Ҷустуҷу
-
Oct 11, 2016
Раҳбарони аҳли суннати Покистон эълом карданд, пешопеши ҳайъатҳои азодории шиаён ҳаракат мекунанд, то аз бародарони худ дар муқобили ҳамалоти эҳтимолии террористӣ ҳифозат кунанд.
-
Oct 10, 2016
Бо таваҷҷуҳ ба эҳтимоли афзоиши амалиёти террористӣ дар айёми Тосуо ва Ошӯрои ҳусайнӣ нерӯҳои артиши Покистон вориди Парачнар ва минтақаи Ҳанго аз манотиқи қабиланишини ин кишвар дар иёлати Хайбар Пахтунхоҳ шуданд.
-
Oct 10, 2016
Бо наздик шудан ба Тосуо ва Ошурои Ҳусайнӣ шаҳрҳои мухталифи Покистон ҳолу ҳавои Ҳусайнӣ ба худ гирифтааст.
-
Oct 01, 2016
Дар паи дархости давлати Покистон, Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони милал омодагии худро барои миёнҷигарӣ байни ин кишвар ва Ҳинд эълом кард.
-
Sep 24, 2016
Дар идомаи тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ, воҳиде аз нерӯҳои заминии Русия вориди Покистон шуданд то аввалин размоиши муштараки худро ба номи "Дӯстӣ - 2016" бо нерӯҳои ин кишвар баргузор кунанд.
-
Sep 22, 2016
Ҳамзамон бо ташдиди таниш миёни Ҳинду Покистон дар мавриди Кашмир, Чин хостори хештандории ду кишвар шуд.
-
Sep 15, 2016
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, субҳи имрӯз панҷшанбе бар асари бархӯрди як қатори мусофирбарӣ ва як қатори борбарӣ, наздики шаҳри Мӯлтон дар аёлати Панҷоби Покистон дастикам чаҳор тан кушта ва ҳудуди 100 тани дигар захмӣ шуданд.
-
Sep 13, 2016
Робитаҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Покистон ба далели қарор доштани Афғонистони ноором бар сари роҳи табодули коло миёни ду кишвар бо мушкилоте мувоҷеҳ шудааст.
-
Sep 09, 2016
Раиси Ҷамъияти Уламои Покистон таъкид кард, ки хонадони Оли Сауд лаёқат ва салоҳияти идораи Ҳарамайни шарифайнро надорад ва кумитае аз кишварҳои исломӣ бояд онро ба ӯҳда бигиранд.
-
Sep 07, 2016
Покистон пешниҳоди нави Туркманистон барои сохти хати мустақими интиқоли барқ ба Покистонро напазируфта ва аз Туркманистон хостааст, дар сурати тамоюл барои содироти барқ ба Покистон, ба тарҳи КАСА-1000 (тарҳи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Покистон) ҳамроҳ шавад.
-
Sep 06, 2016
Санадҳои ифшошуда аз сӯйи Эдвард Сноуден, корманди собиқи дастгоҳҳои амниятии Амрико аз ҷосусии Вашингтон аз шабакаи мухобиротии Покистон парда бардоштааст.
-
Aug 30, 2016
Дар вокуниш ба иқдоми давлати Покистон дар бастани марзи "Спин-Булдак", раиси ҷумҳурии Афғонистон аз бозаргонони афғон хост, маҳсулоти худро аз масирҳои ҳавоӣ ба Ҳинд содир кунанд.
-
Aug 27, 2016
Дар ҳоле, ки давлати Афғонистон ҳамвора эълом кардааст, сиёсати мубтанӣ бар равобити мутавозин бо Покистон ва Ҳиндро думбол мекунад, давлати Исломобод аз Афғонистон хост дар муқобили истифодаи Ҳиндустон аз хоки ин кишвар барои зарба задан ба Покистон биистад.
-
Aug 17, 2016
Ҳинд музокира бо Покистонро дар бораи буҳрони Кашмир рад кард.
-
Aug 15, 2016
Мушовири амнияти миллии давлати Афғонистон гуфт, Покистон танҳо иддаои мубориза бо терроризмро дорад.
-
Aug 13, 2016
Чин дар назар дорад, эътилофи низомии зиддитеррористӣ бо кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ташкил диҳад.
-
Aug 08, 2016
Бар асари инфиҷори террористии субҳи имруз дар бемористоне дар маркази иёлати Балучистони Покистон, 64 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар низ захмӣ шуданд.
-
Jul 31, 2016
Омӯзиши забони форсӣ дар Покистон бо истиқболи мардуми ин кишвар мувоҷеҳ шудааст.
-
Jul 26, 2016
Даври дуввуми музокироти амниятии Эрон ва Покистон дар Теҳрон баргузор шуд.
-
Jul 25, 2016
Раисҷумҳури Афғонистон бори дигар Покистонро ба ҳимоят аз террористҳо муттаҳам карда ва гуфтааст: Покистон паноҳгоҳи амн барои террористҳо таъмин мекунад ва афроде, ки Афғонистон онҳоро террорист мешиносад, ба роҳатӣ ва бидуни ҳеч монее дар пойтахти Покистон ташкили ҷаласа медиҳанд.