Ҷустуҷу
-
Dec 01, 2020
Чак Фрилик муовини собиқи мушовири амнияти миллии режими саҳюнистӣ дар мусоҳибае бо таҳлили иқдоми Исроил дар террори донишманди ҳастаии Эрон Муҳсин Фахризода онро аз ҳар ҷиҳат ғайриҳушмандона тавсиф мекунад.
-
Dec 01, 2020
Вазири хориҷаи Эрон дар шабакаи иҷтимоии Инстаграмм, сафарҳои саросемаи вазири хориҷаи Амрико Майк Помпео ба минтақаи ғарби Осиё, мулоқоти сеҷониба дар Арабистон ва баёнияҳои нахуствазири режими саҳюнистӣ Бенямин Натаняҳуро нишонгари талош барои эҷоди таниш ва нобуд кардани фазои эҷодшуда барои лағви таҳримҳои золимона алайҳи Эрон баршумурд.
-
Dec 01, 2020
Як саркардаи ҷинояткори ДИИШ, ки дар асорати нерӯҳои Сурия аст мегӯяд: Эъдомҳои ДИИШ ва куштани инсонҳо барои ӯ саргармӣ ба шумор меравад.
-
Nov 30, 2020
Террористҳои кӯрдил асри ҷумъаи гузашта дар амалиёти мусаллаҳона донишманди ҳастаӣ ва дифоии Эрон Муҳсини Фахризодаро ба шаҳодат расонданд.
-
Nov 30, 2020
Мудирияти хабаргузории мустақили Азия плюс, ки сомонаи он аз ду сол пеш дар Тоҷикистон масдуд шудааст, аз кӯчонидани иҷбории дафтари худ дар Душанбе хабар дод.
-
Nov 28, 2020
Муҳсини Фахризода танҳо донишманди ҳастаии эронӣ аст, ки Бенямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ номи ӯро ба таври мустақим дар барномаи таблиғотии 2 соли пеши худ ба забон оварда ва муддаӣ шуда буд, Фахризода рӯи барномаи таслиҳоти атомӣ кор кардааст.
-
Nov 27, 2020
Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйри Тоҷикистон эълом кард, ки аз рӯзи 29 ноябри соли ҷорӣ парвозҳо дар масири Душанбе ба Хуҷандро азсар мегирад.
-
Nov 26, 2020
Сафирони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркия дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар хусуси охирин вазъияти Қарабоғ ройзанӣ карданд.
-
Nov 26, 2020
Кумитаи байналмилалии олимпик, медали тиллоии олимпик 2012 Лондонро ба вазнабардорони пешини Эрон дод.
-
Nov 26, 2020
Муовини вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ Эрон гуфт, Амрико ҳатто дар давраи корона низ монеи вурӯди дору ва ваксина ба Эрон мешавад.
-
Nov 26, 2020
Алберто Фернандес, раисиҷумҳури Аргентина дар паёме ба муносибати даргузашти Марадона 3 рӯз азо(мотам)-и умумӣ дар кишвараш эълом кард.
-
Nov 25, 2020
Вазорати молияи Тоҷикистон аз камбуди 320 миллиондолларии буҷети вазоратхонаҳову идороти давлатии ин кишвар дар 9 моҳи нахусти имсол хабар дод.
-
Nov 24, 2020
Фармондеҳи ҳавзаи низомии марказии Русия ва вазири дифои Тоҷикистон дар Душанбе ҳамкорҳои низомии дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
-
Nov 24, 2020
Бастагони муовини раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократии Тоҷикистон - Муҳаммадмурод Одинаев, ки се рӯз пеш нопадид шудааст, гуфтаанд, ки полис онҳоро бозҷӯӣ кардааст, мавзӯе, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон онро рад мекунад.
-
Nov 24, 2020
Коршиноси масоили энергетикии Тоҷикистон барои хуруҷ аз бӯҳрони камбуди барқ, ки боиси танзими он шудааст, пешниҳод дод замони фаъолияти марказҳои саноатии ин кишвар тағир кунад.
-
Nov 24, 2020
Дар ҳоле, ки теъдоди короноиҳо дар Ню-Йорк рӯ ба афзоиш аст, маросими арӯсии набераи Хохоми бузурги яҳудиёни Ню-Йорк бо ҳузури 7 ҳазор нафар бидуни ниқоб ва фосилагузории иҷтимоӣ баргузор шуд.
-
Nov 24, 2020
Вазири хориҷаи Арабистони Саудӣ, дидори валиаҳди Арабистон бо сарвазири режими саҳюнистиро рад кард.
-
Nov 23, 2020
Мудири гурӯҳи таҳқиқоти вирусшиносии институти Постури Эрон гуфт, Эрон бо такя бар донишу таҷрибаи тӯлонии худ дар сохти ваксина, дар тавлиди ваксинаи Ковид -19 ба дастовардҳои хубе расидааст ва ба эҳтимоли қавӣ ваксинаи эронии корона то тобистони соли оянда вориди бозор мешавад.
-
Nov 23, 2020
Густариши вируси корона даҳҳо бонки русиро дар остонаи варшикастагӣ қарор додааст.
-
Nov 23, 2020
Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) аз тақсими ду миллиард дозаи ваксинаи корона ба кишварҳои фақир ва дар ҳоли тавсеа хабар дод.