Ҷустуҷу
-
Май 16, 2021
Давлати Русия феҳристи кишварҳои ғайридӯсти ин кишварро тайид кард, ки номи Амрико ва Чехия дар он қарор дорад ва дастуруламали марбут ба тайиди ин феҳрист дар пойгоҳи интернетии иттилооти ҳуқуқии Русия мунташир шудааст.
-
Май 16, 2021
Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ҳамлаи рӯзи ҷумъа ба масҷиди Кобулро бар уҳда гирифт
-
Май 16, 2021
Шӯрои равобити амрикоӣ–исломӣ ( CAIR ) ба далели мавзеи давлати Байден дар қиболи Исроил ва афзоиши хушунатҳои ин режим дар навори Ғазза маросими ҷашни иди солонаи Кохи Сафедро таҳрим кард.
-
Май 16, 2021
Барои нахустин бор дар Эрон як фил дар боғи ҳайвоноти Ирами Теҳрон мутаваллид шудааст .
-
Май 16, 2021
Як тоҷири аргентинаӣ бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Имом Ризо( ъ ) ва адои шаҳодатин ба дини мубини ислом мушарраф шуд .
-
Май 16, 2021
Раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон ба ҳамроҳи фарзандонаш аз корхонаи сохти таҷҳизоти пизишкӣ дар шаҳри Душанбе баҳрабардорӣ карданд .
-
Май 16, 2021
Беш аз 100 гурӯҳи таъсиргузори мустақар дар Амрико дар баёнияе хушунатҳои режими саҳюнистиро дар шарқи Қудс ва борикаи Ғазза маҳкум карданд .
-
Май 16, 2021
Салома Маъруф-раиси дафтари итилоърасонии давлатӣ дар борикаи Ғазза шанбешаб эълом кард : Ҷангандаҳо ва қисми тупхонаи режими саҳюнистӣ дар 24 соъати гузашта 300 бор манотиқи мухталифи борикаи Ғаззаро ҳадаф қарор додаанд .
-
Май 15, 2021
Дар семоҳаи аввали соли 2021 гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Узбакистон 104 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 23,1 миллион доллари ИМА афзоиш ёфтааст.
-
Май 15, 2021
Дар остонаи сафари раисҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистон ҳамоиши муштараки фаъолони бахши хусусии ду кишвар дар шаҳри Душанбе рӯзи 17 май мебаргузор мегардад.
-
Май 15, 2021
Мақомоти вилояти Хатлон аз вайронии комили 36 хона дар дар се деҳаи ноҳияи Вахш бар асари сел хабар додаанд.
-
Май 15, 2021
Ҷангандаҳои режими Исроил бо бомбборони бурҷи Алҷило, ки дафтари чандин расонаи байналмилалӣ аз ҷумла Ассошиэйтед Пресс ва Алҷазира дар он буд, ин сохтмонро бо хок яксон карданд.
-
Май 15, 2021
Пас аз урдуниҳо, мардуми Лубнон дар ҳимоят аз фаластиниҳо ба по хостанд.
-
Май 15, 2021
Ҳамзамон бо рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ, тарҳи ободонии масири дастрасии оромгоҳи Фирдавсӣ ба бинои таърихии Ҳорун ар-Рашид ба тӯли 700 метр ба баҳрабардорӣ расид.
-
Май 15, 2021
Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тарҳи қонуни ҷадиди ҳукумати ин кишварро барои шафофияти фаъолияти додгоҳҳо тасвиб кард.
-
Май 15, 2021
Бо вуҷӯди таъкиди мақомоти Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон бар зарурати коҳиши қимати билети ҳавопаймо дар парвозҳои чартерӣ ва муназзам миёни ин кишвару Русия, қимати билет дар ин масир ба 13 то 14 ҳазор сомонӣ расидааст.
-
Май 15, 2021
Рустои Кондори Караҷ, якӣ аз хушобу ҳавотарин рӯстоҳои устони Албурз ва яке аз зеботарин маконҳое аст, ки дар атрофи Теҳрон вуҷӯд дорад. Дар фасли баҳор дар ин рӯсто дашти пӯшида аз лола ба вуҷӯд меояд, ки ҷилвае зеборо ба пеши чашми бинандагон ба тасвир мекашад.
-
Май 15, 2021
Дар идомаи бозиҳои Лигаи футболи бартари Эрон дидори пуртарафдори тимҳои “Персеполис” ва “Истиқлол”-и Теҳрон бо ғалабаи сурхпӯшони “Персеполис” бар рақиби суннатишон баргузор шуд.
-
Май 15, 2021
Давлати Русия рӯзи ҷумъа расман Амрикоро дар феҳристи мавсум ба «кишварҳои ғайридӯст»-и ин кишвар қарор дод.
-
Май 14, 2021
Ҳамкорамон Холзода ин ҳафта низ дар барномаи гардишгарӣ дар фазои маҷозӣ, гузидае аз муҳимтарин матолиби расонаҳои Тоҷикистонро гирд овардааст.