Ҷустуҷу
-
Май 27, 2020
Муовини ҳуқуқии Вазорати умури хориҷаи Эрон аз тавофуқ бо давлати Афғонистон барои ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон ва гузари ғайриқонунӣ аз марз хабар дод.
-
Май 26, 2020
Раиси утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Афғонистон аз оддӣ шудани раванди содироти Эрон ба Афғонистон хабар дод.
-
Май 25, 2020
Сафорати Эрон дар Кобул аз барқарории оташбас ва коҳиши хушунатҳо дар айёми иди саиди Фитр дар Афғонистон истиқбол кард.
-
Май 11, 2020
Вазири умури хориҷаи Эрон ва сарпарасти Вазорати хориҷаи Афғонистон дар бораи ғарқ шудани шуморе аз муҳоҷирони афғон дар рӯдхонаи Ҳарируд ва оғози таҳқиқот дар ин робита, телефонӣ табодули назар карданд.
-
Май 06, 2020
Вазорати умури хориҷаи Афғонистон эълон кард Теҳрон ва Кобул дар мавриди ташкили Ҳайати муштараки таҳқиқ дар бораи кушта шудани муҳоҷирони афғон дар рӯдхонаи Ҳарир рӯд тавофуқ карданд.
-
Apr 22, 2020
Вазорати умури хориҷаи Эрон дар идомаи ройзаниҳои дипламатӣ бо ҳадафи кумак ба ташкили давлати фарогир дар Афғонистон даври тозае аз дидорҳо ва музокиротро дар Кобул баргузор кард.
-
Apr 12, 2020
Вазири умури хориҷаи Эрон ва сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар хусуси ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ карданд.
-
Mar 26, 2020
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани ҳамлаи террористӣ ба як макони мазҳабии сикҳо дар шаҳри Кобул пойтахти Афғонистон, ки даҳҳо кушта ва захмӣ барҷой гузошт, таъкид кард: Эрон дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар канори Афғонистон меистад.
-
Mar 01, 2020
Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба имзои тавофуқ байни Амрико ва Толибон таъкид кард, тавофуқи сулҳи пойдор дар Афғонистон танҳо аз тариқи гуфтугӯи байни афғонҳо бо мушорикати гурӯҳҳои сиёсии ин кишвар аз ҷумла Толибон ва бо дар назар гирифтани мулоҳизаҳои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бадаст хоҳад омад.
-
Feb 26, 2020
Эрон бузургтарин шарики бозаргонии Афғонистон шинохта шуд.
-
Nov 12, 2019
Намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Узбакистон дар умури Афғонистон бо намояндаи вижаи Эрон дар умури Афғонистон дидор кард.
-
Nov 09, 2019
Аввалин маҳмулаи колои транзитӣ таҳти равияи TIR аз гумруки марзии Милк ба Афғонистон ирсол шуд.
-
Oct 20, 2019
Мудири кулли Осиёи ғарбии Вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни ин, ки Теҳрон аз хурӯҷи комили нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ҳимоят мекунад, эълом кард: Хурӯҷи амрикоиҳо аз Афғонистон танҳо роҳи ҳалли эҷоди сулҳ дар ин кишвар аст.
-
Aug 29, 2019
Панҷумин ҷашнвораи байналмиллалии филми Занони Ҳирот дар Афғонистон дар ҳоли баргузорӣ аст.
-
Aug 28, 2019
Барқи содиротии Ҷумҳурии исломии Эрон ба шаҳри Ҳирот дар ғарби Афғонистон бар асари ҳамлаи "Толибон" қатъ шуд.
-
Aug 18, 2019
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани инфиҷори террористӣ дар як маросими арӯсӣ дар ғарби шаҳри Кобул, бо давлат ва миллати Афғонистон, бавижа хонаводаҳои қурбониёни ин инфиҷор ибрози ҳамдардӣ кард.
-
Jul 01, 2019
Абдулғаффур Ливол, рузи якшанбе бо ҳузури дипламатҳо ва кормандони сафорати Афғонистон дар Теҳрон, расман кори худро оғоз кард.
-
Май 23, 2019
Мақоми вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, муҳиммтарин авлавияти кории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Афғонистон, тавсеа ва афзоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории дуҷониба аст.
-
Май 23, 2019
Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул, тайи иттилоияе интишори ахбори марбут ба мамнӯияти вуруди маводи сӯхтӣ аз Эрон ба Афғонистонро такзиб кард.
-
Май 08, 2019
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамалоти террористӣ дар шаҳрҳои Лоҳури Покистон ва Кобули Афғонистонро маҳкум кард.