Ҷустуҷу
-
Jul 07, 2018
Як рӯзномаи арабӣ аз иқдоми нерӯи ҳавоии Арабистон дар бомбаборони манотиқи мухталифи Яман бо истифода аз силоҳҳои исроилӣ хабар дод.
-
Jul 07, 2018
Ноиб раиси конуни мушовирони эътиборӣ ва сармоягузории бонки Эрон аз узвияти ин ниҳод дар Анҷумани ҷаҳонии ожонсҳои тавсеаи сармоягузорӣ waipa хабар дод.
-
Jul 07, 2018
Ҳамкорамон Некварз дар гузорише ба ин мавзуъ пардохтааст:
-
Jul 07, 2018
Вазорати иқтисод ва дороии Фаронса хоҳони мавзеи воҳиди Аврупо дар муқобили иқдомоти иқтисодии ҳимоятгароёнаи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шуд. Париж хоҳони он аст, ки аврупоиҳо музокирот бо Вашингтонро то замони лағви тарифаҳои гумрукии Амрико оғоз накунанд.
-
Jul 07, 2018
Дар сурати пирӯзии тими миллии Русия муқобил Хорватия ва сууди ин тим ба нима ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ, Русия сиккаҳои ҷадиде бо тарҳи логотипи федератсияи футболи ин кишвар зарб хоҳад кард.
-
Jul 07, 2018
Сафорати Эрон дар Исломобод дар вокуниш ба иддаои бархе расонаҳои покистонӣ мабнӣ бар иртиботи Эрон бо Алқоида таъкид кард: Эрон гурӯҳи террористии Алқоидаро душмани сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ медонад.
-
Jul 07, 2018
Панҷумин намоишгоҳи байналмиллалии "Суғд-2018" дар шаҳри Хуҷанд барпо шудасст.
-
Jul 07, 2018
Ҳукми эъдоми ҳашт нафар аз аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ-и муртабит бо ҳамла ба Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ) дар Теҳрон, бо риояти меъёрҳои шаръӣ ва қонунӣ иҷро шуд.
-
Jul 07, 2018
Даргирӣ ва занозании гуруҳӣ миёни донишҷӯёни тоҷик ва афғон дар хобгоҳи Донишгоҳи Федералии Урал-и шаҳри Экатеринбурки Русия, ду рӯз ба тул анҷомид ва дар ниҳоят бо дахолати маъмурони амниятии донишгоҳ хотима ёфт.
-
Jul 07, 2018
Дувумин бонки бузурги Амрико дар бораи сиёсати “содироти сифр”-и нафти Эрон ҳушдор дод.
-
Jul 07, 2018
Дидори тимҳои миллии футболи Бразилия ва Белгия дар рақобатҳои марҳилаи якчаҳоруми ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии 2018-и Русия, ба бурди Белгия бо натиҷаи 2 бар 1 хотима ёфт.
-
Jul 07, 2018
Русия аз рӯзи ҷумъа ҷиҳати муқобила бо таърифаҳои Амрико бар фӯлод ва алюминиюми содиротии ин кишвар, ба бархе аз маҳсулоти амрикоӣ нархномаи нав тартиб дод.
-
Jul 07, 2018
Яке аз масъулони донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон ба иттиҳоми даст доштан дар чандин мавриди фасоди молӣ боздошт шуд.
-
Jul 07, 2018
Аксари коршиносони тоҷик муътақиданд, давлати Тоҷикистон бояд ба ҷойи танзими қимати маводи ғизоӣ дар бозорҳои ин кишвар, нархи сӯхтро танзим мекард.
-
Jul 06, 2018
Раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон, ки барои ширкат дар ҷашни бистумин солгарди таъсиси шаҳри Остона ва эъломи пойтахти Қазоқистон ба унвони маркази ҷадиди молии байналмилалӣ дар ин кишвар ба сар мебаранд, дар дидоре равобити дуҷониба ва густариши ҳамкориҳои Душанбе ва Тошкандро мавриди баррасӣ қарор доданд.
-
Jul 06, 2018
Ҳамкорамон Қурбонӣ бо гардише дар сайтҳои мухталиф ва муруре бар хабарҳо ва таҳлилҳои як ҳафтаи ахир дар бораи масоили Тоҷикистон, муҳимтарин матолибро барои шумо интихоб кардааст.
-
Jul 06, 2018
Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия эълом кард, ҳузури низомии неруҳои амрикоӣ дар Аттанфи Сурия, монеи нобудии ДИИШ мешавад.
-
Jul 06, 2018
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон панҷшанбешаб дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ангела Меркел садри аъзами Олмон таъкид кард, агар раванди кори иҷлоси вазирони кишварҳои аврупоӣ дар Вена барои тарғиби Эрон ба ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак умедворкунанда бошад, масири ҳамкориро бо Аврупо идома хоҳем дод.
-
Jul 06, 2018
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон панҷшанбешаб дар гуфтугӯи телефонӣ бо Эмануэл Макрон раиси ҷумҳурии Фаронса бо ишора ба баррасии бастаи пешниҳодии се кишвари аврупоӣ дар бораи БАРҶОМ аз сӯи Эрон, бар зарурати таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба нукоти мадди назар ва таъмини хостаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон барои идомаи раванди ҳамкориҳо дар нишасти рӯзи ҷумъаи вазирони хориҷаи Эрон ва 4+1 дар Вена, таъкид кард.
-
Jul 06, 2018
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи ҷумъа дар оғози вуруд ба Вена барои ширкат дар нишасти комиссияи муштараки вазирони хориҷаи узви БАРҶОМ, бо таъкид бар ин ки Иттиҳодияи Аврупо дар баробари ироаи бастаи иқтисодӣ ба Эрон хостаи ҷадиде надорад, гуфт: Танҳо хостаи Иттиҳодияи Аврупо аз Эрон, пойбандӣ ба БАРҶОМ аст.