Ҷустуҷу
-
Mar 07, 2018
Суманак ғизои ширине аст, ки аз ҷавонаи гандум ва орд таёр мешавад. Суманакро маъмулан каме пеш аз Наврӯз дуруст мекунанд ва яке аз аҷзои суфраи ҳафтсини эрониҳо, тоҷикон, афғонҳо ва бархе кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба шумор меояд.
-
Mar 06, 2018
Дар арафаи сафари президенти Узбакистон, раисиҷумҳури Тоҷикистон амр дод, то боғи “50-солагии ҷавонон” дар кӯчаи Беҳзоди Душанбе ба номи Алишер Навоӣ гузошта шуда, дар ин боғ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Узбакистон пайкараҳои Абдураҳмон Ҷомӣ ва Алишер Навоиро бисозанд.
-
Mar 06, 2018
Вазорати маорифу улуми Русия дар соли хониши оянда ҳам омӯзгоронро барои тадрис дар мактабҳои русии Тоҷикистон хоҳад фиристод.
-
Mar 06, 2018
Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кардааст, ки қарзи ҳукумат баробар бо 51.4 дарсад аз тавлиди нохолиси миллӣ аст.
-
Mar 06, 2018
Раисҷумҳури Қирғизистон дар дидор бо фармондеҳи нерӯи марзбонӣ ва масъули ҳукумат дар умури аломатгузории марзҳои ин кишвар дастур дод, раванди мушаххассозии марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистон суръат гирад.
-
Mar 05, 2018
Ахиран расонаҳои Тоҷикистон ахбори марбут ба сохти як корхонаи алюминии муштараки Тоҷикистон ва Чинро мунташир карданд.
-
Mar 05, 2018
Ширкати малайзиягии “HOS International Trading”, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинӣ, проекти сохти неругоҳи барқӣ ҳароратии Шӯроб дар шимоли Тоҷикистонро ба анҷом хоҳад расонд.
-
Mar 04, 2018
Пас аз эъзоми аввалин гурӯҳ аз муаллимони забони русӣ ба Тоҷикистон дархостҳо аз сӯи муаллимони рус барои эъзом ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
-
Mar 04, 2018
Имоми масҷиди деҳаи Яшми ноҳияи Рашт дар шарқи Тоҷикистон, бо ирсоли номае ба раисҷумҳур, масъулони Додситонии кулл, Вазорати умури дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз корманди пулиси ин ноҳия, ки вайро бо тарсондан ва фишор маҷбӯр ба додани шаҳодати дурӯғин алайҳ яке аз ҳамдеҳаиёнаш кардааст, шикоят намудааст.
-
Mar 04, 2018
Дар Тоҷикистон аз таъсиси дубораи Шӯрои дифои рисолаҳои илмии докторӣ дар Фарҳангистони маориф ва Донишгоҳи миллии ин кишвар дар риштаҳои тарбияти муаллим ва равишҳои омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва русӣ хабардоданд.
-
Mar 04, 2018
Раисиҷумҳури Русия бо имзои фармоне ба теъдоде аз дархосткунандагони шаҳрвандии ин кишвар ин мақомро эъто кард, ки дар байни онон 5 шаҳрванди Тоҷикистон низ мушоҳида мешаванд.
-
Mar 04, 2018
Асри рӯзи дуюми март дар вилояти Маскав байни тоҷикон ва чеченҳо тирпаронӣ рух дод.
-
Mar 03, 2018
Дар нишасте дар шаҳри Душанбе аз бархе расонаҳои Тоҷикистон, ба далели кайфияти поини мӯҳтавои расонаҳои ин кишвар интиқод шуд.
-
Mar 03, 2018
Тоҷикистон ва Покистон ҷиҳати муборизаи муштарак бо терроризм эъломи омодагӣ карданд.
-
Mar 03, 2018
Бо гузашти танҳо ду рӯз аз бозкушоии дубораи гузаргоҳи марзии Саразми Тоҷикистон бо вилояти Самарқанди Ӯзбакистон, мушкили тозае барои рафтуомади сокинони ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистон эҷод шудааст.
-
Mar 03, 2018
Сухангӯи ширкати алюминиюми Тоҷикистон эълом кард, музокироти мақомоти ин кишвар ва Чин барои сохти корхонаи алюминиюми ҷадид вориди марҳалаи ниҳоӣ шудааст.
-
Mar 03, 2018
Манобеи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз омода шудани тавофуқномаи ниҳоии аломатгузории марзи муштараки ин кишвар бо Ӯзбакистон хабар доданд.
-
Mar 03, 2018
Муовини раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон дар Маскав беҳбуди авзои ҳуқуқӣ ва маишатии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русияро хостор шудааст.