Ҷустуҷу
-
Jan 10, 2018
Имкони тамос бо канали иртиботии “NGN” дар Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш ба дастури раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба баҳонаи таъмини амнияти миллии ин ҷумҳурӣ қатъ шуда буд, баъд аз зӯҳри рӯзи 9-уми январи соли ҷорӣ дубора фароҳам шуд.
-
Jan 09, 2018
Рӯзи душанбе, ҳаштуми январ дувумин Конфронси амнияти ғарби Осиё дар Теҳрон бо ҳузури сиёсатмадорону коршиносон аз 49 кишвари ҷаҳон баргузор шуд. Баргузории ин конфронс дар шароити кунунии минтақа аз чандин ҷиҳат дорои аҳамият аст.
-
Jan 09, 2018
Сиёсатмадори саҳюнист муқовимати Аҳд Алтамимӣ, ҷавондухтари фаластинӣ ва муштҳои гиреҳкардаи ӯ муқобили низомиёни режими саҳюнистиро «шикасти тамомайёр барои Исроил» донист.
-
Jan 09, 2018
Бо дастури раисҷумҳури Узбакистон пахши азон аз тариқи баландгӯ дар масҷиди марказии шаҳри Тошканд мавсум ба "Ҳазрати имом" аз сар гирифта шуд.
-
Jan 09, 2018
Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар остонаи эъломи назари ниҳоии худ дар хусуси БарҶом аст. Тасмиме, ки паёмадҳои муҳиме барои ин кишвар ва дигар бозигарони байналмилалӣ ба ҳамроҳ хоҳад дошт.
-
Jan 09, 2018
Муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон дар Конфронси амниятии Теҳрон барои таъмини амнияти минтақаӣ, ташкили эътилофҳои иқтисодиро пешниҳод кард.
-
Jan 09, 2018
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ирсоли 16 ҳазору 823 парвандаи нақзи Қонуни масъулияти волидайн дар тарбияти фарзандон дар соли 2017 ба додгоҳҳои кишвар хабар додааст, ки дар муқоиса бо соли 2016 2 ҳазор маврид бештар мебошад.
-
Jan 09, 2018
Соли 2018 тақрибан ҳамаи минтақаҳои Русия нархи иҷозатномаи кор барои муҳоҷирони хориҷиро боз боло бурдаанд.
-
Jan 08, 2018
Рӯзи 8 январ намози ҷанозаи Эшони Абдуқудус, писари Эшони Абдураҳмонҷон дар деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд.
-
Jan 08, 2018
Дар ҳазор километрии ҷануби Пекин дар ҳумаи шаҳри Янчжоу, рустое вуҷуд дорад, ки беш аз 600 сол аст, рангу буи порсӣ дорад ва ба номи “Бусӣ ҷавон” ё деҳкадаи порсӣ маъруф аст.
-
Jan 08, 2018
Хабаргузории Франс 24 гузорише аз эътирозҳо ва нооромиҳои ахири Эрон таҳия кардааст. Ин хабаргузорӣ таъкид мекунад, бархе тасвирҳо ва видеоҳое, ки аз ин нооромиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд, ҷаълӣ аст ва рабте ба Эрон надорад.
-
Jan 08, 2018
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Алоқамандии мардуми Эрон барои мушорикат дар таъини сарнавишташон ҳамвора нобихирадиҳои давлати Амрикоро дар нутфа хафа кардааст.
-
Jan 08, 2018
Теҳрон, пойтахти Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз – душанбе, 8-уми январи соли 2018 мизбони дувумин конфронси амниятии ғарби Осиёст. Ин конфронс бо ҳузури мақомҳои сиёсӣ, амниятӣ ва пажӯҳишгароне аз 49 кишвари ҷаҳон оғоз ба кор кард.
-
Jan 08, 2018
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳаракатҳои ҷудоиталбона дар Ховари Миёнаро, хатаре барои минтақа ва ҷаҳон донист.
-
Jan 08, 2018
Манобеи хабарӣ дар Тоҷикистон эълом кардаанд, ки дастрасии дубора ба мессенҷери иртиботии “Viber” дар ин кишвар ба дастури Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон, имконпазир шудааст.
-
Jan 07, 2018
Кумитаи рушди саёҳии Тоҷикистон барномаҳои вижаи соли 2018-ро дар иртибот бо рушди гардишгарӣ дар кишвар оғоз кардааст.
-
Jan 07, 2018
Додситони вилояти Суғд аз ташкили парвандаи ҷиноӣ алайҳи 15 пизишк дар бимористонҳои ин минтақа, ба иттиҳоми анҷоми амали сезориан (буриши қайсарӣ) бидуни мурооти муқаррароти беҳдоштӣ хабар дод.