Ҷустуҷу
-
Oct 12, 2016
Бар асоси ислоҳияи воридшуда дар қонуни ҷиноии Тоҷикистон аз сӯи Маҷлиси намояндагони ин кишвар, аз ин пас мавзӯи мураххасии зиндониён ва ё тағйири низоми нигаҳдории онон танҳо бо мувофиқати додситон имконпазир хоҳад шуд.
-
Oct 12, 2016
Дар сурати тасвиби тағйир дар Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, аз ин ба баъд ҳар шаҳрванде, ки маҳкум ба «хиёнат ба ватан» шавад, муҷозоти ӯ ҳабси абад хоҳад буд.
-
Oct 11, 2016
Раиси дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон бо ибрози нигаронӣ аз густариши ифротгароӣ дар ин кишвар гуфт: Яке аз роҳҳои мубориза бо густариши ин падидаи шум барқарории низоми демократия аст.
-
Oct 11, 2016
Ширкати мушовираи тиллои ҷаҳон мавсум ба "World Gold Council" дар рутбабандии ахири худ Тоҷикистонро ба лиҳози доштани захоири тилло дар ҷаҳон дар мақоми шасту ҳафтум қарор дод.
-
Oct 10, 2016
Раиси Созмони саноат, маъдан ва тиҷорати Хуросони Разавӣ аз эъзоми ҳайати тиҷорӣ ва бозорёбии Эрон ба Тоҷикистон бо меҳварияти Хуросони Разавӣ хабар дод.
-
Oct 10, 2016
Раиси Маҷлиси Шӯрои федератсияи Русия барои сафари дурӯза ва дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон ба Душанбе меояд.
-
Oct 09, 2016
Муҷассамаи саворкори ҳумобарсар ҳамроҳ бо даҳҳо ашёи бостонии дигар, аз дирӯз дар маросими вижа дар мӯзеи бостоншиносии вобаста ба Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.
-
Oct 09, 2016
Мақомоти амниятӣ дар фурудгоҳи шаҳри Новосибирск дар шарқи Русия, як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки қасди сафар ба Туркия ва Сурия ва пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дошт, боздошт кардаанд.
-
Oct 08, 2016
Манобеи огоҳ дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз афзоиши ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия хабар медиҳанд.
-
Oct 08, 2016
Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон эълом кард, дар ин кишвар барномаи роҳбурдиеро ҷиҳати тағйири иқтисод ба самти саноатӣ ва рақобатпазир шудан тай солҳои 2016-2020 ба унвони ҷузъе аз тарҳи миллии пешрафти ин ҷумҳурӣ то соли 2030 амалӣ хоҳад кард.
-
Oct 06, 2016
Эрону Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷонибаро дар арсаи ҳамлу нақли коло аз тариқи роҳи оҳан густариш медиҳанд.
-
Oct 06, 2016
Тарҳи мамнӯияти сигор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки ахиран, аз сӯйи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон матраҳ шуд, бо вокунишҳои мусбате дар ҷомеаи ин кишвар рӯ ба рӯ шудааст.
-
Oct 06, 2016
Дирӯз чаҳоршанбе (5-уми октябр), Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тафоҳумномаи истирдоди зиндонёнро бо Аморот имзо кард.
-
Oct 05, 2016
Ба муносибати гиромидошти рӯзи забон дар аксари донишгоҳҳо ва марказҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон конфронсҳо ва ҳамоишҳои илмӣ дар бораи рушди забони тоҷикӣ баргузор шуд.
-
Oct 05, 2016
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёме ба муносибати бузургдошти Рӯзи забон дар ин кишвар, аз забони тоҷикӣ баунвони муҳимтарин омили истиқлоли давлатӣ ва сиёсии ин кишвар ном бурд.
-
Oct 04, 2016
Ҳукумати Тоҷикистон муқаррароти ҷадидеро барои сафарҳои хориҷии кормандони давлат дар ин кишвар иҷро мекунад.
-
Oct 04, 2016
Намояндагони Парлумони Тоҷикистон дар нахустин ҷаласаи Маҷлиси намояндагон пас аз таътилот расман ба мардум савганд ёд карданд.
-
Oct 04, 2016
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд тасмим гирифтааст, ба шарти иҷрои ислоҳоти бонкӣ дар Тоҷикистон, 100 миллион доллар ба ин кишвар қарз пардохт кунад.