Ҷустуҷу
-
Jun 27, 2018
Имрӯз, чаҳоршанбе, 27-уми июн, бистуякумин солгарди имзои Созишномаи сулҳ миёни давлат ва мухолифони пешини Тоҷикистон аст.
-
Jun 27, 2018
Теъдоде аз созмонҳои ғайридавлатӣ аз Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дархост кардаанд, дастури Вазорати маориф ва илми ин кишварро барои сафарҳои хориҷии бидуни муҷаввиз, бекор кунад.
-
Jun 26, 2018
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон соате пеш вориди шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд шуд.
-
Jun 24, 2018
Муовини минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки Ҷаҳонӣ пас аз ширкат дар конфронси байналмилалии "Об барои рушди пойдор 2018-2028" дар шаҳри Душанбе, мудирияти нодурустро яке аз авомили эҷоди мушкили таъмини оби солими беҳдоштӣ барои мардуми Тоҷикистон унвон кард.
-
Jun 24, 2018
Тоҷикистон бо афзоиши содироти сементи худ ба Узбакистон, муваффақ шуд тарози муомилоти тиҷориаш бо ин кишвари ҳамсояро ба нафъи худ тағйир диҳад.
-
Jun 23, 2018
Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Афғонистон дар дидоре дар шаҳри Душанбе, масоили марбут ба густариш ва тақвияти ҳамкорӣ байни ниҳодҳои интизомии ду кишварро, баррасӣ карданд.
-
Jun 23, 2018
Мубодилоти бозаргонии Ӯзбакистон ва Тоҷикистон дар панҷ моҳи гузаштаи соли 2018-и мелодӣ то 94 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
-
Jun 23, 2018
Оятуллоҳ Гиляев яке аз аъзои пешини "Гуруҳи 24" ба Тоҷикистон баргаштааст.
-
Jun 23, 2018
Раиси Кумитаи умури иқтисодӣ ва молии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо дастури Додгоҳи Қонуни Асосӣ барои ислоҳи Қонуни бекор кардани муҷаввизи марказҳои молӣ ва мутобиқ сохтани он бо Қонуни хадамоти шаҳрвандӣ мухолифат кардааст.
-
Jun 21, 2018
Вазири неруи Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳошияи Конфронси байналмиллалии "Об барои рушди устувор 2018-2028" дар шаҳри Душанбе бо вазири хориҷаи Тоҷикистон дидор ва дар бораи охирин вазъияти равобити дуҷониба ва роҳҳои тавсеаи он ба вижа дар бахши энержӣ табодули назар карданд.
-
Jun 20, 2018
Конфронси байналмилалии “Об барои рушди пойдор 2018-2028" бо ибрози нигаронии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони мизбони ин конфронс, аз мушкили камбуди об оғоз шуд.
-
Jun 20, 2018
То нимаи моҳи июли соли ҷорӣ заминаи ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар панҷ масири ҷадид фароҳам хоҳад шуд.
-
Jun 20, 2018
Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз афзоиши воридоти гандум ва коҳиши воридоти орд ба ин кишвар дар панҷ моҳи нахусти имсол хабар дод.
-
Jun 19, 2018
Сафири режими саҳюнистӣ дар Тоҷикистон Шапира Эдуард ба Парлумони Тоҷикистон ташриф оварда, бо вакилони Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабов ва Миралӣ Достизода мулоқот анҷом дод.
-
Jun 19, 2018
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Чжэнмин дидор намуд.
-
Jun 19, 2018
Раисҷумҳури Покистон барои анҷоми сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд.
-
Jun 19, 2018
Ожонси давлатии омори Тоҷикистон ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии ин кишварро тайи панҷ моҳи соли ҷорӣ як миллиарду 700 миллион доллар эълом кард, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 22 дарсад рушд доштааст.
-
Jun 18, 2018
Театри давлатии мусиқии Узбакистон ба номи Муқимӣ, аз 29 июн то 2-уми июл дар Тоҷикистон ҳузур хоҳад дошт.
-
Jun 17, 2018
Дар Тоҷикистон муҷозот барои ришваситонӣ сангинтар шудааст.