Ҷустуҷу
-
Apr 18, 2018
Манобеи яманӣ аз ҳамалоти яманиҳо ба мавозеи артиши Арабистон дар Ҷизон ва Наҷрон дар ҷануби ғарби Арабистон хабар доданд.
-
Apr 18, 2018
Нишасти ҳамоҳангии падофанди ҳавоии Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Тошканд, пойтахти Узбакистон баргузор шуд.
-
Apr 18, 2018
Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ дар вилояти Красноярски Русия ба зиндони низомаш сахт маҳкум шуданд.
-
Apr 17, 2018
Ҳамлаи ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ба як хона дар минтақаи Алҳоит дар устони Алҳудайда дар ғарби Яман, фоҷеаи талхеро рақам зад.
-
Apr 17, 2018
Бо беҳбуди чашмгири равобити Узбакистону Тоҷикистон поксозии қаламрави минагузоришуда дар марзи давлатҳо нимаи моҳи май оғоз мешавад.
-
Apr 17, 2018
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон душанебшаб дар ҷамъи аъзои сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон бо таъкид бар равобити Теҳрон ва Душанбе таърихӣ аст, тасреҳ кард мардуми Тоҷикистон бародарон, ҳамзабонон ва ҳамдинони эрониён ҳастанд.
-
Apr 17, 2018
Ду сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки бо тирандозӣ ба сӯйи мошини моҳигирони ноҳияи Исфара ду нафари ононро кушта буданд, ба зиндони тӯлонимуддат маҳкум шуданд.
-
Apr 16, 2018
Гурӯҳи Толибон дар посух ба дархости раисҷумҳури Афғонистон эълом кард, афроди ин гурӯҳ дар интихоботи парлумонӣ ширкат намекунанд.
-
Apr 16, 2018
Даргирӣ миёни Толибон ва нерӯҳои амниятии афғон дар устони Фараҳи ғарби ин кишвар, дастикам чиҳил кушта бар ҷо гузошт.
-
Apr 16, 2018
Бо наздикии баргузории Мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия, маҳдудиятҳо барои коргарони тоҷик афзоиш ёфтааст.
-
Apr 16, 2018
Шаҳрдори Душанбе барои бунёди тандиси Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ озмун эълом кард.
-
Apr 16, 2018
Бонки миллии Тоҷикистон эълом кардааст, ки барои ҷалби эътимоди муштариён ба низоми бонкии ин кишвар, тайи ду соли оянда тадбирҳои таъсиргузоре хоҳад андешид.
-
Apr 16, 2018
Мақомоти Кумитаи давлатии умури дини Тоҷикистон гуфтаанд, барои ҷомеа наздик ба 9 миллион нафарии мусулмонон ин кишвар, вуҷуди 3 ҳазору 900 масҷид кофӣ аст.
-
Apr 15, 2018
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз баргузории ҷашнвораи «Сафар ба дунёи китоб» дар саросари ин кишвар хабар дод.
-
Apr 15, 2018
Раиси ҷумҳурии Русия таъкид кард, иқдоми Амрико ва муттаҳидонаш дар ҳамла ба Сурия, нақзи маншури Созмони милал ва усули ҳуқуқи байналмилал аст.
-
Apr 15, 2018
Дар пайи ҳамлаи таҷовузкоронаи мушакӣ ва ҳавоии Амрико, Бритониё ва Фаронса ба хоки Сурия Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тамоси телефонӣ бо Башор Асад, раисҷумҳури Сурия таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар канори давлату миллати Сурия аст. Рӯҳонӣ тасреҳ кард, ҳамлаи Амрико, Англия ва Фаронса ба Сурия бе ҳеҷ гуна тардиде мисдоқи айнии ҷиноят, дар таоруз бо қавонину меъёрҳои байналмилалӣ, нақзи ошкори ҳаққи ҳокимият, тамомияти арзии миллат ва давлати Сурия аст.
-
Apr 14, 2018
Аъзои гурӯҳи Толибон бо мунфаҷир кардани як пояи барқ дар вилояти Бағлон дар шимоли Афғонистон, ҷараёни барқи чанд вилоят аз ҷумла Кобул, пойтахти ин кишварро қатъ карданд.
-
Apr 14, 2018
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз омодагии Теҳрон барои кумакҳои дармонӣ ва пизишкӣ ба Сурия хабар дод.
-
Apr 13, 2018
Як ҷаҳонгарди тоҷик қасд дорад ба манзури ҳимоят аз беморони мубтало ба бемории синдроми Даун сафари даври дунёро амалӣ кунад.
-
Apr 13, 2018
Сарҳанги мустаъфӣ ва чеҳраи сиёсии ҷанҷолии Русия хостори эъзоми зодагони вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба Сурия ба манзури дифоъ аз ҳукумати Башшор Асад шуд.