Ҷустуҷу
-
Dec 24, 2016
Сафири Туркия дар Тоҷикистон гуфт, кишвараш омодаи густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахшҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ аст.
-
Dec 24, 2016
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки дар соли 2017 бахши умдаи буҷаи Ҳукумати Тоҷикистон барои иҷрои барномаҳои иҷтимоӣ сарф хоҳад шуд.
-
Dec 23, 2016
Дар посух ба тасмими Русия, мабнӣ бар мамнуияти парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарии ширкати “Сомон эйр”-и Тоҷикистон, мақомоти идораи ҳавопаймоии ин кишвар парвозҳои ширкати "Хатсайри Урал"-и Русияро ба Душанбе мамнуъ карданд.
-
Dec 23, 2016
Гурӯҳи террористии ДИИШ тасовири оташ задани ду сарбози асиршудаи артиши Туркияро мунташир кард.
-
Dec 23, 2016
Раисони ҷумҳурии Эрон ва Қирғизистон бар тавсеаи ҳамаҷонибаи муносиботи ду кишвар ва зарурати иҷрои Барномаи баландмуддати даҳсолаи ҳамкории Теҳрон - Бишкек таъкид карданд.
-
Dec 22, 2016
Фардо, сеюми дай, 23 декабр дар тақвими Эрон ба номи Рӯзи сабти аҳвол (сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ, таваллуд, вафот ва ғ.) номгузорӣ шудааст. Ба ин муносибат ҳамкорамон Қосимӣ дар нишасте бо масъулони Созмони сабти аҳволи Хуросони Разавӣ дар бораи шароити зиндагии шаҳрвандони хориҷӣ дар Эрон суҳбат кардааст.
-
Dec 22, 2016
Раисҷумҳури Русия дар ҷамъи фармондеҳони низомии ин кишвар фармони афзоиши тавони ҳастаии Русияро содир кард.
-
Dec 22, 2016
Дар сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Қазоқистон, панҷ санади ҳамкорӣ байни ду кишвар имзо шуд.
-
Dec 22, 2016
Вазири умури мазҳабӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон аз баррасии мавзӯи ифтитоҳи намозхона дар фурудгоҳҳо, поёнаҳо (терминал ва вокзал) ва марокизи тиҷории ин кишвар хабар дод.
-
Dec 22, 2016
Бинои пойгоҳи низомии ҷадиди артиши Русия дар шаҳри Қӯрғонтеппа, дар моҳи январи соли ҷадид ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.
-
Dec 21, 2016
Вазирони умури хориҷаи Эрон, Русия ва Туркия дар баёнияе муштарак дар Маскав, ҳимояти се кишварро аз ҳокимият, истиқлол ва тамомияти арзии Сурия ба унвони як давлати чанднажодӣ, чандмазҳабӣ, ғайрифирқаӣ ва демократӣ эълом карданд.
-
Dec 21, 2016
Миёни мақомоти ҳамлу нақли Тоҷикистон ва Русия бар сари парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ ихтилофи ҷадиде сар зада, ки бо таҳдиди тарафи русӣ ба қатъи парвозҳои байни Маскав ва Душанбе ҳамроҳ шудааст.
-
Dec 21, 2016
Маркази ҳуқуқи башари Баҳрайн, аз боздошти 22 шаҳрванди ин кишвар, аз ҷумла панҷ кӯдак ба дасти низомёни режими Оли Халифа хабар дод.
-
Dec 21, 2016
Вазирони хориҷаи Эрон, Русия ва Туркия дар баёнияе муштарак, ҳимояти се кишварро аз ҳокимияти истиқлол ва тамомияти арзии Сурия ба унвони як давлати чанднажодӣ, чандмазҳабӣ, ғайрифирқаӣ ва демократӣ эълом карданд.
-
Dec 21, 2016
Вазорати ҳамлу нақли Русия, Тоҷикистонро ба коршиканӣ дар иҷрои тавофуқномаи дуҷонибаи парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ муттаҳам кард.
-
Dec 20, 2016
Уламо ва андешмандони мусалмон ва масеҳӣ дар нишасте дар Порис ба баррасии нақши ислом ва масеҳият дар ҷаҳон пардохтанд.
-
Dec 19, 2016
Ширкатҳои бузурги санъатии Ҳинд барои сармоягузорӣ дар арсаи энержӣ дар Тоҷикистон эъломи омодагӣ кардаанд.
-
Dec 19, 2016
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон сиёсатҳои Англия ва режими саҳюнистиро дар минтақа шикастхӯрда донист.
-
Dec 19, 2016
Дуввумин ҳамоиши шеъри "Ситораи Аҳмад" бо ҳузури шоирони форсизабони шиаву суннӣ аз кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон ба муносибати Ҳафтаи Ваҳдат дар шаҳри Машҳад баргузор шуд.
-
Dec 19, 2016
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ваъда додааст, ки аз номзадии Ҳиндустон барои пайвастан ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва узви доимии Шӯрои амнияи СММ ҳимоят мекунад.