Ҷустуҷу
-
Mar 07, 2018
Бахтиёр Додохонов, писари 33-солаи мудири собиқи чопхонаи "Шарқи Озод” Манзур Додохонов, ҳамроҳи ҳамсари 33-сола ва писари 10 ва 12-солааш Беҳрӯз ва Некрӯз рӯзи 5 март дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ ҳалок шудаанд. Гуфта мешавад, ки онҳо дар меҳмонхона эҳтимолан заҳролуд шудаанд.
-
Mar 07, 2018
Муовини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон аз боздошт ва ҳабси теъдоде аз аъзои ДИИШ-и бозгашта аз Сурия хабар дод.
-
Mar 07, 2018
Як маркази таҳқиқоти амрикоӣ дар бораи мизони қарзи хориҷии Қирғизистон ва Тоҷикистон ба вижа Чин изҳори нигаронӣ кард.
-
Mar 07, 2018
Баргузории ҷашнвораи мода ва либос ба сабки ғарбӣ ва ба дур аз суннатҳои исломӣ дар Мадинаи Мунаввара, хашми корбарони араби шабакаҳои иҷтимоиро барангехтааст.
-
Mar 07, 2018
Мақомҳои амниятӣ ва интизомии Қазоқистон тайи панҷ соли гузашта муваффақ ба пешгирӣ аз вуқӯи 38 маврид аз амалиёти террористӣ дар ин кишвар шудаанд.
-
Mar 07, 2018
Ҷашнвора – озмуни “Кулчақанд - лаззатбахши суфраи мо” имрӯз (чаҳоршанбе) дар майдони маркази тиҷории “Ёвар”-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
-
Mar 07, 2018
Мудири бахши Осиёи Марказӣ дар Пажӯҳишгоҳи масоили роҳбурдии Русия яке аз масоили муҳим дар дидори рӯзи 9-уми марти раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар Душанберо лағви раводиди сафари шаҳрвандони ин ду кишвари ҳамсоя медонад.
-
Mar 07, 2018
Нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон раванди ру ба коҳишеро тай мекунад.
-
Mar 07, 2018
Раиси ҷумҳурии Қирғизистон эълом кард, ифтитоҳи пойгоҳи ҷадиди артиши Русия дар марзи муштараки Қирғизистон бо Тоҷикистон, ба тасмими Маскав бастагӣ дорад.
-
Mar 07, 2018
Додгоҳи ноҳияи Истаравшан дар вилояти Суғди Тоҷикистон, муҳокимаи панҷ нафар аз сокинони ин минтақаро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуаи “Салафия” оғоз кардааст.
-
Mar 07, 2018
Нахустин шиновари ресторан - аквариумӣ ба унвони бузургтарин шиновари аквариумии ҷаҳон, бо тахассуси муҳандисони эронӣ тарроҳӣ, сохта ва ба об андохта шуд.
-
Mar 07, 2018
Суманак ғизои ширине аст, ки аз ҷавонаи гандум ва орд таёр мешавад. Суманакро маъмулан каме пеш аз Наврӯз дуруст мекунанд ва яке аз аҷзои суфраи ҳафтсини эрониҳо, тоҷикон, афғонҳо ва бархе кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба шумор меояд.
-
Mar 06, 2018
Коршиносон бисёри иттиҳомзании Ғарбро ба Сурия дар бораи истифодаи нерӯҳои давлатӣ аз таслиҳоти кимиёӣ талоше барои гумроҳ кардани афкори умум ва ҷилавгирӣ аз шикасти комили террористҳо дар Сурия арзёбӣ мекунанд.
-
Mar 06, 2018
Вазорати дифои Русия дар хабари фаврие аз суқути як ҳавопаймои ин кишвар дар Алҳмеймими Сурия ва кушта шудани ҳама сарнишинони он хабар дод.
-
Mar 06, 2018
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ёддоште муҳиммтарин ҷозибаҳои гардишгарии кишварашро муаррифӣ ва аз ҳама ҷаҳонгардон барои сафар ба Тоҷикистон даъват кард.
-
Mar 06, 2018
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ба муносибати Рӯзи дарахткорӣ ва ҳафтаи манобеи табиӣ ду ниҳол мева шинонданд ва аз масъулон хостанд, ҷилави қатъ кардани дарахтони шаҳрҳоро бигиранд.
-
Mar 06, 2018
Дар арафаи сафари президенти Узбакистон, раисиҷумҳури Тоҷикистон амр дод, то боғи “50-солагии ҷавонон” дар кӯчаи Беҳзоди Душанбе ба номи Алишер Навоӣ гузошта шуда, дар ин боғ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Узбакистон пайкараҳои Абдураҳмон Ҷомӣ ва Алишер Навоиро бисозанд.
-
Mar 06, 2018
Талошҳои Трамп барои беэътибор сохтани БарҶом ва ҳатто хуруҷ аз он якбори дигар дар садри масоили муртабит бо БарҶом қарор гирифтааст.
-
Mar 06, 2018
Раисҷумҳури Қирғизистон дар дидор бо фармондеҳи нерӯи марзбонӣ ва масъули ҳукумат дар умури аломатгузории марзҳои ин кишвар дастур дод, раванди мушаххассозии марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистон суръат гирад.