10, 2016
Бонуи тирандози эронӣ ба мақоми қаҳрамонии бозиҳои Паролимпии Рио дар бахши туфанги бодии 10 метр даст ёфт ва рекорди ҷаҳониро дар ин ришта ба номи худ сабт кард.
-
Sep 09, 2016
Муовини дабири кулли Созмони милал дар умури ҳуқуқи башар гуфт, дар пайи ноамниҳо дар Афғонистон, солона ҷамъияти зиёде ба оворагони ин кишвар афзуда мешавад ва теъдоди зиёде аз кӯдакон низ ба иллати норасоии ғизо ҷони худро аз даст медиҳанд.
-
Sep 09, 2016
Бо гузашти ҳудуди як сол аз фоҷеаи хунбори Мино ва шаҳодати мазлумонаи ҳазорон ҳоҷии Хонаи Худо, бетафовутии ҷомеаи байналмилалӣ ва густохиву бемасъулиятии мақомоти саудӣ беш аз пеш бар ҳамагон ошкор шудааст.
-
Sep 08, 2016
Дар шаби шаҳодати панҷумин ситораи осмони имон ва ҳидоят ва набераи бузургавори Расули Худо (с), ҳазрати имом Муҳаммади Боқир (ъ) ҷаҳони Ислом ба вижа Эрони исломӣ якпорча сиёҳпӯш ва азодор аст.
-
Sep 08, 2016
Нахуствазири Узбакистон ба унвони раисиҷумҳури муваққати ин кишвар таъин шуд.
-
Sep 08, 2016
Ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон, пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии вобаста ба сафорати Эрон, 3 китоб аз маҷмӯаи осори мунтахаби адабиёти классикии Эронро ба ду хатти форсӣ ва сирилик мунташир кард.
-
Sep 08, 2016
Дабири кулли созмони Паймони амнияти ҷамъӣ, ҷудоии кишварҳои созмони Паймони амнияти ҷамъӣ аз Русияро ҳадафи Ғарб донист.
-
Sep 08, 2016
Коршиноси тоҷик ҷоизаи 3 миллион долларии Амрико барои ёфтани полковник Гулмурод Ҳалимов ва сипас интисоби вай ба унвони вазири ҷанги гурӯҳи террористии ДИИШ-ро, оғози тавтеаи ҷадиди Амрико барои минтақаи Осиёи Марказӣ медонад.
-
Sep 08, 2016
Понздаҳумин давраи Бозиҳои паралимпии 2016 дар Рио бомдоди рӯзи панҷшанбе, ба вақти Теҳрон дар варзишгоҳи Мараканаи шаҳри Рио-де-Женейро бо маросими вижаи Бразилия оғоз шуд. Дар ин маросим ҷамъе аз мақомҳои аршади Бразилия, масъулони кишварҳои ширкаткунанда ва намояндагони ниҳодҳои байналамилалӣ ҳузур доштанд.
-
Sep 08, 2016
Созмони рушди саноати Милали Муттаҳид дар гузориши ҷадиди худ Тоҷикистонро дар радифи кишварҳои камдаромад қарор дод.
-
Sep 07, 2016
Расонаҳои ҷаҳон бо инъикоси густурдаи паёми Раҳбари инқилоб дар бораи ҳаҷ ва иттифоқоти талхи соли гузашта дар Арабистони Саудӣ, ки ба далели бекифояти ин режим рух дод, ба баррасии ин паём пардохтанд.
-
Sep 07, 2016
Ширкати нафтии канадаии "Тетис петролиюм" дар як додгоҳи байналмилалӣ алайҳи ду шарики чинӣ ва фаронсавии худ бар сари як майдони нафтӣ дар Тоҷикистон шикоят кардааст.
-
Sep 06, 2016
Дар пайи муҳаққақ шудани шароит барои иртиқои равобити Эрон ва Англия, ду кишвар тасмим гирифтанд, сафирони худро дар Теҳрон ва Лондон мустақар кунанд.
-
Sep 06, 2016
Як мақоми собиқи Хадамоти амнияти Русия интисоби Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирории тоҷикро ба мақоми фармондеҳи низомии ДИИШ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ нохушоянд унвон кард.
-
Sep 06, 2016
Аъзои як гурӯҳи такфирӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ба иттиҳоми талош барои рабудани як ҳавопаймо ва анҷоми ҳамалоти террористӣ боздошт шуданд.
-
Sep 06, 2016
Расонаҳои хориҷӣ, бавижа расонаҳои кишварҳои минтақа паёми ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломиро ба зиёраткунандагони имсолаи хонаи Худо бозтоб доданд.
-
Sep 05, 2016
Таҳаввулоти майдонии Яман дар қолаби афзоиши бомбаборони ҷангандаҳои Саудӣ алайҳи аҳдофи ғайринизомӣ, вокуниши артиш ва нерӯҳои мардумии Яман алайҳи мавозеи саудиҳо ва ҳамчунин тасмими Арабистон барои интиқоли бархе муздурони вобаста ба Мансур Ҳодӣ ба манотиқи марзии Яман ва Арабистон пайгирӣ мешавад.
-
Sep 05, 2016
Вашингтон аз шикасти музокира бо Русия дар бораи оташбас дар Сурия хабар дод ва масъулияти ин шикастро мутаваҷҷеҳи Маскав кард.
-
Sep 05, 2016
Беш аз 100 нафар аз вобастагони генерал Абдуҳалим Назарзода, саркардаи шӯриши сентябри соли 2015, дар як соли гузашта дар муҳокимаҳои қазоии Тоҷикистон таҳт бозҷӯӣ қарор гирифтаанд.
-
Sep 04, 2016
Ҷангандаҳои Арабистон ҳамчунон манотиқи мухталифи Яманро бомбаборон мекунанд.