Ҷустуҷу
-
Mar 02, 2020
Раисиҷумҳурии Эрон дар паёме бо таслияти даргузашти Сиёманди Раҳмон, қаҳрамони параолемпикии Эрон, ин варзишкори эрониро муҷиби ғурури як миллат дар саросари ҷаҳон ва паҳлавоне донист, ки иродаи пулодин ва имони мухлисонааш илҳомбахши наслҳои ояндаи мардуми қаҳрамонпарвари Эрон хоҳад буд.
-
Mar 02, 2020
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон якшанбе дар Твиттер бо ишора ба имзои тавофуқи сулҳ миёни гурӯҳи Толибон ва Амрико навишт, акнун пас аз 19 сол таҳқир, Иёлоти Муттаҳида пешниҳоди таслими худро дар Афғонистон додааст.
-
Mar 02, 2020
Мақомоти иёлатӣ, аз марги дуввумин мавриди мубтало ба коронавирус дар иёлати Вашингтони Амрико хабар доданд.
-
Mar 02, 2020
Камиссиони тандурӯстии Чин рӯзи душанбе аз ибтилои 202 мавриди нави ибтило ба коронавирус дар ин кишвар хабар дод.
-
Mar 02, 2020
Сиёманди Раҳмон паҳлавони номи ошнои эронӣ дишаб дар синни 31 солагӣ даргузашт.
-
Mar 02, 2020
Даҳҳо тан аз мухолифони давлати Қазоқистон рӯзи якшанбе дар тазоҳуроти эътирозомез ба марги як фаоли сиёсӣ дар зиндон дастгир шуданд.
-
Mar 02, 2020
Ожонси давлатии омори Тоҷикистон вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии ин кишвар иллати тафовути омрии муомилоти тиҷории ин кишвар бо Узбакистонро тавзеҳ дод.
-
Mar 02, 2020
Раёсати нерӯи марзбонии Қирғизистон муддаӣ шуд, ки ду марзбони тоҷик бидуни иҷозатнома дар фосилаи 30 то 40 метрӣ вориди минтақаи Сой дар ноҳияи Ботканд шудаанд.
-
Mar 01, 2020
Имрӯз, 1-уми март дар Тоҷикистон интихоботи Маҷлиси намояндагон ва шӯроҳои маҳаллӣ баргузор шуд.
-
Mar 01, 2020
Вазорати умури хориҷаи Русия бо интиқод аз боздошти коркунони хабаргузории Спутник дар Туркия, зимни таъкид бар озодии фаврии онҳо, ин иқдмро нақзи ошкори ҳуқуқи рӯзноманигорон донист.
-
Mar 01, 2020
Вазири беҳдошти Яман эълом кард: Иморот талош мекунад, шаҳрҳои Адан ва Алмахоро ба вируси корона олуда кунад.
-
Mar 01, 2020
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: То кунун 175 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон беҳбуд ёфтаанд.
-
Mar 01, 2020
Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз сафҳои саднафарии тоҷикони муқими Маскав барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллии ин кишвар хабар дод.
-
Mar 01, 2020
Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба имзои тавофуқ байни Амрико ва Толибон таъкид кард, тавофуқи сулҳи пойдор дар Афғонистон танҳо аз тариқи гуфтугӯи байни афғонҳо бо мушорикати гурӯҳҳои сиёсии ин кишвар аз ҷумла Толибон ва бо дар назар гирифтани мулоҳизаҳои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бадаст хоҳад омад.
-
Mar 01, 2020
Коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ мегӯяд, Тоҷикистон бояд ба ҷои матраҳ кардани мавзӯи муовизаи об ё сӯзишворӣ ва ҷуброни хасорати захирасозии об дар пушти садҳои ин кишвар аз сӯи ҳамсояҳо, ба дунболи ҷазби сармоя барои сохти нерӯгоҳҳои нави оби барқӣ бошад.
-
Mar 01, 2020
Беш аз 47 дарсади мардуми Тоҷикистон то соати 12 зуҳри имрӯз ба вақти Душанбе бо ҳузур дар пойи сандуқҳои овоздиҳӣ, овозҳои худро барои интихоботи парлумонӣ ва шуроҳои маҳаллии ин кишвар ба сандуқ рехтанд.
-
Mar 01, 2020
“Исломҳаросӣ дар Ғарб” Коре аст аз гуруҳи сиёсии Радиои тоҷикии Садои Хуросон. Дар ин маҷмуъа барнома қасд дорем ба масоил ва иттифоқоти муртабит бо исломҳаросӣ дар ҷаҳон ба вижа кишварҳои ғарбӣ бипардозем.
-
Mar 01, 2020
Саранҷом пас аз яксол музокироти фишурда ва бо вуҷуди нигарониҳо аз мутаваққиф нашудани ҷанг дар Афғонистон, Амрико ва Толибон тавофуқи сулҳ имзо карданд.
-
Mar 01, 2020
Толибон рӯзи шанбе ба дунболи тавофуқи сулҳ бо Амрико дар шаҳри Дуҳаи Қатар, дастури таваққуфи ҳамалот дар Афғонистонро содир кард.