Ҷустуҷу
-
Oct 15, 2017
Шӯришиён масеҳии вобаста ба шибҳинизомиёни Анти-Балака, 25 мусулмонро дар дохили масҷиде дар шаҳраки Кимби воқеъ дар ҷануби ҷумҳурии Африқои Марказӣ ба қатл расонданд.
-
Oct 14, 2017
Аҷсоди ду бародари тоҷик, ки шаш моҳ қабл дар як амалиёти хадамоти федералии амнияти Русия кушта шуданд, ба Тоҷикистон бозгашт. Сукути мақомҳои масъули Русия дар қиболи кушта шудани ин ду шаҳрванди Тоҷикистон, ибҳомҳоро дар бораи далели ин ҳодиса афзоиш додааст.
-
Oct 14, 2017
Дар ҳамлаи ҳавоии ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико дар шимоли Афғонистон, давоздаҳ тан кушта шуданд.
-
Oct 12, 2017
Як расонаи русӣ ба нақл аз намояндаи Парлумони Русия муддаӣ шуд, Кореяи Шимолӣ дар ҳоли сохти як мушаки баллистики ҷадид бо бурди боло аст.
-
Oct 11, 2017
Вазири умури хориҷаи Бангладеш дар бораи вазъияти бади мусулмонони Роҳингия дар Мянмар ҳушдор дод.
-
Oct 09, 2017
Теъдоди ҳамалоти нафратафканона ба масоҷид дар Британия, дар шаш моҳи соли 2017, ба 110 маврид расидааст.
-
Oct 09, 2017
Як нашрияи чинӣ муддаӣ шудааст, ки сармоягузорони ин кишвар дар Тоҷикистон бо мушкилоти зиёде, аз ҷумла қалобӣ ва нотавонӣ дар бозпасгирии манобеи молӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи хеш рӯбарӯ ҳастанд.
-
Oct 07, 2017
Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, ки ба ҳар баҳона ва равише, фурсатсозӣ мекунад, то тавофуқи ҳастаии Эронро тахриб кунад, бори дигар муддаӣ шуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба рӯҳи БАРҶОМ амал накардааст.
-
Oct 04, 2017
Интишори тасовири сафири Британия дар Алҷазоир бо либоси номуносиб ҳангоми боздид аз як масҷид ва маркази омӯзиши Қуръон, муҷиби эътирози корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин кишвар шуд.
-
Oct 02, 2017
Як гурӯҳи шибҳи низомӣ дар Миср эълом кард, ки масъулияти инфиҷор дар сафорати Миёнмор дар Қоҳираро бар ӯҳда гирифт.
-
Sep 30, 2017
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, идома ёфтани вазъияти буҳронӣ ва асафноки мусулмонони руҳингиёии Миёнмор ва бетаваҷҷӯҳии давлати ин кишвар ба ҳушдорҳо метавонад, яке аз бадтарин буҳронҳои инсонии асри ҳозирро рақам бизанад.
-
Sep 29, 2017
Oxfam (бунёди байналмилалии имдодрасонӣ барои решакан кардани фақр, гуруснагӣ ва беадолатӣ) шуюи бемории вабо дар Яманро бадтарини навъи он дар торих унвон кард.
-
Sep 27, 2017
Даст доштани Амрико дар кушта шудани як генерали рус дар атрофи Дерулзӯр дар шарқи Сурия, хашми масъулони сиёсӣ ва низомии Русияро барангехт ва Маскав, Вашингтонро ба ҳимояти ошкор аз ДИИШ ва дуруғин будани иддаои муқобила бо терроризм муттаҳам кард.
-
Sep 27, 2017
Шабакаи телевизионии “Русия ал-Явм” даргузорше аз ҳузури як духтари 16- солаи тоҷикистонӣ дар урдугоҳи нигаҳдорӣ аз бозмондагони гурӯҳи ДИИШ дар Ироқ хабар дод, ки сарпарастии панҷ кӯдаки дигарро бар ӯҳда дорад.
-
Sep 24, 2017
Вазири умури хориҷаи Русия эълом кард, кишвараш дар бораи тавқифи амволи дипломатии Русия дар Амрико, шикоят хоҳад кард.
-
Sep 21, 2017
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар суханронии хеш дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, сафирони ривоҷи фарҳанги Эрон шоирон, орифон ва ҳакимоне чун Мавлоно, Ҳофиз ва Саъдӣ ҳастанд.
-
Sep 19, 2017
Эрон ба ҳар он чӣ, ки дар тавофуқномаи назорату ҳифз, протколи иловагӣ ва БАРҶОМ омадааст, мутаҳҳид аст ва беш аз ин уҳдадориеро барои худ лозим намедонад.
-
Sep 18, 2017
Дар идомаи мавҷи таҳдидоти амниятии рӯзҳои гузашта, афроди ношинос тайи тамос бо полиси Маскав аз бомбагузорӣ дар 9 дафтар ва сохтмони идории ин шаҳр хабар доданд.
-
Sep 16, 2017
Дар пайи ҷиноёти артиш ва буддоиҳои ифротии Миёнмор зидди мусулмонони руҳингиёӣ ва фирори онон ба самти Бангладеш, ҳайати эъзомии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар урдугоҳи мусулмонон дар манотиқи марзии Бангладеш ва Миёнмор ҳузур ёфт.
-
Sep 14, 2017
Дар ду ҳамлаи террористӣ дар устони Зиқор дар ҷанубу шарқи Ироқ, дастикам 137 тан кушта ва захмӣ шуданд.