Ҷустуҷу
-
Oct 02, 2019
Руасои Ҷумҳурии исломии Эрон ва Федератсияи Русия дар бораи муҳимтарин масоили дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ ва табодули назар карданд.
-
Oct 01, 2019
Раиси Кумитаи олии инқилобии Яман хурсандии Муҳаммад бин Салмон дар бораи тарҳи оташ баси ин гуруҳ дар Яманро мусбат арзёбӣ кард.
-
Oct 01, 2019
Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳури Узбакистон аз либоси бонвони мусалмони ин кишвар тамҷид кард.
-
Oct 01, 2019
Як мақоми ҳукуматии Тоҷикистон ба иттиҳоми сӯистифодаи молӣ дар Тоҷикистон боздошт шуд.
-
Sep 30, 2019
Раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон, орои бидуни дастгоҳи биометрӣ(biometric) дар интихоботи ин кишварро ботил эълом кард.
-
Sep 30, 2019
Толибон муддаии тасарруфи шаҳристонҳои Баҳорак ва Хоҷағор дар вилояти Тахори Афғонистон шуд.
-
Sep 30, 2019
Вазири умури хориҷаи Узбакистон дар нишасти Шӯрои амнияти СММ гуфт, Узбакистон аз Сурия ва Ироқ 235 нафари атбои худро боз мегардонд.
-
Sep 30, 2019
Сандуқи Шӯрои мудирони Бонки Рушди АвруОсиё имкони мушорикати молӣ дар тарҳи бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи барқӣ - обии “Бойғозӣ” - ро дар Тоҷикистон баррасӣ мекунад.
-
Sep 29, 2019
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар интиқоли террористҳо аз Ховари Миёна ба Афғонистон ва Осиёи Марказӣ мазнуни аслӣ аст, ин бор пешниҳоди бозгашти хонаводаҳои террористҳои диишӣ ба Осиёи Марказиро матраҳ кардааст.
-
Sep 29, 2019
Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар ин ки Теҳрон ҳеҷгоҳ иқтисод ва ояндаи мардуми Эронро дар гирави дидори намоишӣ бо Трамп қарор нахоҳад дод тасреҳ кард ҳамонтавр, ки раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ фармуданд агар амрикоиҳо мехоҳанд бо Эрон музокира кунанд бояд ба тааҳудоташон бозгарданд ва таҳримҳоро мутаваққиф кунанд.
-
Sep 29, 2019
Ҳафт миллиону 800 ҳазор чинӣ аз намоишгоҳи байналмиллалии боғдории ин кишвар, ки аз моҳи апрел дар Пекин дар ҳоли баргузорӣ аст боздид кардаанд ва ғурфаи Тоҷикистон аз пурбоздидтарин бахшҳои ин намоишгоҳ аст.
-
Sep 29, 2019
Намояндагони Маҷлиси қонунгузории Қирғизистон мусаввабаи таҳқиқ дар бораи авомил ва натиҷаҳои даргириҳои ахири марзӣ бо Тоҷикистонро ғайриқобили интишор эълом карданд ва бар он муҳри сиррӣ заданд.
-
Sep 28, 2019
Боксчии муҳаҷҷабаи олмонӣ қасди ширкат дар мусобиқоти олимпиро дорад.
-
Sep 28, 2019
Бонки сармоягузории Аврупо барои иҷрои барномаи модернсозии системаҳои обёрӣ ба Ӯзбакистон 100 миллион евро вом медиҳад.
-
Sep 27, 2019
Ду шаҳрванди Амрико дар ҷануби Қирғизистон ба ҷурми ҳамли маводи мухаддир боздошт шуданд.
-
Sep 27, 2019
Муовини устондори Алмаатои Қазоқистон ба ҷурми фасод боздошт шуд.
-
Sep 26, 2019
Суханронии Ҳасани Руҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти Маҷмаи умумии СММ дар расонаҳои Покистон бозтоби густардае дошт.
-
Sep 26, 2019
Ширкати ҳамли бори ҳавоӣ дар Малайзия бахши ҳалол роҳандозӣ кард.
-
Sep 26, 2019
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидор бо нухбагону соҳибназарони сиёсати хориҷии Амрико дар Ню-Йорк гуфт, фишорҳои Амрико боиси инсиҷому иттиҳоди бештар дар дохили Эрон шудааст.
-
Sep 26, 2019
Вазири хориҷаи Эрон таъкид кард, Ҷумҳурии исломии Эрон барои гуфтугӯ ва таомул бо кишварҳои минтақа ва Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси тарҳи Эрон барои таъмини амнияти халиҷи Форс комилан омода аст.