Май 15, 2021 11:27 Asia/Dushanbe
  • Қимати билет дар масири Тоҷикистон - Русия ба 13 то 14 ҳазор сомонӣ расидааст
    Қимати билет дар масири Тоҷикистон - Русия ба 13 то 14 ҳазор сомонӣ расидааст

Бо вуҷӯди таъкиди мақомоти Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон бар зарурати коҳиши қимати билети ҳавопаймо дар парвозҳои чартерӣ ва муназзам миёни ин кишвару Русия, қимати билет дар ин масир ба 13 то 14 ҳазор сомонӣ расидааст.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, дар дафтарҳои фурӯши билети ҳавопаймо дар шаҳри Душанбе эълом кардаанд, ки то миёнаҳои моҳи июни имсол дар парвозҳои ин масир ҷои холӣ вуҷӯд надорад ва танҳо ширкати хутути ҳавоии”Урала”-и Русия метавонад дар парвозҳои чартерӣ ба қимати 13 то 14 ҳазор сомонӣ билет бифурӯшад.

Аммо барои парвозҳои чартерӣ баъд аз 15 июн имкони пешхариди билет ба қимати 8 ҳазору 850 сомонӣ то 9 ҳазору 300 сомонӣ вуҷӯд дорад.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳазорон нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик, ки дар соли 2020 ба далели густариши вирус корона натавонистанд ба Русия раванд, талош мекунанд, ки бо дарёфти вомҳои бонкӣ ва таҳияи билет ба қимати ҳангуфт барои кор худро ба Русия бирасонанд.

То пеш аз густариши вируси корона қимати билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия ва баракс байни 2 ҳазор то 3 ҳазору 500 сомонӣ буд.

Ҳамчунин мақомоти Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон як моҳ қабл эълом карда буданд, ки ба дархости онон қимати билет барои ҳар мусофир дар парвозҳои муназзам ва чартерӣ ба Русия аз 6 ҳазору 500 то 8 ҳазор сомонӣ таъйин шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп