Ҷустуҷу
-
Sep 14, 2017
Мушовири фармондеҳи кулли Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Эрон дар ҳамаи шохаҳои фаъолияти моҳвораӣ дар ҷамъи чаҳор кишвари бартари ҷаҳон аст .
-
Sep 13, 2017
Аҳё Давлатов- атташеи иқтисодии сафорати Точикистон дарТеҳрон, дар мусобиқоти тенниси рӯйи мизи коркунони сафоратхонаҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Теҳрон қаҳрамон шуд.
-
Sep 11, 2017
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бозгашт аз нишасти Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Қазоқистон, мулоқот бо ҳамтои узбакистонии худро дорои аҳамият донист ва аз густариши равобити иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар хабар дод.
-
Sep 10, 2017
Сарони кишварҳои исломӣ дар баёнияе бар зарурати поён бахшидан ба хушунатҳо, ирсоли кумакҳои инсондӯстона ва ҳамчунин расидагӣ ба вазъи оворагони мусулмони миёнморӣ, таъкид карданд.
-
Sep 08, 2017
Сеюмин нишасти “Баррасии вазъияти мудирияти ҳамлу нақли ҳавоӣ ва обии минтақаи Ховари Миёна” бо тақдир аз нақши Эрон дар ҳалли мушкилоти ҳамлу нақли ҳавоии ношӣ аз буҳронҳои минтақаӣ баргузор шуд.
-
Sep 08, 2017
Намозгузорон дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои Эрон пас аз иқомаи намози ҷумъа бо ширкат дар роҳпаймоӣ зимни маҳкум кардани ҷиноёту куштори мусалмонон дар Миёнмор ҳимояти худро аз онҳо эълом карданд.
-
Sep 06, 2017
Баргузории нахустин намоишгоҳи маҳсулоти санъатии Тоҷикистон як моҳ ба таъхир афтод.
-
Sep 06, 2017
Дар остонаи 9-уми сентябр- Солгарди истиқлоли Тоҷикистон, Муҳаммадҳасани Санъатӣ, ройзани фарҳангии собиқи Эрон дар ин кишвар, дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо радио тоҷикии “Садои Хуросон” бо ишора ба муносиботи феълии ду кишвар дар бораи ояндаи равобити Теҳрон – Душанбе ибрози хушбинӣ кард.
-
Sep 03, 2017
Бадунболи хориҷ шудани модаи заҳрноки “аммиак” аз мошини интиқоли маводи як корхона дар шаҳри Садирут, дар ҷануби Фаластини ишғолӣ, режими саҳюнистӣ дар минтақа ҳолати омодабош эълом кард.
-
Sep 03, 2017
Дабири Ситоди силлулҳои бунёдии муовинати илмӣ ва фанноварии раисиҷумҳури Эрон, гуфт, Эрон бо тавлиди 31 дарсад аз тамоми мақолоти силлулҳои бунёдӣ дар Ховари Миёна, рутбаи аввалро дар ин минтақа ба худ ихтисос додааст.
-
Sep 01, 2017
Раисҷумҳури Сурия намози Иди Қурбонро дар минтақаи ал-Қаламуни Ғарбӣ иқома кард.
-
Aug 30, 2017
Тими футболи духтарони зери 15 соли Ӯзбакистон бо пирӯзӣ баробари тими Эрон, ба унвони қаҳрамони мусобиқоти “CAFA-U 15” дар Тоҷикистон даст ёфт.
-
Aug 30, 2017
Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, хостори лағви фармони Вазорати маориф ва илми ин кишвар дар мавриди оғози соли таҳсилии ҷадид дар марокизи омӯзишии ин ҷумҳурӣ, дар аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳамзамон бо Иди Қурбон шуд.
-
Aug 29, 2017
Марги дилхароши 10 мусофир бар асари суқути як мошини “Старекс” ба рӯди Шоҳдара, дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон мавҷи густурдаи ҳамдардиҳоро дар фазои маҷозӣ эҷод кардааст.
-
Aug 28, 2017
Раиси бахши Бадахшонии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз мардуми ин кишвар даъват кард, рӯзи аввали сентябр, рӯзи умуми миллии нофармонии маданӣ эълом шавад.
-
Aug 27, 2017
Созмони Милали Муттаҳид шароити 10 ҳазор кӯдакро, ки дар шаҳри Раққаи Сурия дар муҳосираи ДИИШ гирифтор шудаанд, вахим эълом кард.
-
Aug 27, 2017
Коршиноси мустақили равобити Русия ва Тоҷикистон дар мавриди ҳалли мушкили дарёфти нафақаи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия, ибрози тардид кардааст.
-
Aug 26, 2017
Ҳодисаи гаравгонгирӣ дар қисми нерӯи марзбонии Тоҷикистон, мустақар дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон, бо кушта шудани омили ин иқдом ва захмӣ шудани гаравгон ба поён расид.
-
Aug 26, 2017
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи наздикони духтари 8 -солаи тоҷике ба номи Марям аст, ки дар яке аз парваришгоҳҳои Бағдод аз сӯйи гузоришгарони шабакаи телевизионии “Раша Тудей” шиносоӣ шудааст.
-
Aug 25, 2017
Бар асари инфиҷори террористии зуҳри имрӯз дар масҷиде дар минтақаи Хайрхонаи шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон 4 тан шаҳид шуд.